МАН ИФТИХОР МЕКУНАМ, КИ АВВАЛ ТОҶИКАМУ БАЪДАН МУСУЛМОН
Тоҷикон аз азал дорои ақлу заковат, фитрату маданият ва тамаддуни ғании оламшумул буда, бо дастовардҳои моддию маънавии худ буда, саҳму хидматҳои мондагор доштанд.
Аз ин лиҳоз, саҳму хизматҳои мондагори фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар дарозои таърих, ҳам дар низом ва умури давлатдорию идоракунӣ, рушди илму фарҳанг ва шаҳрсозию меъморӣ калон аст.
Дар баробар ин дар ҳаёти маънавии ҷомеаи инсонӣ, дину оин ва мазҳабҳои тоисломӣ ва паҳн гардидани дини ислом саҳми бориз гузошта, ҳамчун мубаллиғони дин, пуштибони расму оин, рукнҳои динию мазҳабӣ нақши муассир гузоштаанд. Дар ин радиф метавон аз Нуъмон ибни Собит маъруф бо номи Имом Абуҳанифа ҳамчун асосгузори яке аз чор равияи суннии ислом, ки имрӯз 60 дарсади мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби ӯ мебошанд ва ё Имом ал-Бухорӣ ҳамчун мусанниф, яъне тавсфгари ҳадис ва китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон ном бурд.
Дар замони асримиёнагӣ инчунин дигар фарзанди миллӣ Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ маъруф бо номи Низомулмулк ҳамчун вазири машҳури давлати Салҷуқиён буда, дар баробари ба низом даровардани умури идораи давлат, инчунин ҳомии фарҳангу дин ва олимону адибон маҳсуб меёфт. Бо ташаббуси ӯ дар чандин шаҳру вилоятҳои азими Хуросону Мовароуннаҳр мадрасаҳо бунёд гардида, беҳтарин донандагони калом, фиқҳи ислом, донишмандони илмҳои ҷомеашиносиву дақиқро ҷамъ намуд. Вале дар замони асрҳои миёна омӯзиши илмҳои гуногун, аз ҷумла фиқҳи ислому калом ва дигар илмҳои замона дар мадрасаҳо, ки чун мактаби олӣ хизмат мекард, аз ҷониби ҳам сиёсатмадорон ва ҳам диндорон маҳдуд мегардид. Минбаъд омӯзиши илмҳо дар мадрасаҳо ба ҷаҳолату разолат табдил ёфта, дар замони шуравӣ бо дахолатпазирии диндорон ба корҳои сиёсии давлатӣ нисбати аҳли уламо маҳдудиятҳо ҷорӣ мегардад.
Хушбахтона дар замони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон, ки чун низоми дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва соибихтиёриро пеш гирифт, барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯй овардан ба таърих ва таҷрибаҳои он мавриди истифода қарор гирифта, дар тамоми асарҳои худ Сарвари давлат дар роҳи минбаъда тай намудани насли ҷавону наврасро ба сӯйи худогоҳӣ, худшиносӣ, зиракии сиёсӣ таъкид менамоянд.
Аз ҷумла, баргузории мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22-юми марти соли 2024 бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бисёр муфид ва саривақтӣ буд. Дар он Сарвари давлат тамоми паҳлуҳои муҳимми таъриху фарҳанги рангини халқи тоҷикро дар роҳи ҳуввияти миллӣ ва худшиносӣ мавриди баррасӣ қарор дода, афзудаанд: “Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем.
Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, адабӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд”.
Аз ин суханони Пешвои миллат айён мегардад, ки маҳз соҳибистиқлолии мамлакат барои ҳамасамтҳо шароит фароҳам овард. Аз ин лиҳоз, барои гиромидошти таъриху фарҳанг, кору пайкори гузаштагонамон гомҳои устовор гузорем ва ватани заизамонро барои насли минбаъда чун мулки минбаъда ободу соҳибистиқлол мерос гузорем.
Дар замони муосир таҳдиду хатарҳои шадиди хатарафзо моро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар ҷиҳат зиракии сиёсиро дар даст надода, ба ҳама зуҳуроти номатлуб муқобилият нишон диҳем. Дар ин хусус зимни суханронии худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Бозёфтҳои таърихӣ, ки дар осорхонаҳои мо ва дар олам ҳастанд, аз Қалъаи Куруши Кабир, Тахти сангин, аз Саразм, либосҳои қадима, чӣ гуна сару либосҳои мардонаву занона доштанд.
Охир чаро мо бегонапарастӣ кунем?
Чаро аз фарҳанг, аз забон, аз таърих, урфу одатҳои худ ношукрӣ кунем?
Чаро?
Ана душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд.
Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангатро мегиранд, баъд давлат ва ҳамин тариқ миллат аз байн меравад, фаромӯш накунед, мардум!
Дар як баромадам гуфта будам, имрӯз низ мегӯям: Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон”.
Ҳамин тариқ, ин вохӯрию мулоқотҳои Пешвои миллат моро ба он водор менамояд, ки мо аз ҳар ҷиҳат зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бо донишҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мусаллаҳ гардида, бар зидди ҳуҳуроти номатлуби ҷаҳон дилпурона ҷавоб гуфта тавонем.
Саидқул Маҳкамов,
номзади илмҳои таърих, муовини декан оид ба
илм ва инноватсияи факултети таърих ва ҳуқуқ