​Баланд бардоштани ҳисси миллӣ омили пешгирӣ аз ифротгароӣ

Баробари омӯзиши илм ба масъалаи амнияти миллат ва давлат ҳамешагӣ дар матни назар қарор эътибори махсус додан муҳим арзёбӣ мегардад. Барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: ки хатарҳои имконпазир моро водор месозад, ки ба масъалаи дар роҳи ватанпарвариву миллатдӯстӣ, эҳтироми муқаддасоти ватан тарбия намудани наслҳои ҷавон диққати аввалиндарҷа диҳем. Ифротгароие, ки бо истилоҳи байналхалқӣ экстремизм ва терроризм ном бурда мешавад, аз қабили зуҳуроти номатлубест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳамагон аз тарафи расонаҳои хабарӣ ҳамаррӯза огоҳӣ пайдо мекунем, ки дар мамолики дунё амали террористӣ анҷом ёфта, боиси ҳалокати инсонҳо гардидааст. Имрӯз дар олам аз ҳама бештар террористи диннӣ гирди забонҳост ва онро асосан ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки мақсади гурӯҳҳои ифротӣ бунёди давлати исломи дар кишварҳои гуногун мебошад. Мо аз таърих огоҳи дорем, ки дини мубини ислом ин дини дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳамулгароӣ ва бунёдкорист. Аҳсан онҳое, ки мехоҳанд аз номи ислом ва ҳадафҳои нопок расанд ин дини мубинро наомӯхтаанд балки афкор ва кирдири ин тоифа ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад ба ин маъни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як тараф, чун вабои аср хатари дағали ҷиддӣ буда ва аз тарафи дигар амоли он гувоҳ аст, ки терроризм, ватан, миллат ба дин мансаб надорад, балки як аҳдиди ба ҷомеаи ҷаҳони ва ҷоми ҳар як сокини сайёра аст. Имрӯз шабакаҳои интернет ва дигар васоити ахборотдиҳӣ омма барои ҳар як ҷавонон дастрасанд ва тарбиятгарони гурӯҳҳои ифротгароии террористи аз онҳо хеле моҳирона истифода бурда, тафаккури наврасону ҷавононро бо ғояҳои гуногуни харобиовар сарфароз мекунанд. Воқеан ҳам чунон, ки Пешвои муаззами миллат бамаврид таъкид мекунанд: вазифаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа идораи миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музафариятҳои истиқлол ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон пурра пурзӯр мегардад. Аз ҷониби дигар айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраи камолоти зеҳниву ҷисмонии инсон мебошад. Идеологҳои ифротгароӣ воқеияти синну солӣ ва махсусиятҳои айёми гузариши ин даврони пурмаҳсулро дастрас кунонида кӯшиш мекунанд, ки ниятҳои нопок худро пеш аз ҳама дар байни ҷавонон ва наврасон паҳн намуда онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ ҷалб намоянд. Тавассути сомонаҳои иттилоотӣ ба сафи гурӯҳҳои муайян ва манфиатҷӯ тарғибу ташвиқ гаштани кирдорҳои террористӣ бо фиреб, ваъдаҳои калон ҷалб намудани ҷавонон ва амалиётҳои мусалаҳонаи давлатҳои ҷангзада ҷавонони сусиродаро бо роҳҳои нодуруст мебарад. Бинобар ин ҷавонони далелу ғаюри кишварро зарур аст, ки бо эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, ба давлату ватани хеш содиқ бошанд. Ифротгароён ҳатто таълиму тадриси баъзе илмҳои дақиқро инкор менамоянд, ҳоло он ки паёмбари ислом ҳадиси “Зи гаҳвора то гӯр илм биомӯз” албатта ҳама гуна илмро дар назар доштаанд, ки барои пешрафти ҳаёти инсоният мусоидат менамояд. Мо бояд руҳияи дунявиятро дар тафаккури аҳли ҷомеа сахт парвариш кунем. Ҷавононро лозим аст, ки аз имконияту шароити имрӯза босамар истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд, пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо таҳаммул андеша намоянд. Фақат бо ин роҳ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон расида метавонем. Суботи комили ҷомеаро, ки бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, ҳифз намоянд. Бинобар ин устодону омӯзгоронро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷавонон бештар корбарӣ намоянд зеро маҳс онҳое, шуури ҳуқуқии паст доранд, ки аз қонунгузории дохилии давлати худ воқив нестанд, кирдори ҷинояии худро, ки боиси марги дигарон мегардад, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баҳо дода наметавонанд. Чунин ҷавонон аксаран ҳисси миллӣ ва хештаншиносии омил надошта ба ҳар гуна некӣ ба аҷдоди худ арҷ гузошта наметавонанд ва аз сустиродагиву таҳқиқҳои кӯр-кӯрона ба чоҳи пуропуре меафтанд. Вазифаи омӯзгорон он аст, ки насли ҷавонро дар асоси арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба инсон тарбия намоянд. Пешвои миллат ҳамеша дар баробари бисёр масъалаҳои марбут ба тарғибу тарбия ва ҳам чунон баланд бардоштани сифати кадрҳои омӯзгорӣ таваҷҷӯҳ менамоянд, зеро мутахассиси соҳаи дониши кофӣ ва ҷаҳонбинии пешрафта набошад, насли бунёдкунандаи ояндаи босаодатро тарбия ба воя расонида наметавонад. Ҳар як омӯзгор бояд донад, ки бо эътибори Пешвои муаззами миллат ҷиҳати боло рафтани сатҳи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён роҳандозӣ гардидани озмунҳои “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ва “Илм фурӯғи маърифат” аз муҳимтарин тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва маърифати ҷавонон мусоидат намуда, дар маҷмӯ таҳкими пояҳои муҳими демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ нақши калиди мебозанд. Чуноне, ки сарвари давлат супориш доданд омӯзгорон бояд ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ тасияти ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар, масъалаи дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои назму насри адибони гузаштагони муосиро пеш аз ҳама барои худ ва донишҷӯён талқин намоянд, зеро мутолеаи китоб ва огоҳ гардидан аз таъриху фарҳанги гузаштагон ҳисси ватанпарастиро дар насли ҷавон тақвият мебахшад. Ин масъаларо дар мисоли муборизаҳои аҷдодони гузаштагонамон, аз ҷумла Темурмалик, Восеъ, ки далеливу шуҷоат ва мардонагӣ нишон доданд, тарбия кардан мумкин аст. Дар мисоли фаъолияти асосгузорони ходимони давлатӣ ва илму фарҳанг, қаҳрамонони Тоҷикистон, хислатҳои ватандӯстӣ, инсонгарии баланд ва ҷавонмардонаи онҳо роҳ нишон додан ба манфиати кор аст. Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои миллию давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар воло донистани манфиати давлату миллат сайю талоши пайваста ба таҳким намудани пояҳои иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори соҳаи давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти ҳар як фарди Тоҷикистони азиз мебошад. Ба хусус пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизми сиёсӣ вазифаҳои танҳо хадамотҳои дахлдор набуда, балки вазифаи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо бояд аз он ифтихорманд бошем, ки таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихи ба дастоварду пешравиҳои шумоён шарафёб гардем. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо фарҳанги табии ва мардуми оламшумури хеш дар ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҷаҳони муосир имрӯз саҳм мегузорад.

Замони имрӯза пур аз тазодҳо, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳо аст, ки дар минтақаю гуногуни ҷаҳон дар мубориза ба таъсиру нафуз, барои гирифтани манфиатҳо, таъсиру нуфуз, даст овардани сарватҳои табии нефт, газ, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғ. ифода меёбад. Сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораҳои зиёди гурезаҳо ба вуҷуд омадани норозигӣ мебошад, ки оқибат ба пайвастагии баъзе гурӯҳҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷиноят оварда мерасонад. Абарқудратҳо ҳамон шиори классикии ҳукумрониро то ҳол истифода мебаранд ва нисбат ба кишварҳои суст тарақикарда, сиёсати духӯрра, дурӯя ва меъёри стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Пешвои муазами миллат таъкид менамоянд, ки амалҳои даҳшатноки террористӣ ва экстремистӣ солҳои охир дар қитъаҳои гуногуни содир гардида, боиси ҳазорон марги одамини бегуноҳ шуда истодаанд. Ин суханони пешвои миллат моро водор менамояд, ки ба масъалаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ тавваҷӯҳи хоса зоҳир намуда дар самти муқовимат бар зидии ин падидаи хатарафзо устуворона фаъолият барем. Мусалам аст, ки ҳар давру замон нақшу рисолати зиёиён, олимон, устодон дар ҳалии масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа, дарёфти роҳи мусолеҳаомӯзи ҳама гуна ихтилоф, муноқиша, ва зидиятҳо барои дуруст ҳидоят намудани насли наврас, ҷавонон ва тамоми мардум хеле бузург аст. Яке аз рисолатҳои олимон тадбиқ ва дарёфти ҳамон омилҳо, сабабҳо, решаҳо ва ангезандаҳое мебошад, ки мардумро муттаҳид созад, ихтилофро аз байн барад, сулҳ, ҳамкорӣ, бародарӣ ва дӯстиро миёни халқҳо, миллатҳои ҷомеа таҳким бахшад. Ҳангоми сухан дар бораи созмонҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, ифротгароӣ сараввал мафҳумҳоро дуруст дарк намоем ва шарҳ дода тавонем, дар ин ҳолат чеҳраи асили терроризм, экстремизм, ифротгаро, хислат рафтору кирдор андешаву афкори ӯро муайян ва мушахас намудан мумкин аст. Экстремизм аз калимаи франсузӣ ва лотинӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳои ба амалҳои тундравона, ягравона гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ амалҳои тундравию якравӣ дорад. Экстремизм шахсро ба терроризм мебарад. Терроризм аз калимаи лотини гирифта шуда, маънояш зӯроварӣ ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Дар ин ҳолат инсон мехоҳад мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ куштор, тарконидан дар тарсу ваҳм амалӣ созад. Террор - ҷомеаро ба ҳолати тарсу ҳароз, ноумедӣ, оҷизу нотавонӣ кардан аст. Радикализм бе созиши гузашткунӣ, бетаҳамул ва ягдигарфаҳмӣ, амали кардани майлу хоҳиши худ кӯшишу фаъолият барои бо зӯрӣ ва фишор катъиян дигаргун кардани вазъият дар ҷомеа мебошад. Дар замони мо шахсони алоҳида ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки онҳо кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор, нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила, ҳатто амалҳои тундравона амалӣ созанд. Коршиносон манбаи андешаи асосии терроризм ва экстремизмро бо омилҳои равонии психологияи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идораи динӣ ҷудо мекунанд. Мубориза бо ин зуҳуротҳои номатлуб тамоми дониш ва нерӯи худро истифода бурда ба роҳ мондани силсилаи тадбирҳои судмандро тақозо менамояд.

Ҳошимова Ф.М., муаллими кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ