Мафҳуми коррупсия ва таъсири он ба зеҳни ҷавонон

“Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз муаммову мушкилоти глобалии тамоми кишварҳо дунёи имрўз фасод ва зарурати таҳияи тадбирҳои мухталиф барои муқобилат бо ин падида маҳсуб меёбад. Ҳар касе, ки даст ба қудрат дораду захираҳои тааллуқ надоштаро ихтиёран тақсим мекунад, ба фасод дастзада маҳсуб меёбаду фасодкор ном мегирад. Баробари рушди тадбирҳои бонизоми мубориза бо фасод (коррупсия) кормандоне пайдо шуданд, ки тавонистаанд даромади худро аз ҳисоби давлат бо кўшишу меҳнати андак пур карда бошанд. Коррупсия ба ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони алоҳида зарари калон, ҷуброннопазир мерасонад ва ин нуқтаро бисёриҳо намефаҳманд ё хоҳиши фаҳмидану ислоҳ кардан надоранд.
Коррупсия дар асл аз шахси мансабдор харидани иҷозат барои чизест, ки давлат манъ кардааст. Давлат бар зидди коррупсия бо роҳи ба ҷавобгарӣ кашидани ҳам порагирандагон ва ҳам порадиҳандагон мубориза мебарад. Коррупсия инчунин аз он бармеояд, ки баъзан додани ришва назар ба додани пули зарурӣ ба мақомоти муқаррарнамудаи қонунҳои амалдкунанда осонтар аст. Пас дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ришва вуҷуд дорад ва ба касе пушида нест, ки додани пора аз додани боҷу андози давлатӣ фоиданоктар аст. Қобили тазаккур аст, ки «қоғазбозӣ» -ву расмиятчигӣ, сабабхои иҷтимоиву иқтисодӣ (маоши кам, боҷу андозҳои калони гумрукӣ, имтиёзхои гуногун дар ҳолатҳои муайян, сўистеъмол аз унвону мансабу вазифаҳои давлатӣ) барои ривоҷи коррупсия шароити мусоид фароҳам меорад. Саволе пайдо мешавад, ки пас чӣ бояд кард?. Аксарият омилҳои бартарфсозии фасодкориро чунин мешуморанд:
1. Бояд даромади шахсе, ки пора мегирад, нисбат ба даромади шахсе, пора медиҳад, баландтар бошад, яъне музди маоиши кормандони муассисаҳои давлатӣ ба эътидол оварда шавад.
2. Пардохти маблағи гумрукӣ, андозҳои даромад бояд камтар бошад, то имконияти додани ришва пайдо нашавад.
3.Соддасозии системаи ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти қонунвайронкуниҳо, яъне
камтар кардани қоғазбозӣ. (расмиятчигӣ, бюрократия)
Истилоҳи "коррупсия" барои ифодаи амалҳои сўистифода аз мансабу вазифа ва вайрон кардани қонунҳои амалкунандаи давлат истифода шуда, [2, с. 576]. С.И. Ожегов истилоҳи мазкурро ҳамчун «харидан бо воситаи порадиҳӣ, порахурии шахсони мансабдор ва чеҳраҳои сиёсӣ» шарҳ медиҳад. [3, с. 290].
В.В. Лунеев коррупсияро чунин шарҳ медиҳад «падидаи иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё криминологӣ, ки маҷмӯи кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок фаро гирифта, дар ҷаҳон чун амали ҷиноятӣ эътироф шудааст» [4, с. 101]. А.В. Кузмин ду мафҳум фасодро муайян мекунад: васеъ (кушод) ва маҳдуд:
- мафҳуми васеъро, ки дар бар гирифта, порахурӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва идоракунӣ (давлатӣ, шаҳрӣ, хусусӣ) ва суистифода, аз мансаб бо ниятҳои ғаразнок дониста мешавад;
- мафҳуми маҳдуди коррупсия ришваситонӣ дар ҳама навъҳои он ва бар замми он (бо ба дарачаи муайяни анъанавй) тарғибу ташвиқи он.
Ҳарду намуди фасод асосҳои ҳуқуқии ҷамъият ва қудрати давлатро бераҳмона нобуд мекунанд [6, с. 165].
Бо назардошти тафовут дар назарияи олимони ватаниву хориҷӣ оид ба мафҳуми коррупсия аксари муаллифон алоқамандандии сўистифода аз ҳокимияти давлативу мақоми хизматӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки шахсони алоҳида ва ё гурўҳҳои алоҳидаро бештар ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар бораи муборизаи зидди ҷинояткорӣ ва махсусан бо коррупсия, муддати тўлонист, ки бисёр навишта ва гуфта мешавад. Оид ба ҳалли ин муаммо ва инкишоф додани фаҳмиш, ҷустуҷўи роҳҳои мубориза бо ин падидаи номатлуб тадқикоти олимону сиёсатшиносони зиёде бахшида шудаанд.
Дар шароити имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шудааст. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид санаи 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.
Такмил додани конунгузорӣ ва амалияи татбики қонун дар маҳалҳо бо коррупсия мубориза бурдан ва шарти муҳими аниқ кардани баъзе падидаҳое, ки коррупсия ба миён меорад маҳсуб меёбад.
Ба фикри профессор А. Саторов: «фасодро наметавон то ба охир решакан кард, зеро вай индикатори солимии ҷамъият аст» [8, 45], яъне. коррупсия ба номукаммалии ҷомеаи муосир, инчунин як қатор дигар ҳолатҳо робитаи ногусастанӣ дорад.
Г. Мюрдал гуфта буд: «...бо сабаби қабули қонунҳои носаҳеҳ, мо қавми саркаш шудаем» [9, с. 79]. Ба ин муносибат баъзе мутахассисон
мӯътақид бар онанд, ки қонунҳои ҷорӣ ба он коррупсия иртиботе надоранд ва фасод бозгӯи доимии нокомилии табиати инсон мебошад. Коршиносони дигар сабаби асосии коррупсияро дар бюрократонии ҳаёт, афзоиши шумораи мансабдорон, пурзур намудани нақши давлат ва ғайра мебинанд. [10, с. 77].
Илова бар ин, сабаби дигари фасод он аст, ки муносибатҳои расмии давлат бо сохторҳои ғайридавлатӣ, ки дар асоси қонунҳое пешбинӣ шудаанд, кори дурусти системаи идоракунии давлатро пурра карда наметавонанд. Яке аз чунин намудҳои муносибатҳои ғайрирасмӣ фасод мебошад. Ба ин маънӣ, ақидаи профессор Д.Шеклтон ҷолибтар аст: «то даме ки давлат ҳаёти ҷомеаро дар ин ё он шакл ба танзим медарорад, маҷбур аст, ки бо як сатҳи фасодкорӣ муросо намояд. Дар он ҷое, ки ҳукумати давлатӣ нест, коррупсия низ нест..» [10, 25–37].
Мубориза бо коррупсия фаъолияти ҳамҷояи мақомоти қудратӣ,
мақомоти давлатии вилояту шаҳру навоҳӣ, органҳои маҳаллӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту шахсони алоҳида оид ба пешгирии коррупсия, таъкибу дастгир кардани ҷинояткорон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва бартараф кардани оқибати он маҳсуб меёбад. Ҷомеаи байналмиллалӣ зери мафҳуми корупсия чӣ андеша дорад? Дар ин ҷо низ равшанӣ ва дурустии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Ҳуҷҷати заминавии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия қайд мекунад: «Коррупсия - суиистеъмол кардан аз хокимияти давлатӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаву имтиёз барои манфиати шахсӣ» [10. 22]. Аз ин таъриф бармеояд, ки коррупсия додани пора барои шахси мансабдор аз мавқеи «шахси қарздор» барои соҳиб шудан ба ин ё он вазифа ва ё азхуд кардани маблағҳои давлатӣ барои манфияти шахсони алоҳида мебошад.[10, с. 22].
Ин андешаро ба таври расмӣ кормандони гурӯҳи байнисоҳавиимубориза бо коррупсияи Шӯрои Аврупо низ ҷонибдорӣ менамояд ва иброз медоранд: «- коррупсия ё ришвахўрӣ рафтори шахсони мансабдорро, ки иҷрои вазифаҳои муайянро дар секторҳои давлатӣ ё хусусӣ дар ўҳда доранду бар хилофи ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошта, бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ (барои худ ва дигарон) дар назар дорад ва хусусиятҳои зерини онро метавон фарқ кард, падидаҳои барои коррупсия хос:
- коррупсия кори оддии механикӣ набуда, маҷмӯи ҷиноятҳои якхела, падидаи мураккаби иҷтимоӣ - ҳуқуқӣ;
- коррупсия падидаи системавӣ мебошад, сухан фақат дар бораи гирифтани пора аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ намеравад;
- коррупсия ба таври мунтазам кабул кардани неъматҳои моддӣ аз
шахсони сеюм (гурӯҳҳо) барои ҳифзи манфиати шаҳсӣ;
- амалҳое, ки ба хотири мукофот иҷро мешаванд; ҳатман барои ҳифзи хизматчиёни давлатӣ аз вазифахои хизматиашон алоқаманд аст. [4, с. 32].
Коршиносону мутахассисон намудҳои зерини коррупсияро вобаста ба ташаббускоранашон ҷудо кардаанд: муносибатҳои коррупсионии сатҳи паст ё поён (маблағҳои хурд, ҳаррӯза) ва сатҳи боло ва ё олӣ (маблағҳои калон, элита).
Чаро сухан танҳо дар бораи зери назорат гирифтани фасод меравад на дар бораи решакан кардани он? Зеро, назорат осонтар аст, дуввум барои аз байн бурдану решакан кардани он тамоми башарият бояд дубора тавлид шавад, вале ин имкон надорад, бинобар ин танҳо назорат кардани фасод ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани он боқӣ мемонаду халос. Ҳамчунин бояд гуфт, ки амалҳои шаҳрвандон, ки боиси фасоди молӣ мешаванд, сабаби бад шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар мешаванд ва ҳар як шаҳрванди кишвари мо бояд бидонанд, ки барои беҳбуди вазъи кишварашон худашон масъуланд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Ваҳдати мардум, ватандӯстии ҷавонон асоси мубориза бо фасод буда, паст кардани сатҳи фасод қарзи шаҳрвандии ҳар як яки мост.
Дар хотима мехоҳем қайд намоем, ки агар мо дар қалби худ ҳисси ватандӯстиро бедор накунем мубориза бо коррупсия бефоида хоҳад буд, коррупсия амалан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мо боқӣ хоҳад монд. Ҳамагон бояд бар зидди сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда мубориза барем ва барои рафъи эҳтимолияти пайдоиши сабабҳои коррупсия чораҳои дахлдор андешем.
Саидзода Мушараф, номзади илмҳои педагогӣ, Ҳомидов Ёқубчон, дотсент, н.и.б
Адабиёт:
1.Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019)
2. Китова Д.А. Психологические аспекты отношения населения к коррупции // Вестник УРАО, 2016 (а). № 5. С. 91-97.
3. Большой энциклопедический словарь. 2-е издание, перераб. и доп. М.: Большая Российская энциклопедия; СПб., 2000.
4. Ожегов С.И. Словарь русского языка. М., 1968.
5. Лунеев В.В. Коррупция: политические, экономические, организационные и правовые проблемы (Тезисы доклада) // Государство и право. 2000. № 4.
6. Чебоксаров П.А. Проблема коррупции на уровне местного самоуправления // Актуальные проблемы антикоррупционной политики на региональном уровне: Материалы региональной научно- практической конференции. СПб., 2001.
7. Кузьмин А.В., Козловских Е.А. Проблемы преодоления коррупции в РФ // Актуальные проблемы антикоррупционной политики на региональном уровне: Материалы региональной научно-
практической конференции. СПб., 2001.
8. Волженкин Б.В. Коррупция. Сер. Современные стандарты в уголовном праве и уголовном процессе. СПб., 1998.
9.. Российская газета. 2002. 7 августа.
10. Щетинин В. Одолеем ли коррупцию? //