​Арзишҳои миллӣ рукни муҳими муқовимат терроризм ва ифротгароӣ

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимуаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 апрели соли 2000дар Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар Вена оид ба «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» аз он ҷумла терроризм қайд намуда буданд: аз замоне, ки Тоҷикистон соҳибистиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оид ба терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзид. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амали намуда бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимуаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон баистиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлатӣ демократии дорои иқтисоди бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромииҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ин ҷараëни бонизоми ислоҳотрохалалдор месозад.

Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар онҳо дар мамлакати мо нишон медиҳад, аксарияти заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиëсӣ содир шудаанд. Одатан, ашхоси шинохта, ходимони сиëсӣ, олимон, низомии нерӯҳои ҳомии сулҳ, рӯзноманигорон, хизматчиёни Тоҷикистон ҳадафҳои сӯикасд қарор мегирифтанд.

Ба назари мо, гараз аз чунин амалиëт ноором сохтани ҷамъияти сиёсӣ ва халалдор гардонидани ҷараёни ислоҳот аст. Терроризми ҳозира хосияти байналмилалӣ касб кардааст. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид ки террористонибайналмилалӣзери ливои экстремизми сиёсӣ ва таасуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Тоҷикистон тарафдори чунин нуқтаи назар аст, ки мубориза алайҳитерроризм аз масъалаҳои умуми мебошад, ки башарият имрӯз ҳамба онҳо дучор омадааст. Мо терроризмро бо тамоми шаклу зуҳуроташ маҳкум менамоем ва чунин мешуморем, ки амалиёти тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар роҳи решакан кардани ин шарр дар сатҳи ҷаҳон, минтақа ва миллӣ зарур аст. Хавфи авҷ гирифтани терроризми байналмилалиро на фақат ҳамсояҳои мо дар минтақа, балки амалан тамоми ҷомеаи ҷаҳон баробар дарк намудааст, ки ба ин асноди ҷамъбастии дар мулоқоти САҲА дар Истамбул, дар мулоқотҳои гуногуни давлатҳои ИДМ қабулшуда шаҳодат медиҳанд.

Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардонидан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти манфии ҳаëти байналмилалӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст.

Мушоҳидаҳои байналмилалӣ қаблан роҷеъ ба ин масъала имзошуда масъалаи терроризмро ҳамчун масъалаи алоҳида ҷудо накарда, балки онро дар баробари масъалаҳои дигари дорои характери ҷиноӣ, баррасӣ менамоянд.

Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада, ҳамзамон терроризми байналмилалӣ дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгири намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод карданӣ мешавад.

Бинобар ин имруз тартибу таҳия ва имзои муошҳидаи ягонаи мукаммал зарур мебошад, ки мафҳуми терроризм, пеш азҳама терроризми минтақавиро муайян карда, дар он самтҳи мушаххаси ҳамкории имконпазири байналмилалӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар намуда, муҷозоти муқобили давлатҳое, ки аз ҳамкори саркашӣ мекунанд вагуруҳҳои террористиро дастгирӣ менамоянд, пешбинӣкарда, ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари иловагии нормативиро имконпазир мегардонанд, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризмро ба низом медароранд. Ҳамчунин дар қонунҳои миллӣ терроризмро маҳз ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафи сиëсӣ маънидод кардан зарур аст.

Ба назари мо дар амал татбиқ намудани ин ва пешниҳодҳоидигаре, ки дар ин ҷамъомад оид ба масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ба миён гузошта мешаванд, муқаррар намудани шаклу усулҳои самарабахшиҳамкории давлатҳо дар соҳаи ба роҳ андохтани муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ҷиноятҳои минтақавӣ иқдоми муҳим гардида метавонанд.

То рафт таҳким ёфтани суботи ҷамъиятию сиёсӣ, ошкор шудани як қатор гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати иҷрои фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимуаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин гузаронидани дигар ҷорабиниҳои муайян, ки ба мустаҳкам намуданиқонуният ва тартиботи ҳуқуқӣнигаронида шудаанд, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ натиҷаҳои мусбат дода истодаанд.

Ба касе пӯшида нест, ки ҷинояткории муташаккил ва хусусан терроризм ба яке аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ табдил ёфтаааст. Ин проблема, ки ҳоло характери трансмиллиро ба худ гирифтааст, на танҳо сокинони мамалакати моро, балки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳаминро бояд қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти комил бо як қатор мушкилоти глобалӣ дучор омад, ки терроризм, диверсия, гаравгонгирӣ, одамдуздӣ аз қабили онҳо буда, тибқи Конститусия ва мутобиқи қонуни ҷиноӣ бар зидди асосҳои сохтори давлатӣ, озодии шахс ва шаъну шарафи шаҳрвандон равона шуданд ва тасодуф нест, ки қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навъи ҷиноятро ба категорияи ҷиноятҳои маҳсусан вазнин мартбут доштааст.

Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки бисёр кишварҳо дар остонаи солҳои 70 - ум ва 80 - ум саҳнаи амалиётҳои фаъолонаи ҷиноятии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст гардид, ки дар амалиёти онҳо тамоюли мушаххаси террористӣ мушоҳида мегардид. Пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст, пеш аз ҳама ба бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ, якбора паст гардидани сатҳи зиндагии табақаҳои ҷудогонаи аҳолӣ, моҷароҳои миллӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва наҷодӣ марбуд аст.

Дар баробари ин пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо ба парокандагии давлат сабаб гардид, балки он боиси вайрон гардидани як системаи мукаммали бехатари дар ҳудуди собиқ кишвари Шӯравӣ гашт. Ҳамчунин системаи ягонаи қонунгузорӣ «низ дар кишварҳои навташкилёфтаи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ба тағйироти ҷиддӣ дучор гардида, дар баъзе аз кишаварҳо ин раванд ба рӯҳафтодагии ҳуқуқӣ ва ҳамзамон ба талош барои ҳокимият ва зиддиятҳои сиёсӣ сабаб гардад.

Маъмулан ин зуҳурот дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои навташкилёфта ва дар манотиқе, ки дар он ҷо ҷангҳои шаҳрвандӣ сар задаанд, аз ҷумла Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон бештар мушоҳида мегардад. Ихтилофи андешаҳо дар масоили гуногун ба зиддиятҳои мусаллаҳона табдил гардида, маҳз ҳамин гуна вазъи бамиёномада боиси дар ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани гурӯҳҳои террористӣ гардид, ки аз тарафи онҳо амалҳои террористӣ нисбати намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, зиёиён, ходимони давлатӣ ва кормандони соҳаи фарҳанг, шахсиятҳои соҳибэҳтирому боэътибори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ сурат гирифт.

Замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва авзои ҷамъиятию сиёсӣ муташанниҷ буд, тундравони мазҳабӣ ва террористон ба қатли одамон, ғорати молу мулки онҳо, тахриби даҳҳо корхонаю ташкилотҳо, муассисони фарҳангӣ даст заданд. Аз тариқи террор тундравон намояндагони аҳли фарҳанг ва мақомоти давлатии кишварро ба қатл расониданд. Масалан: Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, академик М.Осимӣ, вакилони парлумони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон М. Назаршоев, Олимов А, Кенҷаев С, М. Шералиев, олимони шинохта Ю.Исҳокӣ, Ғуломов М, муовини сарвазири ҷумҳурӣ И.Назриев, хабарнигорони шинохта М.Олимпур ва Д. Раҳмоналиев инчунин теъдоди зиёди чеҳраҳои шинохтаи кишвар аз дасти террористон ба қатл расиданд.

Аз рӯи моҳияти худ терроризм яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини даврони муосир буда на танҳо характери миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Чун қоида амалҳои террористӣ метавонад, гуногунранг бошанд, аммо ҳамаи онҳоро ду унсур муттаҳид месозад. Терроризм, қабл аз ҳама ба шикасти ҳокимияти давлатӣ ва дар мафкураи аҳоли ҷой додани ҳиссиёти тарсу таҳлука, беҳимояти бо роҳи фишору зӯроварӣ равона карда мешавад. Мубориза алайҳи терроризм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Боз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимуаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буд: «Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амали мегардонад. Тоҷикист он нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гаштааст, дастгирӣ менамояд. Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем».

Терроризм аз иқрори ростинӣ ҷиддияти масъала то даъвати мубориза бурдан ба он, бахусус аз сӯи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва як қатор ташкилотҳои давлатӣ аз ҷумла институтҳои ҳифзи ҳуқуқ, муҳокимаву қазовати мухолиф ва радикалиро ба бар меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморад ва эҳтиром менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида бахшида дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои дар Эъломияи ҳуқуқи башар пешбинӣ шударо муқаррар менамояд ва барои риояи онҳо кафолатҳо муайян кардааст. Ин меъёри конститусионии амалии бевосита дошта иҷрои онҳоро давлат таъмин менамояд. Қонунгузории Ҷумҳури муқаррароти Конститутсияро инкишоф дода, воситаҳои мушаххаси таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки нисбати терроризм, ки воситаҳои инсонро ривоҷ дода, баҳри амали онҳо чораҳо андешад.

Мо бояд бар зидди ҳамаи он мамониятҳо, ки садди роҳи пешрафти Ҷамъияти мо ҳастанд, мисли қонуншиканӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон, хариду фурӯши одамон, терроризм муборизаи беамон барем.

Бобоева Хуршеда, ассистенти кафедраи педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ