​ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ МДТ “ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ” БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар тантанаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар ширкат варзиданд. Дар раҳпаймоӣ устодон бо рӯҳияи идона ва садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ