Ҷавонон алайҳи терроризму хурофот

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Терроризм падидаи манфӣ ба ҳисоб рафта, яке аз усулҳои ба амалбарорӣ ва тарзи бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифода аз афкори даҳшатовар бо роҳи таҳдид ва зӯроварӣ дар вуҷуди одамон мебошад.
Мақсад аз ин амалу кирдори бераҳмона – ноором кардани вазъи сиёсӣ, ба вуҷуд овардани зиддият дар байни қишрҳои ҷомеа, паст намудани нуфузи давлатӣ, эҷоди бесарусомониҳо дар миёни дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократиява шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “аҳриманӣ” маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.
Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад.
Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад.
Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан буда, экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстемизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд амал менамоянд.
Ба саволи – «сабабу решаҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби ҷавонон дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд?» ҷавоби дақиқу мукаммал додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосию умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Якум, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд. Дар ин ҳолат шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бештар омили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, баъзе аз онҳо фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо мешаванд ва мушкилоти худро бо ин роҳу васила ҳал кардан мехоҳанд.
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ, танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Сеюм омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо кишварҳои Ғарб сиёсати духӯра, бурӯя ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Муттаасифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро “Қуръон”, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки ин амали норавост.
Чорум, рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани гурӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷинояткорон мегардад. Абарқудратҳо ҳамон шиори классикии “тақсим куну ҳукумат рон”-ро то ҳол истифода мебаранд, бо татбиқи сиёсати “духӯра” дар кишварҳои сусттарақикарда мухолифони ҳукумат, ва ҳатто гурӯҳҳои террористию экстремистиро таъсис, таъмин ва тарафдорӣ менамоянд. Давлатҳои абарқудрат, махсусан давлатҳои Ғарб ба мақсади соҳибӣ кардани нефт, фурӯхтани аслиҳаи кӯҳнашудаи худ, ки аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдро ба даст медароранд, аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ қувваи кории арзонро муфт соҳиб мешаванд, хариду фурӯши узвҳои бадани инсон (трансплантатсия)-ро ба тиҷорати сердаромад табдил додаанд, бо баҳонаи кӯмаки башардӯстона бо ворид сохтани қӯшунҳои ҳарбии худ барои баланд бардоштани маҳорати ҷангии онҳо, дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Сурияву Ироқ, ки мардумашон зиндагии тинҷу ором доштанд, “Давлати исломӣ”-ро маблағгузорӣ ва ташкил намуда, мардуми ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намудаанд.
Панҷум, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу алсиҳа. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд. Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд. Тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.
Шашум, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурўҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.
Ҳафтум, як чизи ҳайратовар низ мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ба ҳеҷ чиз мўҳтоҷ набударо низ дидан мумкин аст ва инро бояд равоншиносон, сотсиологҳо ва дигар равияҳои илмҳои ҷомеашиносӣ таҳлил намоянд.
Ҳаштум – қасдгирӣ, ғараз, хусумат. Баъзе шахсон, гурўҳҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба сари мансаб меоянд, пулу сарват ҷамъ мекунанд ва дар ҳолати фош шудан аз мансабу сарват маҳрум шудан ба гурўҳҳои зиддиҳукуматӣ, экстремистӣ, террористӣ пайваст мешаванд ё онҳоро дастгирӣ менамоянд.
Нўҳум- ба хотири обрў, нуфуз, соҳиби мансаб, сарвату боигарӣ шудан, баъзе ходимони дин равия ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ – ифротию тундравро таъсис медиҳанд.
Даҳум – баъзе шахсон, хусусан ҷавонони камтаҷриба ва камтарбия ҳастанд, ки табиатан ҷангҷӯ, моҷароҷӯй ва ҳангоматалаб буда, бо ҳар роҳу васила ҳатто бо ҷиноят ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ, террористӣ худро намоиш додан ва дар ҷомеа ба “обрӯ”, “нуфуз” ва “эътироф” соҳиб шудан мехоҳанд.
Ёздаҳум – омили олами ҷиноӣ, ҷинояткорон. Баъзе шахсони ҷинояткор, аз ҳабс гурехта, зери кофтуков қарор дошта барои халосӣ аз ҷазо ва ҳимояи худ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд.
Дувоздаҳум – фанатизими (таассуби) динӣ, таҳаммулнопазирӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар.
Оид ба пешгирии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй бояд чунин чораву тадбирҳо андешида шаванд:
- дар бораи ҳадафҳои нопоку ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣаз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву варақаҳо бештар омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд;
- дар ин маводҳои тарғиботӣ оид ба омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумот пешниҳод карда шавад;
- чизи аз ҳама муҳим - таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳо чи мехоҳанд, ҷомеаро ба куҷо мебаранд, заминаи иҷтимоии ин ҳизбу ҳаракатҳо кист, дар байни кадом қишри ҷомеа ҷонибдорони худро доранд, ба кӣ такя мекунанд, бояд муайян карда шавад;
- ошкор сохтани мақсади аслии онҳо, роҳу услуби корбариашон ва чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳим аст;
- муайян намудани хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолияти ифротӣ, тақрибкорӣ, моҷароҷўӣ ва ҷудоиандозии онҳо бо далелу рақамҳои мушаххас собит карда шавад;
- таҳлили появу заминаи пайдоиши ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳоро кадом қувваҳо, дар кадом кишварҳо ҷонибдорӣ менамоянд, таъминоти молиявӣ, тарғиботӣ (таъмин бо адабиёт) ва ғоявии онҳоро ошкор сохтан низ чизи муҳим аст;
- талили мавқеи абарқудратҳо ва манфиати онҳо дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ошкор сохтани муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ яке аз ҷанбаҳои муҳим аст;
- таҳлили мавқеъ, мақсад ва мароми баъзе кишварҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар зери шиори дўстӣ ва ҳамкорӣ ғояҳои бегона ва зарроварро низ роҳандозӣ менамоянд;
- кори таблиғотӣ-ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш бошад, набарои маъракаороӣ, мавсимӣ ва барои ҳисобот ба боло;
- Аз имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рўзномаю маҷаллаҳо бештар истифода бурдан лозим аст;
- мутассифона барномаҳои телевизионии мо бештар фароғатӣ, аз консертҳои доимии якрангу дилгиркунанда ва аз рекламаи «ситораҳои» бефурўғ, ки телевизионро иҷора гирифтаанд, иборат аст. Бояд барномаҳое бештар тарҳрезӣ шаванд, ки дарди ҷомеа, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундравро тарғиб намоянд;
- Ғоя, идеологияро ба мағзи сари инсонҳо, мардум бо ҳар роҳу усули таъсировар, собитқадамона ҷойгир кардан зарур аст, вагарна ҷойи холиро ҳатман ғояи бегона ва ба назар «ҷолиб» ишғол менамояд;
- Ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурўҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифт;
- ҳангоми корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти ин ё он мақомот, шахсони алоҳида бо далел, рақам, бе таҳқири шахсият ба таври ошкоро танқид шуда, роҳҳои бартараф кардани камбудиҳо нишон дода шавад. Таърифҳои бардуруғ, яктарафа натиҷаи баръакс меорад;
- таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шўҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад;
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ;
- тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ;
- танқиди ошкорои шахсони қонуншикан, ришвахўр, ахлоқан нопок, бегонапараст ва манфиатҷў;
- хотима гузоштан ба таблиғу ташвиқи маъракаи ҳаҷ, нишон додани дабдабаи гусел ва қабули ҳоҷиён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳаҷ яке аз фаризаҳо ва талаботи аҳкоми шариат буда, ҳеҷ ҷои таблиғу ташвиқ ва таърифу тавсиф надорад ва ин кори муқаррарии ҳар як мусулмон аст. Дар дигар кишварҳои исломӣ онро ба тариқи телевизион таърифу тавсиф намекунанд. Мутаассифона вақтҳои охир мусулмонӣ ба тариқи «реклама» аз шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб карда мешавад;
- баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд;
- нисбати вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошад;
- аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбад ва ба он баҳои воқеӣ диҳад;
- ифтихори миллӣ, садоқат ба ватан ва саҳм гузоштан дар ободии он, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро воситаи комёбиҳои беназир ва хушбахтии беканор донад;
- воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводҳои шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намояд, зеро гуруҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.
- танҳо филмҳои тарбиявиро тамошо кунад ва аз филмҳои инъикоскунандаи қатлу куштор, бераҳмиву бемеҳрӣ даст кашад;
- дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводҳои илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад;
- эҳтироми атрофиёнашро новобаста аз синну сол, миллат ва нажод ба ҷо орад;
Ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ӯро хурду бузурги хонадон бо умедҳои созанда менигаранд ва баҳри хушбахтии ӯ талош меварзанд;
Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».
Мо – аҳли устодону омӯзгорон терроризм ва ифротгароиро комилан маҳкум менамоем!
Аюбзода Манижа, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ