Ҳизби наҳзат решакан бод дар ҷаҳон
Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар қаламрави кишвар рух дода истодаанд боиси нигаронии ҳамагон шудааст. Вақте, ки 14 сентябри соли 2022 ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби Суди олии Федератсияи Россия ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави ин кишвар манъ гардид, хоинони ин ҳизб аз алам ҳамсоякишварро бо иғво андохта санаи 15-уми сентябри соли равон ба сарзамини мо ҳамла овард, ки дар натиҷа садҳонафар фавтиданду ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд ва хонаҳои зиёд хароб гаштанд.
Ҳизби наҳзати ислом бо ҷиноятҳои давоми солҳои гуногун содиркардаи худ нишон дод, ки ин ташкилот ҷузъи ногустастании терроризми байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, идомаи фаъолияташ на танҳо ба амнияти Россия ва Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои узви ИДМ низ таҳдид менамояд. Асоси ин гуфтаҳо он аст, ки ТЭТ ҲНИ аз амалӣ кардани идеологияи зиддидунявӣ, зиддибашарӣ ва иртиҷоии худ даст накашида, дар асоси дастури роҳбарони ташкилоти манфиатдори Ғарбу Шарқ фаъолияти тахрибкоронаи худро мавриди амал қарор додааст, ки метавонад ба амният ва суботи манотиқи гуногуни давлатҳои узви ИДМ халал расонад.
Барои ҳамин ҳам ташкилоти террористӣ эълон шудани ҲНИ айни муддао гардид. Бояад қайд кард, ки дар нимаи якуми моҳи сентябр, ки маҳз дар ҳамин давра ҳафт сол қабл ин ташкилоти ТЭТ ҲНИ даст ба табаддулоти ҳарбӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон заду номуваффақ гашт, басо саривақтӣ ва рамзист. Ин амали ҷониби Россия қадами ҷиддӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва амният дар кишвари мо буда, берун аз он ҳам аҳамияти вижа дорад. ТЭТ ҲНИ мардуми тоҷикро осоишта дидан намехоҳад ва ҳамеша аз паи ба ҷангу ҷидол андохтану нороҳат кардани мо мебошад.
Имрӯз мо, тоҷикони асил ва ватандӯст дар пайи эъмори давлати миллӣ буда, пайваста кӯшиш дорем, ки рукнҳои давлатдориамонро таҳким бахшем. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, аз фарди одӣ то ба роҳбарияти олии кишвар пайваста ва софдилона кӯшиш доранд, то рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан — Тоҷикистони азиз иҷро намояд. Аз ин хотир, мо истиқлолияти кишварамонро ҳифз менамоем, Ваҳдати миллиамонро тақвият мебахшем ва дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастему хоҳем буд.
Биоишаи Назар