КОРРУПСИЯ – АМАЛИ НОМАТЛУБ
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад аз он намебояд хӯрд.
Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале ба ин ҳадафҳои боло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳоизикршуда камтар несит ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Ҷомеаиҷаҳонӣ ба хатарҳои азиме рӯ ба рӯ гаштапайи аз байн бурдани он тадбирҳои фаврӣ меандешад.
Коррупсия ё ба ибораи дигар ришва, пора ба рушди босуръати давлат монеъ мегардад. Иқтисодиётро ба вартаи ҳалокат наздик намуда, обрӯ ва нуфузи мамлактро дар арсаи ҷаҳонӣ мекоҳад.
Аксар давлатҳои пешрафтаи олам низ аз афзун гардидани амалҳои коррупсионӣ изҳори нигаронӣ менамоянд. Зеро шахсони алоҳидаи бевиҷдону хиёнаткор маблағҳои калони буҷети давлатро бо роҳҳои пинҳонӣ аз худ менамоянд ё онро ғайримақсад истифода мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади решакан намудани ин падидаи номатлуб ниҳоди абарқудрате бо номи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст, ки алъон дар ин самт мубориза мебарад.
Кормандони ин ниҳод барои ошкор ва бозпасгардонии маблағҳои буҷетӣ тадбир ҳои судмандмеандешанд. Ҳар сол миллионҳо сомонӣ ба хазинаи давлат баргардонида мешавад.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсонва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Ба ибораи Сарвари давлат мубориза алайҳи коррупсия танҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки ҳар шаҳрванд метавонад дар ин самт нақши худро гузорад. Ё барои пешгирии амали коррупсионӣ ба кормандони ин ниҳод ҳамкорӣ намояд.
Пешниҳоди ришва ва гирифтани он аз ҷониби шахси дигар ҳарду ҷиноят аст. Мутаассифона, дар аксар вақт танҳо ришвагиранда мавриди пайгирӣ ва муҷозот қарор мегирад. Хуб мешуд ҳар ду ҷониб барои ин амали номатлуб ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар ин ҳолат баъзе ҳодисаҳои ташкил намудани ин амал ё туҳмат аз байн меравад. Аслан гузаштагони мо танҳо бо заҳмати бозувонва обилаи даст нон мехӯрданд. Онҳо хӯрдани нони беранҷро ба худ лоиқ намедонистанд. Бо нони ҳалол зистан шиори онҳо буд.
Ҳамин тариқ, бо мақсади аз байн бурдани коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат бо коррупсия, гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани курсҳоитаълимии зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣдар ҷомеа ба василаи роҳ мондани ҳамкории густардаи мақомоти давлатӣбо ВАО, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа василаи ҷалби мутахассисони соҳавӣ,олимони ҳуқуқшинос, равоншиносону иқтисодчиён, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, кормандони мақомоти бар зидди коррупсиямуборизабаранда, инчунин муҳаққиқони таъриху адабиёт, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилал ба василаи табъу нашри адабиёти илмию оммавӣ дар мавзуъҳои зиддикоррупсионӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Биёед, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо-устодон барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне,ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Пас мебояд, киқаноатро пеша карда баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат бандем ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро дар меҳнати ҳалол оромиши хотирва осудагист.
Барои пурра решакан намудани коррупсия ва муқовимат ба он танҳо муборизаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ басанда нест. Барои пешгирии коррупсия ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, вохӯрӣ бо шахсони кордида, шоирон, нависандагон ва олимон хелемуфид аст. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Худдорӣ аз ин амали номатлуб ба суди ҷомеаи озоду демократии мост. Бо коррупсия муборизаи беамон бурдан ва решакан намудани ин падидаи номатлуб ба манфиати худи мост!
Банда ба арзишҳои поквиҷдонӣ, адолат ва шаффофият содиқам.Ҳеҷ гоҳ ба чунин ҳодисаи номатлуб даст назанем, бо нони ҳалоли меҳнати хеш зиндагӣ намоем! Мубориза бо коррупсия на танҳо иҷро накардани амалҳои нораво аст, балки намуна будан барои дигарон ҳам мебошад. Дар ин роҳ саҳми омӯзгор ё роҳбар назаррас аст.
Зебо Юнусова,
устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»