Ҷавонон алайҳи терроризму экстремизм

“Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва экстеремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тогҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тогҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъол ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба монанди норасоии оби ошомиданӣ ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шинохта шудааст. Далели ин гуфтаҳо, инчунин пешниҳоди охирони сарвари давлат оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар шаҳри Ню-Йорк мебошад. Бояд қайд кард, ки таҳти таъсири ташвиқоти экстремистӣ ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳамма ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҳануз ҳам идома дорад. Инчунин пайдоиши халқҳои нави ҳаракат ва созмонҳои тундрав ба назар мерасад.

Ақидаҳои аз тарафи ин ташкилотҳои террористӣ паҳншаванда ба шуури шахсони алоҳида таъсир расонида ва ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, фарҳангию маънавиро дар замири ҷавонон коҳиш дода истодааст. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 қабул ва мавриди амал қарор дода истодааст. Дар воқеъ терроризм ва экстремизм айни ҳол аз хавфноктарин падидаҳои номатлуби аср барои сулҳу оромии сокинони ҷаҳон ба шумор мераванд. Он қатлу куштор ва хунрезиҳои шадид дар як қатор минтақаҳои олам, ки имрӯзҳо рух дода истодаанд, далели раднопазири онанд. Терроризм ва экстремизм душмани башарият ба ҳисоб рафта, инсон дар назди чунин гурӯҳҳои хатарзо заррае ҳам қадр надорад. Маҳз аз ҳамин сабаби амалҳои номатлуб ва даҳшатовари гурӯҳҳои террористӣ имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди ҷаҳон бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, кӯдакони онҳо ятим мондаанд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз Тоҷикистони мо бузургтарин неъматҳои давлатдорӣ -сулҳу оромӣ ва ваҳдати комилро дорад ва сокинонаш дар сояи амну осоиш умр ба сар мебаранд. Аз ин лиҳоз омӯзгорон, падару модарон ва тамоми кормандони сиёсию иҷтимоиро зарур аст, ки барои ҳукмрон будани сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистони азизамон ба омилҳои дар зер овардашуда аҳамияти доими дода, чорабиниҳои тарбиявиро дар байни шаҳрвандон гузаронанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм ба чунин омилҳои зерин асос ёфта истодааст:

-тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаҳои интернет

- ҷалб намудани ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмиллалии экстремизмию террористӣ

- кӯшишҳои азҷониби ин ташкилотҳо амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон

- таҳти таъсири ташкилотҳои экстремистию террористи қарор гирифтани шаҳрвандони дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ таълимгиранда ва инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар кишварҳои

- дар қаламрави мамлакат ҷойгир шудани пойгоҳҳои тайёркунии ҷангиёни ташкилотҳои террористие, ки қасди ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн намудани фаъолияти худро доранд.

Боз қайд намудан ҷоиз аст, ки чунин омилҳо ба паҳншавии экстремизм, шомилшавии афроди алоҳида ба гурӯҳҳои тундрав ва аз тарафи онҳо содир гаштани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ дошта дар оянда инҳо мебошанд:

- нокифоягии чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ,таъминоти илмӣ методӣ,ҷалби воситаҳои ахбори омма дар пешгирии экстремизм ва терроризм

- пурра истифода нагардидани зарфиятҳои низоми маориф ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон вобаста ба тарбияи сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон

- аз ҷониби гурӯҳои тундгаро истифода намудани мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, коҳиши сарбории андозҳои соҳибкорон, бекорӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ масъалаи манзил. Чӣ хеле, ки Асадии Тӯсӣ қайд кардааст:

Ҷавононро раҳу раъйи гардон бувад,

Дилаш бурдан аз роҳ осон бувад,

Гурӯҳои террориству экстремистӣ бештар ҷавонони сустирода, хусусан муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ эҳтиёҷдоштаву маърифати комили ахлоқӣ надоштаро ба доми худ меафкананд. Муҳоҷират тарафҳои мусбиву манфӣ дорад. Баъзе аз муҳоҷирони меҳнатиӣ аз сабаби дониши кофии ахлоқи ва маънавӣ надоштанашон, даст ба қонуншиканию ҷиноятҳо мезананд. Бояд қайд намуд, ки ҳар як халқу миллат кӯшиш ва заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад, ки насли навраси худро ба ҳаёт ва меҳнат сазовор омода намуда, таҷрибаи ҳаёти ҷамъиятии худро ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ба насли омӯзонанд.

Имрӯз ҷомеаи навини мо дар марҳилае қарор дорад, ки бунёдкориву созандагӣ дар меҳвари он қарор ёфта, нерӯву қудрати ҷавонон аз рукнҳои муҳимтарини амалияи ин ҳадафҳо ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки таваҷҷӯҳ ба мақому эътибори ҷавонон барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аз махсусиятҳои асосии сиёсати Сарвари давлат , мӯҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон буда, дар ҷодаи дастгирии ҷавонон ва такя ба қудрати бузурги онҳо зоҳир мешавад. Бинобар ин падару модарон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, таҳаммулпазириву меҳнатпарастӣ ва боҷуъативу озодандешӣ тарбия намоянд. Зеро пойдориву мустаҳкамии давлати миллӣ ва ҳисси хештаншиносии ҷавонон аз тарбияи дурустионҳо бар меояд. Зеро тарбияи ахлоқию маънавӣ таъсир расонидан ба дунёи маънавии шахс аст. Он натанҳо дар инсон сифатҳои фаҳмиши зебоӣ, балки фаъолияти нексириштӣ, росқавлӣ, боадлу инсоф, саховат манд ва мисоли онро ба вуҷуд меоварад. Ахлоқ унсурест, ки қисмати дигари тарбияро ба ҳам мепайвандад ва асоси фаъолияти инсонро ташкил медиҳад. Дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон ибрати шахсии устодон, омӯзгорон ва волидайн нақши бузург мебозад. Аз қадимулайём ахлоқу маънавиёт дар ҳама давру замон дар мадди назари аҳли ҷомеа қарор дошт. Бидуни ахлоқу маънавиёт ба ояндаи дурахшони фарзандон умед бастан нашояд. Аз ин лиҳоз, яке аз усулҳои тарбияи комили ҷавонон ва эмин доштани онҳо аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ин ба шуғл ва кор фаро гирифтани онҳо мебошад.

Зикр намудан бомаврид аст, ки ҷавонон ҳамеша ба суханҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намоянд. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошанд ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкорӣ намоянд. Ононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зираки пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа пайваста кӯшиш намоянд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳҳи ифротгаре ирода худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми меҳнатқарини Тоҷикистони азизамонро гирифтори балову кулфат намоянд. Ҳар як фарди бонангу номус ва огоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, он натанҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти миллӣ кӯшиш намоем ва ватанамонро дӯст дорем. Аз рафтору амалҳои ноҷавонмардонаи аъзоёни гурӯҳҳои ифротгарои хулосаи дуруст бароварда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои сар задани ҳар гуна ҳаракатҳои хусусияти ҷангҷӯёна дошта роҳ надиҳем. Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи ҳукумату давлат, балки вазифаи қарзии ҳар як фарди ватандӯсту гуманист, ҳаряк аъзои ҷомеаи мутамаддин аст. Бояд рисолати ваҳдатпарастӣ ва сулҳҷӯёни хешро натанҳо дар назди миллату давлаи хеш,балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сомон расонида бошем. Зеро ояндаи Ватан, ояндаи давлат, ояндаи миллат дар дасти ҷавонони кишвар мебошад.

Офтоби бахти мо тобанда бод!

Бартар аз имрӯзи оянда бод!

Чун диёри ваҳдатистон гаштааст,

Тоҷикистон то абад поянда бод!

Абдурауф Муродӣ

Сатторова Махфират, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ