Хатари терроризм ва экстремизм ба оромӣ ва суботи ҷомеа
Дар асри XXI ҷаҳони илму техника ва неруи инсонӣ ба сатҳи баланди рушд расида, кору зиндагии одамонро осону босифат гардонид. Дар баробари пешрафту тараққиёт, ҳифзу кафолати ҳуқуқҳои инсон, муайян гардидани ҳудуди давлатҳо, барҳам хӯрдани мустамликадорӣ, ташкили давлатҳои соҳибихтиёру мустақил, мутаассифона манфиатҷӯиву дахолати ғайриқонунӣ ба сиёсати давлатҳои алоҳидаи рӯ ба рушд ниҳода, боигариҳои зиёди табиидошта, авҷ гирифтааст. Ҷанги сард бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, яроқу аслиҳаи пурқуввати замонавӣ, ташкили тамринҳои ҳарбӣ барои худнамоӣ ва тарсонидани рақибон давлатҳои абарқудратро ба блокҳои ҳарбии нав муттаҳид намуда, яроқнокшавии босуръат, санксияҳои иқтисодӣ ва умуман хатару таҳдидҳоро навро ба бор овард.
Яке аз усулҳои муосири ҷанг байни қудратҳои сиёсии яроқи ҳастаӣ дошта ин ташкил, таълим ва омода намудани террористон ва ифротгароёни динӣ мебошад. Мисоли равшани он сарзадан ва алангаи оташ гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар оғози Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад. Бо дасти хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузорию дастури онҳо сабаби ба экстремистони динӣ олуда гаштан, дар хориҷи кишвар таълими ҳарбию ғоявӣ гирифтани ҷавонони ноогоҳ, хунрезиҳои даҳшатбор, вайрону валангор шудани хонаву дари мардум, гуруснагию ночорӣ ва гуреза шудани мардуми зери оташи ҷанг монда шуд. Ин воқеаи даҳшатбори бародаркуш, ҳодисаи нангин барои миллат ва давлати навини тоҷикон гардида, харобиҳои ҷониву молии зиёд овард. Бо хиради азалии мардуми тоҷик, роҳнамоиву ҷонҳисории Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ, ки қувваҳои нопок аз хориҷи кишвар ташкил карда буданд хомӯш гардид.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо давлати мо аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ пойдор аст ва ҳуқуқу озодиҳои инсон волотар аз ҳама арзишҳои дигар эътироф шудааст. Ғамхориҳои Сарвари давлат ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавонон, оила ва наврасон, ятимону ниёзмандон, соҳибкорону ҳунармандон, олимону ихтирокорон ҳадду канор надорад. Аммо то ҳол нафарони ношукр, хоинон, косалесон, ватанфурӯшоне ҳастанд, ки бо ҷурми террорист ва экстремист буданашон аз Ватан фирор карда, зери қаноти ташкилотҳо ва давлатҳои ба терроризм ва экстремизим муносибати духӯра дошта, манфиатҷӯй ва ҳангоматалаб паноҳ бурда, мисли шағоли маккор тавассути шабакаҳои интернетӣ ба мафкураи шаҳрвандони кишвар тухми маломат пошида истодаанд. Дар забон гӯё ғами миллатро мехӯранду дар амал супориши хоҷагони худро иҷро карда, ба мафкураи мардум тухми маломат, ҷудоиандозӣ, бадбинӣ ва ифротгароиро ҷойгир кардан мехоҳанд. Мисоли равшани он ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, Паймони миллӣ ва ровиёну мухбирони ноҷавонмарди онҳо мебошанд, ки бо ивази номи барномаҳои ифротиашон чандин ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба, аз масъалаҳои диниву сиёсӣ фарсахҳо дур бударо ба доми худ кашида, паси панҷара намудаанд.
Гурӯҳу равияҳо, ҷараёнҳои мухолифи тундраву манфиатҷӯй аз дину мазҳаб, ақидаву андешаи муғризона истифода намуда, терроризм ва эксртемизмро чун роҳи нопоки расидан ба ҳадафу манфиатихуд маккорона истифода мебаранд. Ин ҳолат ба суботу амнияти ҷомеа ва давлат хатар дорад, аҳли ҷомеа бояд дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута, барои пешгирии он чораандешӣ намоянд.
Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзикр намуданд, ки “Таъмини суботу амнияти ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор дорад. Воқеан ҳам дар замони муосир суботу амнияти давлату ҷомеа масъалаи аввалиндараҷаи глобалӣ ба шумор рафта, муқовимати ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиракии сиёсии шаҳрвандони кишварро талаб менамояд”.
Ҳушёриву зиракии мардуми кишвар дар хуб дарк намудани мақсаду мароми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, фош намудани онҳо, муқовимати саривақтӣ нишон додан, донистани хавфу хатарҳои муосир ба суботу амнияти кишвар зоҳир мегардад. Мо бояд донем, ки гуруҳҳои террористӣ шаклу усул, ҳудуд, тарзу роҳҳои содирнамоии кирдорҳои ҷинояткорона, мақсаду ҳадаф ва доираи амалашонро зуд-зуд тағйир дода истодаанд, техникаю технология ва интернетро макорона истифода намуда, худро зери ҳимояи ташкилоту давлатҳои хориҷӣ ниҳон медоранд.
Давлати мо дар ҳамсоягӣ ва сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистони ҷангзадаю зери тасарруфи “Толибон” қарор дошта ҷойгир аст, ки ба лонаи террористони байналмиллал табдил ёфтааст. Вазъи ҷаҳони муосир ноором аст, ки ин барои авҷ гирифтани терроризм ва экстремизми динӣ мусоидат менамояд. Дастрасии мардум ба шабакаҳои интернетӣ, ки ба дастгоҳи таблиғотии ифротгароён табдил ёфтааст.
Хатарҳои мавҷуда моро водор месозанд, ки ба пешгирии амалҳои хатарафзо, яъне терроризму экстремизм муборизаи беамон барем. Аз сабаби дастрасии аксари аҳолии кишвар ба шабакаҳои интернетӣ, бояд маданияти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва самараноку мақсаднок истифода бурдани онро ба шаҳрвандон омӯзонида шавад.
Аз таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар меояд, ки сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ фирефташуда ва ба хурофоту ҷаҳолат сироятёфта, аз дастрасии бемаҳдуди интернет, бесаводӣ, дониши дурусти динию дунявӣ ва касбу ҷои кори доимӣ надоштан, дар оилаҳои носолиму хурофотзада тарбия ёфтан, аз хурдӣ аз муллоёни ифротӣ таълимоти динии ғайриқонунӣ гирифтан мебошанд.
Пешвои миллат дар Паёми худ доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа дастур доданд, ки “ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавонон ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Ин суханони Пешвои муаззами миллат ҳамчун роҳнамо дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини таълиму тарбияро водор месозад, ки аз хурдӣ кӯдаконро дар руҳияи мардонагию матиниродагӣ, меҳру садоқати баланд ба Ватан, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ тарбия намоянд.
Ҳамин тариқ, вазъи ҷаҳону минтақа, нигоҳи духӯраи баъзе давлату ташкилотҳои хориҷа экстремизму терроризм аз мо ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб намуда, водор месозад, ки барои тақдири насли ҷавону ояндасоз бетараф набошем, дар мубориза бо омилҳои номатлуби ҷомеа дар паҳлуи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошем. Манфиатҳои давлату миллат, ҷомеа ва таъмини амнияту суботи кишварро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузошта, бо меҳнати софдилона, барои боз ҳам баланд гардидани сатҳи зиндагӣ, пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи мамлакат саҳмгузор бошем.
Абдуллоева Нигора, муовини декан оид ба шeъбаи фосилавӣ ва ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқ