КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА РИСОЛАТИ ЗИЁИЁНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар толори калони раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Фарҳанги миллӣ ва рисолати зиёиёни даврони Истиқлол» баргузор гардид.

Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддиноғоз намуда, саҳми зиёиёнро дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, кидар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмасъалаи ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию маънавӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ба яке аз самтҳои муҳимми рушди давлатдорӣ табдил ёфтааст.

Муовини раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронии худ ба фарҳанги миллӣ ва рисолати зиёиён дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки фарҳанг шиносномаи ҳар як миллат аст.Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои фарҳангӣ, ҳифзи ин мероси гаронбаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил ва пеш аз ҳама, қишри огоҳи ҷомеа -зиёиён мебошад.

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ дар суханронии худтаҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди маънавиёти ҷомеаро яке аз мавзӯъҳои мубрам вамуҳим барои кишвар маънидод кард.

Раиси Шурои собиқадорони вилояти Суғд Мамадҷон Мамадҷонов дар маърузаашазмақому манзалати зиёиён дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва рушди худшиносии миллӣ сухан намуд.

Ходими давлативу сиёсӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм Шуҷоат Ҳасанова дар мавзуи «Сиёсати фарҳангӣ ва қонунгузории миллӣ дар давраи Истиқлол» маърӯза кард. Дар маърузааҳаммияти сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, такмили заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси миллӣ ва баланд бардоштани арзишҳои фарҳангӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлол таҳлилу баррасӣ гардид.

Дар идомаи конфронс иштирокчиён инчунин доир ба масъалаҳои таҳкими фарҳанги миллӣ, рисолати зиёиён дар ҷомеа ва дастовардҳоидаврони истиқлол баромад карда,фаъолияти бисёрҷанбаи собиқадори меҳнат, дотсент Нодирҷон Солиҷоновродар ин самт қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш арзёбӣ намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки Нодирҷон Солиҷонов беш аз панҷ даҳсола аст, ки дар соҳаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, китобдорӣ, қонунгузорӣ, рӯзноманигорӣ ва маориф фаъолияти пурсамар дорад.

Изҳори умед ва боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳоиилмии конференсия барои дарки амиқтари рисолати зиёиён, таҳкими арзишҳои фарҳанги миллӣ ва рушди худшиносии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ