​ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИБЕРАМНИЯТ «CAPTURE THE FLAG (CTF) – 2026»

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 26-29 марти соли 2026 озмуни байналмилалии International Cybersecurity Capture The Flag (CTF) 2026 баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва устодони Донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Озмун бо ташаббуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор шуда, яке аз минбарҳои муҳимми байналмилалӣ барои санҷиши донишу малакаҳои амалӣ дар соҳаи киберамният ва технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Чорабинӣ муҳаққиқону донишҷӯёнро аз кишварҳои гуногун гирд оварда, барои табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳои илмӣ шароити мусоид фароҳам сохт.

Донишгоҳро дар озмун гурӯҳи «Samanids» иборат аз 4 нафар донишҷӯёни факултетҳои математика ва телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таҳти роҳбарии дотсент, номзади илмҳои физика-математика Абдуманнон Маликов намояндагӣ намуд. Иштирокчиён дар бахши асосӣ – CTF, ки шакли муосири мусобиқаи амалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ мебошад, нерӯ ва донишҳои худро санҷиданд.

Дар доираи озмун супоришҳо аз рӯйи самтҳои калидӣ, аз ҷумла Web Exploitation (ҳамлаҳои вебӣ), Cryptography (криптография), Digital Forensics (таҳқиқоти рақамӣ), Reverse Engineering (муҳандисии баръакс) ва Network Security (амнияти шабакавӣ) пешниҳод гардида, иштирокчиён онҳоро дар муҳлати маҳдуд бо истифода аз малакаҳои амалӣ ва кори дастаҷамъона ҳал намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур барномаҳои муҳимми илмӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла International AI in Healthcare Hackathon 2026 (истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб), International Cybersecurity CTF 2026 (мусобиқаи байналмилалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ) ва Robotics 2026 (намоиш ва озмуни технологияҳои робототехникӣ) баргузор гардида, ба рушди технологияҳои муосир ва тақвияти иқтидори инноватсионӣ мусоидат намуданд.

Боиси зикр аст, ки намояндагони Донишгоҳ дар озмун ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, бо сертификатҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.

Бояд зикр дошт, ки иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони оянда мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ