ҶАВОНОН ВА ХАТАРҲОИ ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ
Ҷомеаи муосир пур аз тазодҳо, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳо буда, рақобати шадиди абарқудратҳо ва бархӯрди манфиатҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, мубориза барои афзудани таъсиру нуфуз, ба даст овардани сарватҳои табиӣ, нафт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғайра сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи зиёди гурезагони иҷборӣ, ба вуҷуд омдани норозигӣ ва оқибат пайвастани баъзе гурӯҳҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷиноят мегардад. Хадамоти махсуси давлатҳои Ғарб дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ заиф ва ба сиёсати абарқудратон носозгор буда, мухолифони ҳукумат ва ҳатто гурӯҳҳои террористиву экстремистиро таъсис, ҷонибдорӣ ва аз лиҳози молиявӣ, моддӣ, силоҳ ва маънавӣ таъмин менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Ин суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти муқовимат бар зидди ин падидаи хатарафзо устуворона фаъолият намоем.
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дифоъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Экстремизм – аз калимаи франсузӣ ва лотинӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан ва аз андоза гузаштан аст. Экстремист – шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) шахсро ба терроризм мебарад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эҳтимол аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он шояд ба ифротгароӣ сабзида расад.
Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ ба миён меояд.
Дар сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат мавқеъ ва сарнавишти ҷавонон хеле рӯшан ва асосӣ ба шумор меравад.Пешвои миллат сиёсати ҷавононро яке аз муҳимтарин самтҳои ҷомеа ба шумор оварда, муқарраран дар ҳар суханрониҳои худ таваҷҷуҳ ва боварии худро нисбат ба насли ҷавон изҳор медоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру ва хидмату азамати ҷавонони болаёқат ва ватандӯсту худшинос боварӣ доранд ва борҳо изҳор доштаанд, ки ин давлату миллат мероси насли ватандӯсту худогоҳхоҳад буд.
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон нақшу рисолати зиёиён, олимон, устодон дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа, дарёфти роҳи мусолиҳатомези ҳамагуна ихтилоф, муноқиша ва зиддиятҳо, ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас, ҷавонон ва тамоми мардум хеле бузург аст. Яке аз рисолатҳои олимон таҳқиқ ва дарёфти ҳамон омилҳо, решаҳо ва ангезаҳое мебошад, ки мардумро муттаҳид созад, ихтилофро аз байн барад, сулҳ, ҳамкорӣ, бародарӣ ва дӯстиро миёни халқҳо, миллатҳо ва ҷомеа таҳким бахшад.
Имрӯз иддае аз дини поки Ислом сӯйиистифода намуда, даст ба амалҳои ношоиста, аз қабили қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз меҳвар ва моҳияти ин дини пок огаҳ нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ғояҳои миллӣ ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин васила ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, қадри соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи дониш, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи номатлуби имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки мушкилоти ҷомеа ҷаҳонӣ мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона раҳандозӣ намуда истодааст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».
Кушиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, хосатан, ҷавононамон фаҳмонида тавонем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.
Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Бо боварии комил метавон таъкид дошт, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд.
Хушрӯзи Ҷамолиён,
устодони Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»