Аз ҷону дил дар хизматам

Шукри Худо мо ҳама мусулмонем, ба имону бо ору номусем, ҳамдигарро дуст медорему ҳангоми мушкили ба якдигар дасти ёри дароз мекунем. Ҳама мушкилиҳоро бо гуфтушунид аҳлона ҳал менамоем. Дар дини ислом ҳам омадааст: “Изои бандаи муъмин ҳаром аст” “Муъмин бародари муъмин аст”. Ба ҷуз мурдаро зинда кардан дигар ҳамаи корҳои рӯи замин ҳалшаванда мебошанд. Вале мутаъсифона инро нокасону хоиноннамефаҳманд ва силоҳ ба даст гӯё онҳо фидоии дини ислом бошанд тир ба сӯи бародари муъмини худ мекашанд. Ин тоифа инсонҳо толибон мебошанд, ки хулқу рафторашон ваҳшиёна одобашон аз одамигарӣ берун мебошад. Онҳо ҳатто ба мардуми худ раҳм намекунанд. Мардуми Афғонистон дар азоб гуруснаву сарсон. Аҷибаш он, ки барои занон таҳсилро низ маҳдуд карданд. Аз ин занони афғони ба эътироз баромаданд ва изҳори норозигӣ нисбати ҳокимияти толибон баён намуда буданд. Афсӯс сад афсӯз, ки ин бесарусомониҳо рӯз то рӯз ҳама ҷоро иҳота карда истодааст. Ба сари ҳокимият омадани толибон тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст.

Бани одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Ба ҷуз дарде оварад рузгор

Дигарузвҳоро намонад қарор.

Толибон барин инсонҳо бо роҳи гуфтушунид ва аҳлона ягон корро ба сомон расонида наметавонанд. Онҳо аз чаҳорчӯбаи одамигарӣ берунанд. Онҳо чи мехоҳанд? Чаро мехоҳанд? ба ҳама нофаҳмост. Вале онро бояд гуфт, ки онҳо ягон чизро намефаҳманд ба ҷуз тирандозӣ.

Ба ҳамаи мардуми бофарҳангу меҳнатқарини Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва баҳри ободии кишвари ҷоно-ҷонамон камари ҳимат бубанданд, илм омӯзанд, зеро имрӯзбарояшон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад. Мо бояд исбот карда тавонем, ки Тоҷикистон давлати бузургу бофарҳанг аст ва садҳо олимону мутафаккиронро ба воя расонидааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон фаъолият доранду номбардори тоҷикон ҳастанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ