ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Имрӯз, ки мо дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорем, ҷомеаи ҷаҳониро муаммоҳои зиёде фаро гирифтаанд, аз ҷумла терроризм, экстремизми динӣ, хариду фурӯши одамон ва дигарҳо, ки дар байни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишѓол менамояд. Коррупсия яке мавзуъҳои мубрами рӯз ва проблема дар замони муосир ба шумор меравад, зеро коррупсия дар қатори дигар падидаву омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доѓи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Коррупсия яке аз хатарҳои дигаре мебошад, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем».
Маҳфуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.
Манбаи асосии қонунгузории зиддикоррупсионӣ КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки меъёрҳои бевосита ба пешгирии коррупсия нигаронидашуда дорад.
Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии махсус ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бахшидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 (то 01.08.2021 амал кард), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» аз 21 июли соли 1999, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2004 тасдиқ карда шудааст), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007.
Санаи 7-уми августи соли 2020 таҳти рақами 1714 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул карда шуд, ки нисбат ба қонуни пешини мубориза бар зидди коррупсия (соли 2005) афзалият ва бартариҳои зиёдро доро мебошад. Номи қонун калимаи «мубориза» бо «муқовимат» иваз карда шуд, ки мафҳуми васеъ ва мувофиқ мебошад. Доираи субъектоне, ки бо коррупсия муқовимат мекунанд мушаххас гардида, субъектоне, ки дар муқовимат бо коррупсия иштирок менамоянд дар алоҳидагӣ муқаррар карда шуд. Шаклҳои муқовимат бо коррупсия дар қонуни нав бо пуррагӣ нишон дода шуд, ки барои амалӣ намудани чораҳои зиддикоррупсионӣ дастури муфид ба шумор меравад. Доираи хешовандон васеъ муқаррар карда шуда, дар қонуни мазкур онҳо ба таври зайл муқаррар карда шуданд: зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.
Инчунин Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар мебошад. Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст.
Дар айни замон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Кодекси байналмилалии рафтори ашхоси мансабдори давлатӣ (Резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ №51/59 аз 28 январи соли 1997), Стандартҳои умумии мубориза бар зидди коррупсия дар идораҳо ва мақомоти полис (Интерпол, соли 2002), Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз 21 ноябри соли 1997 дар бораи мубориза бар зидди харида гирифтани ашхоси мансабдори хориҷӣ дар муомилоти байналмилалии тиҷоратӣ, Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмилӣ аз 15 ноябри соли 2000, Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар аз 12 сентябри соли 2003, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмилӣ, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар мебошад.
Ҳадафи санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии зикршуда кӯмак кардан аст ба:
1)қабул ва таҳкимбахшии чораҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, осонгардонӣ ва дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа;
2) коркард ва амалисозии сиёсати пурсамари зиддикоррупсионӣ, таъмини амалиёти мӯътадили мақомоти махсусгардонидашуда, таъсиси низоми пурсамари хидмати давлатӣ, низоми дурусти харид, дидани чораҳо оид ба пешгирии коррупсия дар бахши хусусӣ;
3) аз ҷониби давлатҳои иштирокдор муқаррар гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои нисбатан характерноки коррупсионӣ, таъмини ҳимояи шоҳидон ва маълумотдиҳандагон, ҷуброни хисорот аз коррупсия;
Давлатҳои иштирокдори ҳуҷҷатҳои байналмилалии мазкур, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадоранд, ки барои таъмини амалишавии уҳдадориҳои худ чораҳои қонунгузорӣ ва маъмурӣ андешанд.
Истилоҳи «коррупсия» имрӯз дар қонунгузории тамоми давлатҳои ҷаҳон дида мешавад, зеро коррупсия дар муносибатҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни он ба назар мерасад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хавфи баланд доштани коррупсия, дар миқёси давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, дар соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул карда буд. Баъдан вобаста ба вуҷуд омадани зарурият ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ба талаботи Эъломияи СММ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия санаи 25-уми июли соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид, ки ин қонун айни ҳол амал карда истодааст. Мақсади қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъиятӣ, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
Дар қонунгузории давлатҳои алоҳида, аз он ҷумла Тоҷикистон коррупсия ба маъноҳои гуногун истифода мешавад. Чунончӣ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки аввалин маротиба 10-уми декабри соли 1999 қабул шуда буд, мафҳуми коррупсия ба таври зайл оварда шуда буд: «Коррупсия ҳаракати (беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, ки истифодаи мақоми худ ва имкониятҳои онро барои ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва неъмату имтиёзҳои дигари пешбинӣ накардаи қонунро равона мекунанд, инчунин ба онҳо ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъмату имтиёзҳои мазкур аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад».
Баъдан бо қабул гардидани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мафҳуми коррупсия саҳеҳ шарҳ дода шудааст ва мутобиқи он «Коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.
Аз мафҳуми коррупсия чунин бармеояд, ки субъекти ин ҷиноят шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне мебошанд, ки ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиро пешниҳод мекунанд.
Афзалияти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли 2005 назар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пештара чунинаст:
1. Мафҳуми коррупсия ба талаботи Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003 ва тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Рушд мутобиқ карда шуд;
2. Доираи амалҳое, ки содир кардани онҳо ҳамчун коррупсия арзёбӣ мешуд, васеътар шуда, аз ҷумла на танҳо ғайриқонунӣ пешниҳод кардани сарвату неъматҳои моддиву ғайримоддӣ ба шахсони мансабдор, балки ваъда додан ва таклиф намудани неъмату сарватҳо низ ҳамчун ҳаракати дорои аломати коррупсионидошта маънидод шудааст.
3. Доираи субъектони ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ васеъ шуда, ба онҳо на танҳо шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, балки шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ дохилшудаанд.
4. Бори аввал мутобиқи қонун ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои хусусияти коррупсионии қабулашон ба таври дастаҷамъона (коллегиалӣ) ба расмият даровардашудамуқаррар шудааст. Яъне то қабули қонун ҳолатҳое дар таҷрибаи ҳаррӯза дучор мешуданд, ки шахсони мансабдор ваколатҳои хешро ба манфиати худ истифода намуда, амалҳои хислати коррупсионидоштаро тавассути қарорҳои ба таври коллегиалӣ қабулшуда ба расмият медароварданд ва бо ин васила онҳо аз ҷавобгарӣ халос мешуданд. Аз ҳамин сабаб минбаъд тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳоихусусияти коррупсионӣ дошта, ки аз ҷониби мақомоти коллегиалӣ қабул шудааст ва ба манфиати роҳбари ин мақом ё хешовандони наздики ӯ ва ё ба манфиати шахсони сеюм равона шудаанд ва роҳбари мақоми мазкур дар қабули он бевосита фаъолона иштирок кардааст ва ё ба қабули он фаъолона мамоният накарда бошад,ҷавобгарӣ пурра ба уҳдаи роҳбари ин мақом гузошта мешавад.
5. Бо мақсади пешгирии бархӯрди манфиатҳо нисбати шахсони мансабдор маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд (моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»);
6. Кирдорҳои коррупсионидошта бо таври дақиқ ба намудҳо – интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ тасниф шудаанд (моддаҳои 11,12,14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»).
Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шуда, дар асоси он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд.
Дар асоси ин стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шаванд.
Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамӯҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар ҷараёни татбиқи талаботҳои Стратегияҳадафҳои зерин амалӣ гардиданд:мусоидати бевосита дар амалӣ намудани Стратегияи миллии Рушд; татбиқи давра ба давраи мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ; таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ; ташкил ва таъмини идоракунии муносиб дар мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ; ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; устувор намудани боварии мардум ба давлат, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ ҳамчун ҷонибдории ислоҳоти давлатӣ; баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ.
Дар қарни XXI низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.Бо назардошти он, ки пешгирӣ ва решакан кардани коррупсия вазифаи ҳамаи давлатҳо мебошад ва барои таъмини самаранокии кӯшишҳои худ дар ин соҳа онҳо бояд бо дастгирӣ ва иштироки гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаи берун аз доираи бахши оммавӣ, ба монанди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои дар заминаи ҷамоат амалкунанда бо якдигар ҳамкорӣ намоянд. Инчунин бо назардошти принсипҳои дахлдори идораи корҳои оммавӣ ва амволи оммавӣ, адолат, ҷавобгарӣ ва баробарӣ дар назди қонун ва зарурати таъмини поквиҷдонӣ, устуворию садоқат, инчунин мусоидат ба ташаккули фарҳанге, ки коррупсияро инкор мекунад, 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.
Конвенсия ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардид, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар мебошад ва қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд. Қобили зикр аст, ки ин иқдом мавриди пай дар пай татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсиониии давлат қарор дошта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти қонунгузорӣ ва муқовимати коррупсия табдил гардид.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қабул ва амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар зидди коррупсия ҳамчун амали номатлуби барои ҷомеа ва давлат хатарнок мубориза мебарад.
М.Н.Файзиева,
муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи
забони англисии факултети забонҳои хориҷии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»