КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РУШДИ ФИЗИКА, ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ НИМНОҚИЛҲО ДАР ДОНИШГОҲ
Дар толори Раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои физика, техника ва технологияи нимноқилҳо»баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ, дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки конфронси мазкур бо мақсади иҷроидастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» (солҳои 2020-2040) ва «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022-2026) ташкил карда шудааст. Мавсуф таъкид намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба муҳиммияти омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ чунин фармудаанд:
«Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ олимони соҳаи физикаро зарур аст, ки фаъолияти худро дуруст дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва таҳқиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин, нанотехнология ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд».
Дар идомаи ҳамоиш, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ суханронӣ намуда, аз рушди босуръати илму технологияҳои замони муосир ва саҳми муҳимми олимону устодони донишгоҳ дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус ёдовар шуд. Вай аҳаммияти ин гуна ҳамоишҳоро дар таҳкими фанҳои дақиқ ниҳоят зарур арзёбӣ карда иброз дошт, ки ҳамкории зичи илм бо истеҳсолот ба пешрафти иқтисоди миллӣ заминаи устувор мегузорад.
Дар ҷараёни конфронс олимони шинохтаи кишвар Абдуллозода Сабур Фузайл-доктори илмҳои физика-математика, профессори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Фаршед Каримов-доктори илмҳои физика-математика, профессори Институти геология, сохтмон ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, Умарзода Насим Неъмат- номзади илмҳои физика-математика, дотсент, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техникаи Донишгоҳ, Умарзода Мақсуд Файзулло -доктори илмҳои физика-математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои табиии Русия маърузаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Олимон доир ба масъалаҳои мубрами физикаи атмосфера, истеҳсоли монокристаллҳо, таҳқиқи динамикаи молекулавии пайвастагиҳои табиии растанӣ, шарҳу тафсири қутбияти майдони геомагнитӣ, таъсири ҳамлаҳои чангӣ ба ҳарорати амудии атмосфера маърӯзаҳо карда, дастовардҳои ин соҳа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронс устодону муҳаққиқон оид ба мазуъҳои матраҳгашта баромад карда,фаъолияти 50-солаи илмиву педагогиипрофессор Абдулаҳат Қодировро дар рушди соҳа ва омода кардани кадрҳои баландихтисос намунаи ибрат маънидод карданд.Ин ҳамоиш бори дигар собит сохт, ки мактаби илмиидонишгоҳ дорои потенсиали бузург буда, дар рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар саҳми арзанда мегузорад.