Хатари ҷаҳонишавӣ ба арзиш ва истиқлоли миллӣ
Ҷаҳонишавӣ раванди инкишофи босуръат буда, он ногузур ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таъсири худро мерасонад. Ҷаҳонишавӣ ин раванди глобалӣ маҳсуб меёбад, ки бештар бо ташаккули техникаву технология ва инкишофи системавии соҳаҳои гуногун вобаста аст. Глоболизатсия баробари хусусиятҳои хоси мусбии худро доштан ҷиҳатҳои манфии он низ кам нест, ки ҳушёрии ҳар як ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунад. Бешак, дар хатари ҷаҳонишавӣ арзишҳои ҷомеа ва истиқлоли миллӣ қарор мегирад. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ пойгоҳи махсусеро барои гуруҳҳои ифротгароӣ фароҳам меоварад. Ташаккули шабакаҳои интернетӣ ва умуман ин пойгоҳи ҷаҳонии ба олами инсони дастрас паёмадҳои ногузири худро гузошта истодааст. Рушди бемайлони технологияҳои иттилоотии замони муосир бо пайдоиши интернет робита дорад. Зеро ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди манбаъдаи он аз миқёси истифодаи шабакаи интернет вобаста аст.
Дар шароити имрӯза шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шабакаи интернет самаранок истифода мебаранд. Бахусус, ба ин пойгоҳ ҷавонону наврасон майли беандоза доранд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам маърифати истифодаи шабакаи интернет нигаронкунанда аст. Ва диду нигоҳи навро барои баратараф кардани ин ҳолат талаб мекунад. Бештари хатари ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ ва истиқлоли миллӣ дида мешавад. Чун, хоинони миллат тавассути ин шабака кӯшиши ба мафкураи ҷомеа таъсир расониданро доранд. Хабарҳои бардурӯғ, овозаҳои беасос, тӯҳматҳо ва дигар омилҳо танҳо ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва иттилооти беасос байни ҷомеаи иттилоотӣ паҳн карда мешавад. Дар натиҷа бегонашавӣ, ба бар кардани либосҳои ғайри миллӣ, амалҳои ифротгароӣ ва ғайра дида мешавад. Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои ба арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ расонидан ин ба бар кардани либосӣ бегона мебошад, ки бевосита ба зершуури мардум таъсири худро мерасонад. Инсон аз азал ба ҳамдигар тақлид карданро доранд, ки дар мавриди пеши роҳи ин ҳолатро нагирифтан метавонад дар байни ҷомеа доман паҳн кунад.
Дигар аз ин яке аз хатарҳои ҷаҳонишавӣ ин вестернизатсия мебошад. Мафҳуми вестернизатсия дар арси 19 ба вуҷуд омада буд, ки аллакай дар ҳамон давра нишонаҳои он пайдо шуда буданд. Вестернизатсия, ки як маънои он омехта шудани арзишҳо мебошад, дар замони имрӯза бештар дида мешавад. Аслан арзиш ин ҷавҳарест, ки инсон онро дар раванди ҳаёти худ ба вуҷуд меоварад ва он ҷабҳаҳои мусбӣ дорад. Яъне арзаш дар ҳамон вақт арзиш аст, ки ба инсон манфиат оварда тавонад. Масалан, арзиши миллати тоҷик дар фарҳангу маданияти ӯ, ки тарзи зисти ҳаёти инсонро муайян месозад.
Фарҳанги қадимаи тоҷикон бою ғанӣ буда, аз даврони Зардушт сарчашма мегирад. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек, ки бар зидди пиндори зишт, гуфтори зишт ва рафтори зишт аст доимо муборизаи беамон мебарад. Аз фарҳанги мо бармеояд, ки яке аз арзишҳои волоро оила ва оиладорӣ, давлат ва давлатдорӣ, ободкорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Масъалаҳои мубраме, ки дар фарҳанги мо қарор дошт ин масъалаҳои ба беҳтар кардани ҳаёти ҷомеа ва муносибатҳои онҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ҳоли ҳозир бениҳоят зарур ва саривақтианд. Аммо кушода будани сарҳадҳо, бе мушкили ба давлатҳои гуногун аз ҷумла, имкони ба давлатҳои арабӣ сафарбар шудан баръало дида мешавад. Мушкилоти масъала дар он аст, ки мардум фарҳанги бегонаро бо фарҳанги миллӣ омехта карда истодаанд. Ин ҳолат ташвишовар аст ва бояд ҳар як шарванди бонангу номуси тоҷикистонӣ дар ин масъала дуруст андеша ронад.
Ғайр аз масъалаи дар боло зикр гардида, бояд ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ инчунин аз афзоиши шумораи корбарони интернет низ гуфтан ба маврид аст. Давоми ду даҳсолаи охир шумораи истифодабарандагони он бо суръати баланд зиёд гаштааст. Аз рӯи омор дар тамоми дунё танҳо соли 2000 корбарони шабакаи интернет 700 млн нафарро ташкил медод. Ин рақам соли 2005 ба 1,2 млрд, соли 2010 қариб 2 млрд, соли 2015зиёда аз 3 млрд ва соли 2021 ин рақам ба 4,66 млрд нафар баробар шудааст [5].
Вобаста ба истифодаи интернет ва телефонҳои мобилӣ танҳо ҷомеаи тоҷикистониро таҳлил кардан ба маврид аст. Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар як оила на кам аз се адад телефони мобилӣ бо дастрасии шабакаи интернет дида мешавад. Имрӯз аъзоёни ҷомеа кӯшиш карда истодаанд, ки худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ кунанд ва мақоми хосро дар фазои иттилоотии ҷомеа пайдо намоянд. Аммо масъалаи дигари асосӣ ин харҷи аҳоли ба интернет аст, ки онро танзим кардан душвор мебошад. Маърифати истифодаи шабакаи интернетӣ пеш аз ҳама саводи кофии инсонро талаб мекунад. Аммо мардум то ҳанӯз ин масъаларо ба пуррагӣ дарк накардаанд ва харҷи зиёдро ба худ барои истифода телефонҳои мобилӣ раво мебинанд. Дар натиҷа буҷаи ҳам оила ва ҳам давлат коста мегардад.
Дар масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли миллӣ бояд гуфт, ки мақоми хосро шуури ҷамъиятӣ ишғол мекунад. Имрӯз то кадом андоза ҷомеа ба ташаккули фарҳангу маданият ва пойдории Истиқлоли давлатӣ тарафдоранд ояндаи арзишфаҳмӣ ва пойдории Истиқлоли миллӣ вобаста аст. Таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба давраи бозсозии сохти шӯравӣ ва аз қабули Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии ҶШСТ рост меояд. Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи 1990 қабул шуда, 9 сетябри соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Маҳз бо шарофати ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд. Роҳбарияти давлту ҳукумат дар маҷлисҳои Ассамблияи Генералии СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ на фақат иштирок балки аз минбари он аз пайдоиши давлати нав, аз нақшаю мароми он ва сиёсати дохилию хориҷии он ахборот додаанд.Ёдовар бояд шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард, ки дар замони муосир ва пуртазод пойдор нигаҳ доштани он заҳмати ҳамаи қишрҳои ҷомеаро металабад [5].
Лозим ба ёдоварист, ки Истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои беназири миллати тоҷик аст, ки ба туфайли он мо дубора эҳё гардидем. Ин неъмати бебаҳо ҳаёти мардум ва ҳастии миллатро муайян сохт. Имрӯз миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ бо Пешвои сулҳофараш, бо фарҳангу маданияти бою ғаниаш, бо арзишҳои моддиву маънавиаш ҳамчун давлати рӯ ба инкишофниҳода эътироф ва шинохтаанд. Ин хизмати бузургро ба мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзонӣ донистаанд. Хушбахтони ҷомеаи тоҷикистонӣ ин масъаларо дарк кардааст ва ба заҳматҳои роҳбари худ арҷ мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастоварди беназири миллат Истиқлоли давлатӣ дар асари хеш «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» чунин баён кардаанд: “Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон, сабру таҳаммули тарафҳои мухолиф ва кумаки давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам омад. Таърихи чаҳорсолаи музокироти байни тоҷикон собит сохт, ки дар сиришти мардуми мо хиради азалӣ, сабру таҳаммул, бурдборӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ ҳамеша мақоми баланд дорад”.
Эҳёи давлатдории тоҷикон, барпо гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар муддати зиёда аз 30 сол мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ривоҷ гирифтани робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон ифтихори миллӣ барои таърихи бойи худ, маданият, расму оинҳо, кӯшиши натанҳо эҳё намудан, балки боз ҳам ғанитар гардонидани арзишҳои миллӣ – ҳамаи ин танҳо дар фазои ваҳдат, сулҳу салоҳ имконпазир гардид. Қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсия, ки ба маънои томаш бахтномаи Тоҷикистониён мебошад, роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мамлакати мо, ҳамкорӣ бо мамолики сулҳпарвари олам, созмону ташкилотҳои ҷаҳониро муайян кард.
Нишонаи муҳимтарини истиқлолияти сиёсӣ бошад ин забони миллат, ки яке аз муқаддасоти олии кишвар маҳсуб меёбад. Ҷаҳонишавӣ хушдор месозад, ки имрӯз мардум боз ҳам зирак бошанду ин арзиши миллиро мустаҳкам намоянд. Гуфтугӯи мардум бояд такя ба фарҳанги муошират ва ифтифодаи забони шевои тоҷикӣ суръат гирад. Зеро ташаккули забон ҳастии миллатро кафолат медиҳад. Ҷаҳонишавӣ ба се арзиши муҳими миллӣ таҳдид мекунад, ки ин забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва таърихи миллат аст. Бояд олимону ҷомеашиносон бааҳри пойдории он кӯшиш ба харҷ намуда, ҷомеа ба арзишҳои худ арҷ гузорад. Хушбахтона масъалаи забон ва густариши он дар барномаи сиёсати фарҳангии Роҳбари давлат мавқеи муҳим дорад. Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон на фақат падидаи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, пеш аз ҳама, масъалаи муҳимми сиёсию давлатӣ маҳсуб мегардад. 22 июли соли 1996 бахшида ба Рӯзи забон чунин таъкид доштанд “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.
Боназардошти хатари ҷаҳонишавӣ имрӯз олимону муҳаққиқони кишварро зарур аст, ки барои пешгири кардани хатарҳои глоболизатсия корҳои амалиро иҷро намяонд. Бояд барномаҳои махусе таҳия карда шавад, ки он барои ташаккули тафаккури солими ҷомеа таъсиргузор бошад. Ҳаёти муосир диду нигоҳи нав ва фалсафаи гуманистиро талаб мекунад, ки он муайянкунандаи фардои ҷомеа хоҳад буд. Имрӯз бештар ба илмҳои дақиқ аҳамияти ҷидди додан зарур аст, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ тавонад аз ҳама ҷиҳат худро дар тазодҳои дунё ҳифз кунад. Гузашта аз ин масъулияти ҷомеа вобаста ба ҳаёти худ баланд бардошта шавад. Ҳар нафар метавонад нақши худро дар беҳбуди ҷомеа ва рушди он гузорад. Барои ин илм нақши калидиро ишғол менамояд.
Доктори илмҳои физика-математика, профессори кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» Назимов Акбар
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
[1] Абдулатипов Р.Г. Судьбы ислама в России: история и перспективы. - М.: Мысль, 2002.
[2] Абдуллаев М.А. Исламский фундаментализм и формы его проявления // Северный Кавказ и Дагестан: современная этнополитическая ситуация и пути ее стабилизации. Материалы Региональной научно-практической конференции, посвященной 10-летию РЦЭИ ДНЦ РАН (1-3 октября 2002 г.) - Махачкала: Изд. ДНЦ РАН, 2004.
[3] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”. – Душанбе, 1998.
[4] Маҳмадизода Н.Д. Зоҳиршавии ифротгароии динӣ‑сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он: Монография. – Душанбе: “ЭР‑граф”, 2022. – 324с.
[5] Сафарализода Х.Қ. Таҳдидҳои замони муосир: масъалаҳои назариявию методологӣ. Монография. – Душанбе: ЭР‑граф, 2023. – 420 с.