​Кайку канаҳои наҳзатӣ

Муҳити табиӣ макони фарду ҷамоаест, ки дар заминаҳои муқобилияту рақобат, ҳамзистию пайвастагӣ ва ғайра ҳаёт ба сар мебаранд. Дар байнионҳо гурӯҳи ҷонзотони муфтхӯреро метавон мушоҳида намуд, ки табиатан баҳри зиндагӣ аз ҳисоби дигарон одат кардаанд, ки амсоли онҳо канаю кайкҳоро метавон номбар намуд. Агар ин ҷонваронро луқмаи ғизои тайёр набошад заифу нотавон мешаванду ба ҳалокат мерасанд. Барои инсон, чун ҷузъи олии табиат аз муфтхӯрон нафъе несту баръакс ин хунмакон дар макони зисти инсонҳо ҷой гирифта онҳоро нороҳат менамоянд. Миҷози ин ҷонзотони хунмак муфтхӯрӣ асту то дами марг амалҳои ношоистаашонро дигар наменамоянд.

Шиносоию омӯзиш ва таҳлили фаъолияти гурӯҳи нобакорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом, ки тӯли солҳои зиёд дар ҷомеа тухми нооромиву разилӣ мекоранд, собит месозад, ки наҳзатиёни палид дар организми ҷомеа амсоли кайку кана мавқеъ гирифтаанд. Чун ҳайвони хунмак наҳзатиён бо иғвогарию дасисабозӣ, бӯҳтонбофию авамфиребӣ ба танаи ҷомеа сахт часпидаанду онро нороҳат сохтанӣ ва аз ин амалҳои бешармӣ даст кашиданӣ ҳам нестанд. Вагарна, ононро ақли солиму фаҳму фаросот кайҳо тарк гуфтаву ноқисулақлу шармандаи ҷаҳон шуда бошанд ҳам, мебоист аз амалҳои палидона худдорӣ намоянду ба сӯи сарзамини онҳоро парварида сангандозӣ накунанд. Вале, ҳайҳот, чун канаю кайк часпидаанду ҳар айёми наве аз зинда будан ва палидиашонро ифшо менамоянд. Амалҳои наҳзатиёни ифротӣ дар хунмакии ҷомеаву зараррасони ба ҳаёти осоиштаву ороми ҷомеа анъана меёбаду халос. Баромадҳои ҳарзаомезона дар шабакаҳои иҷтимоӣ, номивазкунии тез-тези ташкилотҳои ба ном сиёсӣ (алалхусус Паймони миллии Тоҷикистон) ва амалҳои дигари онҳо ба монанди ҳамоиши пикетҳои камнуфуз дар майдончаҳои шаҳрҳои Аврупо собит менамояд, ки наҳзатиёни муғриз ҳадафҳои аслии худро пинҳон медоранд, ки амсоли дар ҷойҳои ниҳони душвордастрас мавқеъ гирифтани кайку кана мебошад. Онон, ки бо супориши дастури хоҷагони маблағгузори аҷнабӣ ҳадафи ягона - ғасби ҳокимияти давлатиро роҳандозӣ доранду баъдан ба макидани хуни мардуми оддӣ машғул шуданианд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид. Зеро, иродаи қавӣ, матонату устуворӣ, дурандешию дурбинии сиёсӣ ва ҷузъҳои дигари оқилонаифаъолияти роҳбарияти олии кишвар садди роҳи наҳзатиёни нобакори ифротӣ шудаанду мардуми Тоҷикистон бо садоқату меҳри ватандӯстӣ ин сиёсати одилонаро пуштибонӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ