​ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии ҷараёнҳои гуногун, фирқа ва равияҳои бегонаи динӣ ба давлатдории миллӣ оғоз гардид. Вусъат гирифтани ин раванд ба пояҳои барқароршавандаи ҳокимияти давлатӣ зарбаи сахт расонид. Новобаста аз ташкили ҷанги таҳмилӣ гуруҳҳои ифротгаро ба ҳадафи худ расида натавонистанд. Мардуми тоҷик, ки ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ расида буд, баъди пошхӯрии давлати пуриқтидори ИҶШС дар фазои холии идеологӣ қарор гирифта, зиракии сиёсиро аз даст доданд. Дар натиҷа, дар кишвари тозаистиқлоли мо ниҳодҳои тундрав доман густурда, буҳрони сиёсиву иқтисодиро ба миён оварданд. Дар ҷараёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талафотҳои зиёди ҷонӣ низ ба сари мардум омад. Бо баробари дарк кардани таъсири гуруҳҳои ифротгарои динӣ ба сохти давлатдорӣ, ба зиндагии озодонаи халқ, ба таҳмили ғуломию беҳуқуқӣ нафрати мардум нисбати онҳо дучанд гардида, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро пайгирӣ намуданд. Зеро аз нигоҳи пайравону тарғибгарони терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир аз байн бурдани низоми давлатии демокративу дунявӣ ва ба ҷои он таъсиси «давлати исломӣ» муҳим ва зарур мебошад, вале ин андеша қобили қабул нест.

Ҳадафи аслии ин қабил ифротгароён одатан баргаштан ба низоми идоракунии замони зуҳури ислом, омезиши дин бо сиёсат, даъват ба ҷиҳоди босилоҳ, татбиқи террор ва зурӣ, инкори пурраи дигар фарҳангу динҳо, ташкили хилофат аст. Тарғиби ақидаҳои фундаменталистӣ аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ пеш аз ҳама, ба сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ нигаронида шудааст, ки таҳдид ба амнияти давлатиро дорад.

Масалан, Ҳизби таҳрир дар китоби асосии таълимотиаш «Демократия – низоми куфр» аз байн бурдани демократияро тарғиб менамояд. «Ташкилоти «Давлати исломӣ» бошад, пурра сарнагун кардани давлатҳои демократӣ ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор додаанд. Гуруҳҳои ифротгаро дар Афғонистон намунаи барҷастаи ваҳшоният, мухолифи тамоми аҳкоми ислом ба монанди сангсор кардани занон, рўирост сар задани кўдакон, даҳшатнок ба қатл расонидани занҳои ҳомила, зинда ба оташ задани мардум, ба таври оммавӣ сар буридани асирон, бар замми ҳамаи ин наворбардориву намоиши он дар байни мардум аст.

Зикри чунин матлабҳо барои нишон додани таҳдиди хатарноку даҳшатбор барои Тоҷикистон ва умуман тамоми мамолики олам муҳим аст. Замони муосир, ки пур аз ихтилофоту низоъҳост, барои афзоишу густариши экстремизм, терроризм, радикализм, сепаратизм, фанатизми динӣ, дискриминатсия ва паҳншавии ақоиди фундаменталистӣ мусоидат менамояд. Хусусан, ин зуҳуротҳои номатлуб дар қишрҳои осебпазири ҷомеа маскун гирифта, ҳисси бадбиниро нисбат ба ҳокимият дар қалби онҳо тарбият мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз фарзандони ноогоҳ аз асли диёнату сиёсат фирефтаи гуроҳҳои ифротӣ гардида, мехоҳанд бо роҳи табаддулот масири сиёсиро тағйир диҳанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар кишвари азизи мо имрўз мардум фирефтаи гуруҳҳои тундраву ифротгарои Ҳизби таҳрир, Давлати исломӣ, Алқоида, Ҷамоати таблиғ, Ваҳҳобия, Салафия, Ихвон-ул-муслимин, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Бародарони мусулмон, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ ва ғайраҳо гардида истодаанд. Яке аз мақсадҳои чунин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтани амнияти давлат буда, муборизаро аз ҳамин оғоз менамоянд. Зеро фазои ноороми сиёсӣ барои амалӣ намудани ҳар гуна ҳадафҳои хоинӣ заминаи мусоид аст. Феҳристи кирдорҳои разилона ва ваҳдатшиканонаи ташкилотҳои ифротиву тундгаро имрўз моро ба даҳшат меорад. Намунаи барҷаста он аст, ки дар давраи аввали соҳибихтиёрӣ дар баробари ба саҳнаи сиёсат омадани ҳар гуна гурўҳҳои тундхўву тундгаро кишвари ободу осоишта ба хоку хун яксон гардид. Мардумро ба ҷангу ҷаҳолат роҳсипор намудан аз ҳар гуна роҳу воситаҳо истифода кардан бо мақсади амалисозии ҳадафҳои зишту нопок муаррифгари муносибати аслии ташкилоти террористӣ ба давлату миллат аст.

Ташкили ҷанги таҳмилӣ дар даврони нахустқадами соҳибихтиёриву таҳкими пояҳои тозаистиқлолӣ шаҳодатгари он аст, ки чунин гуруҳҳои экстремистӣ, террористӣ хусусан, ҳануз дар солҳои 1991 решаи худро паҳн карда буд. «То замони муосир доманаи фаъолияти ин созмони террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, ба амал баровардани даъватҳо аз хориҷи кишвар ва таҳияи маводҳои сохтаву бардурўғ тавассути сомонаҳои гуногуни шабакаи интернет вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст». Ба нақша гифтани ҳар гуна амалҳои хушунатомез, халалдор кардани амнияти дохилидавлатӣ, гумроҳ кардани аъзоёни ҷомеа, умуман, бар зидди сулҳу ваҳдат даъват кардани мардум шаҳодатгари ҳадафҳои нопоки ин гурўҳҳои сиёсист.

Бинобар ин, аз кулли сокинони кишвар таклиф ба амал оварда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Доимо ҳушёру бофаросат, зираку эҳтиёткор бошанд. Ба ҷои фирефтаи макри чунин гуруҳҳо гаштан, баръакс мубориз бошанд. Ҳамчун инсони меҳанпарасту ватандўст фирефтаи суханҳои пучу бемаънояшон нагарданд. Нисбати ин гуна даъватҳо, хабарҳо, паёмҳо бетараф набошанд, то фарзондони моро ба доми худ накашанд. Умуман нагузоранд, ки ба амнияти кишвари азизамон нохалафе таҳдид намояд.

Баҳри пешгирии ташаккули падидаҳои номатлуб, доман афрохтани ақидаҳои фундаменталистии ташкилотҳои террористӣ, паҳншавии терроризу экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чуноне, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22-уми декабри соли 2016 таъкид гардидааст: «Олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерўҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Танҳо дар натиҷаи дастаҷамъӣ, якдиливу якмаромӣ, ваҳдату ҳамдилӣ мо метавонем, пеши роҳи паҳншавии падидаҳои номатлубро, ки характери глобалӣ дорад, гирифта бошем.

Ҳадафи мо таъмини Ваҳдати миллӣ аст. «Бинобар ин, кулли сокинони кишварро месазад, ки ба хатару таҳдидҳои муосир бо дониши сиёсиву фарҳанги динии хеш сипар бошем. Зеро таҳлилҳои ҷараёни имрӯза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодаанд, ки ба мамлакати мо ва дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст».

Мо ҷавонони замони Истиқлол хоҳиш ва орзуву ормон дорем, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти кишвари азизамон таҳдид ворид созад. Дар ин радиф кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба ваҳдату ҳамдилӣ, худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динӣ даъват менамоем, танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем бо фикру андешаи солим дар сар ба пойдории сулҳу субот тарғибгар ва дар мудофиаи марзу бум ҳимоятгар бошем.

Зилола Комилова,

муаллими калони кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ