​Маҳфили илмӣ-адабии “Саъдинома”

Дар толори факултети филологияи тоҷик таҳти унвони “Саъдинома” маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил аъзоёни кафедра, ҳайъати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик фаъолона иштирок карданд.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯён перомуни рӯзгору осори Саъдии Шерозӣ намоишномаи хуб манзур карда, маърӯзаҳои илмӣ ироа доштанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби штироокчиён аз ғазалиёти шоир намунаҳо қироат гардид.

Дар асоси “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ саҳначаи хуби тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд,

Сурудҳо бар матни ғазалиёти Саъдӣ хеле хуб садо доданд. Намоиши асарҳои Саъдии Шерозӣ ва адабиёти илмӣ доир ба омӯзиши аҳволу ашъори Саъдӣ маҳфилро шукӯҳи хоса бахшид.

Дар ҷамъбасти маҳфил мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик Мавҷуда Ӯрунова иброз дошт, ки омӯзгори хуб метавонад дар қалби шогирдони хеш тухми меҳру муҳаббатро нисбат ба омӯзишу ҷустуҷӯ бипошад ва дар сабз шудани он ҳамвора талош меварзад.

Хотиррасон мекунем, ки ташаббуси мазкур таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муқаддас Неъматова бахшида ба ҷамъбасти курси “Таҳлили матни асари бадеӣ”, ки ба омӯзишу таҳлили “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ихтисос ёфтааст, роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ