КОРРУПСИЯ – ТАҲДИД БА РУШДИ КИШВАР
Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, пайдоиши он аззамонҳои кадим реша мегирад. Ҳанӯз аз давраҳои қадим ин зуҳурот вуҷуд дошт ва инсоният бо ин муаммои доғи ҷомеа мубориза мебурд. Бо вуҷуди ин, зуҳуроти мазкур миёни мардум ривоҷ карда, ба як муаммои умдаи ҷомеа табдил ёфт.
Имрӯз низ ин зуҳурот дар тамоми кишварҳои олам ба мушоҳида мерасад ва ҳамчун зуҳуроти номатлуб боиси нигаронии ҷомеа аст. Кишварҳои ҷаҳон бо фасоду ришва ба таври гуногун мубориза мебаранд. Дар маҷмӯъ, он ба муаммои замони муосир табдил ёфта, садди роҳи пешрафт ва нумӯи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, пешрафти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ мегардид.
«Коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio», ки бо маъноҳои «фасод», «харидан», «вайронкунӣ» ва «ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад, гирифта шудаааст.
Фасод, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, сиёсат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, обрӯю нуфузи давлат, инчунин, низоми сулҳу субот зарба зада, боиси пастравии обрӯю эътибори давлат, мақом ва манзалати он дар арсаи байналмилал мегардад. Инчунин, густариши коррупсия паст будани маърифати ҷомеаи шаҳрвандиро нишон медиҳад.
Мубориза бо коррупсия дар ҷаҳони муосир ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ва зидди он муборизаи сартосарӣ набурда бошад.
31-уми октябри соли 2003 Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия қабул карда ва бо ташаббуси созмони мазкур 9-уми декабр дар тамоми ҷаҳон рӯзи мубориза бар зидди коррупсия эълом гардид. 25-уми июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» баррасию қабул шуд, ки мувофиқи меъёрҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро қобили қабул шуморида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар тасдиқ карда шуд.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз таҳти сарварӣ ва раҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали даст ёфтан ба соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар масоили муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеа аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар омода набудан ба шароити иқтисодиёти бозаргонӣ ва дарк накардани нозукӣ ва талаботҳои он мебошад. Дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯ бо зуҳуроте чун коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт.
Дар ин ҷода ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар сатҳи татбиқи қонуқ мунтазам чораҳои муассир андешида шудааст. Таъкид бояд кард, ки муборизаи оштинопазир бо коррупсия, ки садди роҳи пешрафти давлату давлатдорӣ ва рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ мегардад, аз ҷониби роҳбарияти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд. Ин мақомоти назоратӣ имрӯз дар ҷодаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои мардум фаъолияти босамар дорад. Маҳз ба шарофати назорату санҷишҳои пайваста сатҳи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар паст гардида истодааст. Вале новобаста аз ин, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба чашм мерасанд, ки боиси нигаронӣ аст.
Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби коррупсия ҳамаи заминаҳо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шудааст.
Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми қувваю тавоноии хешро алайҳи муқовимат бо коррупсия ба таври дастаҷамъона истифода барем, то фасод дар ҷомеа решакан гардад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Оре, мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷомеа дастаҷамъӣ хоста, бетарафиву бетафовутӣ ба зарари худи ҷомеа мебошад.
Моро зарур аст, ки аз ҳуқуқу озодиҳои хеш огоҳ бошем ва маърифату саводнокиамонро нисбати оқибатҳои фасод баланд бардорем, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем ва муборизаи сарҷамъонаро зидди коррупсия пурзӯр гардонем. Зеро пайомади фасод ва фасодкорӣ пеш аз ҳама ба сатҳи иқтисодӣ ва зиндагии мардум таъсири манфӣ дошта, он боиси ақибмонии ҷомеа аз равандҳои муосир мегардад. Дар робита ба ин зуҳурот, пеш аз ҳама, ҷомеа набояд бетараф бошад, чунки ба қавли мақоли халқ бетарафӣ худ офат мебошад. Агар ҳар фарди ҷомеа нисбат ба зуҳури фасоду фасодкорӣ бетараф набошад, ин муаммо ба зуддӣ аз байн меравад, вагарна ҳамчун муаммои доғи ҷомеа ба ҳаёту зиндагии мардум таъсирҳои пайопай хоҳад гузошт.
Кишварҳои мутараққии ҷаҳон дар муқобила бо коррупсия тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида, то ҷое муваффақ низ гардидаанд. Тадбиру чораҳои андешидаи ҳукумати мамлакат низ дар ин ҷода чашмрасанд. Вале дар ин ҷода мавқеи шаҳрвандӣ муҳим мебошад. Танҳо дар сурати дар муқобили ин зуҳурот истодагариву муқовимати ҷиддӣ нишон додан метавон пирӯз ва садди роҳи он гардид.
Яке аз роҳҳои асосӣ ва муҳими муқовимат бо фасод ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Сол аз сол сатҳи тафаккур ва маърифати ҷомеа баланд гардида, умед дорем, ки дар солҳои наздик ин муаммо ҳалли худро меёбад.
Дурахшон Ҳомидҷонова,
ассистенти кафедраи тарҷума ва
грамматикаи забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»