​АРЗИШҲОИ АДАБӢ ВА МИЛЛӢ ДАР МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОЙӢ ВА ЗУРОВАРӢ

Фалсафаи инсон ва ҷойгоҳи он дар низоми идоракунии ҷаҳон аз масоили муҳиме аст, ки танҳо марбут ба шинохти як миллат ё дину маҳзаб ва ё фирқаҳои мухталиф маҳдуд нест, балки дарки воқеии нақши инсоният дар ҳаллу фасли муҳимтарин муаммоҳои бузурги олам дар меҳвари андеша ва афкори маҷмӯи миллатҳо, халқияту ҷараёнҳои фикрӣ, адёну мазоҳиб қарор гирифтааст. Дарки азамати инсон ва қудрату нерӯмандии маънавиву фикрии вай ба шумори аслитарин авомиле ҷой дорад, ки дар таъмину таҳкими пайванди соири гуногунандешиҳои қавмиву миллӣ ва мазҳабӣ нақш доред, зеродар меҳвари ҳамагуна таълимот ва ақидаҳо инсон бо ҳамон қудрати бар вуҷуди вай атонамунаи Офаридгор дар маҷмӯи афкору эътиқод ё ба таъбири Ҳофиз ҳамон қуръаи фоли ба номи ӯ задашуда, ки дар китоби муқаддаси Қуръон «бори амонат» унвон мешвад, ҷилваи равшан дорад. Шарҳи рӯшани ин маънӣ ҳамоно каломи Мавлоност, ки фармуда:

Ҷумла як зотанд, аммо муттасиф,

Ҷумла як маъно, иборат мухталиф.

Руҷӯъ бар ин фалсафаи инсоншинохтӣ дар ҷаҳвари таълимоти адён ва мазоҳиб аз қабл иртибот бар он мегирад, ки сарнавишти башарият ва ҳаллу фасли маҷмӯи муаммову мушкилоти он ҳамоно дар маърифати дурусти ҳақиқати ҳамон як инсон, берун аз тааллуқоти ақидаву эътиқодӣ, зоҳириву забонӣ ва милливу қавмӣ нуҳуфтааст. Ҳамин ваҳдату ягонагии асолати инсонӣ ба истилоҳ олами кабирро ба вуҷуд овардаву инсонҳоро дар моварои ҳама марзу маҳдудаҳо муттаҳид менамояд. Маҳз, ношинохтагии ҳамин матлаби муҳим ва ба таъбири маъруф «ваҳдати инсонӣ» омили аслии сар задани маҷмӯи ҷангу хушунат, нифоқу душманӣ ва дигар харобкориҳо дар сайёра миёни одамон гардидааст. Таваҷҷуҳи амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханварониву мақолот ва осори илмии хеш ба ҳамин масъалаи муҳим дар навбати аввал даъвати на танҳо мардуми кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарки воқеии ин ҷавҳари фалсафаи умумибашарӣ ба шумор меравад.Бо дарназардошти маърифати моҳият ва аслу бунмояи таълимоти тамоми динҳои ҷаҳонӣ дар суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон хеле бамаврид таъкид доштаанд, ки «Ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».

Маърифати дурусти Пешвои миллат аз ин муаммои мубрами замони муосир шарҳи воқеияти он аст, ки имрӯз бояд як миллати воҳид ё мардуми ҷудогона ба танҳоӣ дар роҳи ҳаллу фасли ин муаммои умумибашарӣ қадам бардорад, балки тамоми башарият дарк намояд, ки натиҷаи ношинохтагии ҳамин ваҳдату ҳамдилии миллату халқиятҳо чӣ дар сурати муборизаи абарқудратҳо чӣ мушкилоте бар сари инсоният оварда, ба таъбири роҳбари давлати “вазъи зиндагонии олитарин ҷавҳари офариниш- инсонро дар гаҳвораи ӯ рӯз ба рӯз мушкил мегардонад”.

Дар ин суханронии Пешвои миллат маҷмӯи ин мушкилот дар навбати аввал бар сурати густариш ёфтани ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм дар ҷаҳон, афзоиши бемориҳои сироятӣ, дар мисоли нуфузи бемории норасоии маснуияти бадан, камбуди оби нӯшокӣ ва асари он бар рӯзгори миллионҳо нафар афроди сайёра шарҳу тафсир ёфтааст, ки ҳосили он барҳақ бар сари худи инсоният фоҷиаҳои фаровонеро эҷод кардааст. Танҳо бо сабаби нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёраи замин ҳамасола азият кашидани 1 миллиону 400 нафар кӯдак ва дар ҳар дақиқа фавтидани як нафар аз онҳо, мушкилоти беш аз 800 миллион аҳолии олам бар асарикамбуди ғизо, аз Ватан маҳрум шудани 70 миллион аҳолии сайёра дар таъсири ҷангҳои фарогири ҷаҳони имрӯз дар шумори бузуртарин муаммоҳои инсоният ба шумор мераванд, ки бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар ҳаллу фасли мусолиҳатомези ин масоил ва ба ҳамон мақоми аслии худ – инсон, яъне ҷаҳвари офариниш қарор додани он биандешанд. Барҳақ, Пешвои миллат бо таҳлили амиқи ин вазъияти хатарзо ба сарнавишти инсон ҳамагонро ҳушдор доданд, ки инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад”.

Аз ин рӯ, дар меҳвари андешаҳои Пешвои миллат ин дастур ва ҳидояте қарор мегирад, ки бар асоси он муносибати ҳар яки мо ба чунин вазъияти ба амал омада ва ҷустори роҳу равиши раҳоӣ аз он мушаххас шудааст: “Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст».

Барои раҳоӣ аз ин мушкилоти умумии инсонӣ расидан ба қадри истиқлолияти миллӣ, оромишу субот ва ваҳдати миллӣ омили муассир ва шеваи матлуб маҳсуб меёбад. Мо ҳазорон шаҳодатеро дар афкор ва андешаҳои бузургони хеш дар таърихи гузашта дорем, ки ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз ин муаммоҳоро маҳз дар шинохти мақоми меҳварии инсон ва дарку маърифати сарчашмаи ягона доштани тамоми башарият дарёфт намудаанд. Адабиёти оламшумуми мо дар хотираи хеш ҳазорон гуфтор ва андешаву афкорро чӣ дар қолиби осори манзум ва чӣ осори мансур муҷассам дорад, ки ҳамагӣ дар роҳи муқовимат ба чунин омилҳои тахрибкори тафаккур ва зарфияти маънавии инсон баён гардида, на танҳо меросбарони худи ин адабиёт, балки тамоми башариятро ба дарку шинохти азамати инсон дар қаламрави офариниш ва мақому ҷойгоҳи ӯ даъват менамояд. Ҳатто агар ба нахустин намунаҳои осори хатии куҳани миллати мо – маншури Куруши Кабир масъалаҳое ба миён гузошта шудааст, ки инсонро ба иҷтиноб аз ҷангу куштор, ба сулҳу оромиш, озодиву истиқлоли ақидавӣ ва баробарӣ даъват мекунад. Куруш вақте бо артиши хеш ба Бобул ворид мешавад, дар ин маншуроти хеш дар навбати аввал наҳваи суруди хешро ба гунаи мубаллиғи сулҳу оромӣ чунин таъкид медорад: “Артиши бузурги ман ба сулҳу оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд”.

Дар вусъати ин ҷумлаи кутоҳ азамати маъноии инсонгаройӣ нуҳуфааст, зеро ҳатто ҳангоми ворид шудан ба сарзаминҳо ё анҷоми юришҳо ин шахсияти барӯманди таърихи миллати мо шеваи хосаи ворид - бо сулҳу оромӣ ёдовар мешавад, ки асари он ба мардуми манотиқи дигар ҳеҷ мазаррате эҷод намекунад. Ин усул дар вуҷуди хеш ҷаҳоне аз фалсафаи инсонгаройии Куруши Кабирро бозтоб мебахшад, ки барои мо меросбарони ӯ сабақи бузург аст.

Ҳодисаҳои эктремистӣ ва террористе, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар кишварҳои Сурияву Ироқ ва манотиқи дигар анҷом доданд, нишон дод, ки амалкардҳои берун аз қавонини ақлонии онон барои аз миён рафтани чӣ миқдор мероси маънавии ин халқиятҳо, ки таърихи хеле куҳан доранд ва чун ёдгориҳои беназири таърихи башарият эътироф гардидаанд, таъсири номатлуб гузошт.Агар ба аслу ҳадафҳои нобаҷои ин гурӯҳҳо мувоҷеҳ гардем, маълум мешавад, ки танҳо дар пайи онҳо танаффури мазҳабиву динӣ, пайванди ин мерос ба фарҳанги куҳани ҳамон диёр қарор дорад, ки маҳз ин таассуб ва ифротгароии динӣ боиси фоҷеаи бузурге гардидаву чӣ миқдор ёдгориҳои нодири таърихи тамаддуни ҷаҳонро аз миён бурдааст.Аммо аз ин равзана мо боз ҳам агар ба ҳикматҳои ҷовидонаи Куруши Кабир мурур намоем, ҳамоно дар идомаи тафсири хеш дар роҳи вуруд ба Бобул ҳамоно аз ёдгориҳои фарҳангиву ҷойҳои муқаддаси он сухан мекунад, ки чӣ гуна бо онҳо муносибати олии инсониро раво мебинад. Куруш мефармояд: “Вазъи дохилии Бобул ва ҷойгоҳи муқаддасаш қалби маро такон дод. Ман барои сулҳ кӯшидам. Набонид мардуми дармондаи Бобулро ба бузургӣ кашида буд, коре, ки дархури шони онон набуд. Ман бардадориро барандохтам. Ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеч кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад…. Фармон додам тамоми ниёишгоҳҳоеро, ки баста шуда буд, бикшоянд. Ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгардондам. Ҳамаи мардумонеро, ки пароканда ва овора буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам».

Ин нукот ва таъкидоти арзишманди Куруши Кабир, ки ҷавҳари аслии Эъломияи ӯро низ ба вуҷуд овардаанд, дар навбати аввал ҳикоят аз он доранд, ки ин чеҳраи барҷастаи сиёсии таърихи мо дар баробари ин ки бо мардуми Бобул аз нигоҳи дину мазҳаб фарқияте дошта, аммо ин мардумонро ба озодиву эътиқодот, ҳатто ҳифзи ёдгориҳои муқаддасашон таъмин намуда, аз маҷмӯи мушкилоту муаммоҳо раҳоӣ мебахшад.Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” бо таъкид бар ин арзиш ва мақоми беназири Куруши Кабир дар таъмини озодиву эътиқодоти қавмӣ ва муносибати инсонсолорона бо мардумони ҷаҳон, ки маҷмӯи он дар ҳуҷҷате бо номи “Устувонаҳои Куруш” муҷассам аст, таъкид доштаанд: “Ӯ (Куруш- Н.Н.) эъломия интишор карда, ба ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ва озодӣ дод, яҳудиёнро иҷозат дод ба ватани худ ё ба ҳар куҷое, ки хоҳанд рафта зиндагӣ кунанд... Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст”.

Таваҷҷуҳ ба маҷмӯи бархурдҳои харобиовари чунин ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин нуктаро маълум менамояд, ки асоси сар задани ҳамагуна ҷангу ҷидол, куштору хушунат маҳз роҳ додан ба нобаробарии қавмиву дин, халал дар озодии мазҳабиву эътиқод ба шумор меравад. Аз роҳи таассуби динӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқу озодиҳои дину мазоҳиби дигар ин гурӯҳҳо ҳатто даст ба қатлу куштор ва поймол намудани ҳуқуқи инсонҳои дигар мезаданд. Аммо мурур дар ин эъломияи Куруши Кабир, ки имрӯз Пешвои миллат ҳам бо назардошти аҳамияти муҳим доштани он дар ҳаллу фасли муноқишаҳои ҷаҳони муосир ба он баҳои баланд дода, ба муҳтавои он руҷӯъ намудаанд, бори дигар ба аҳамияти шоёни таъмини баробарии инсоният дар тафаккури миллати мо аз оғоз ишорат мекунад, ки имрӯз ба шоистагӣ дар сиёсати инсонгароёнаи Пешвои миллат ба шоистагӣ татбиқ мегардад.

Мурур ба чандин осори мансури боқимонда аз даврони куҳани таърихи миллати мо низ ин амрро собит мекунад, ки дар меҳвари аксари онон, масоили сулҳҷуӣ, оштии милливу мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз қатлу куштор ва дар умум роҳ кушодан ба ваҳдати инсонӣ қарор дорад. яке аз куҳантарин китобҳои ахлоқии ниёкони мо – “Андарзномаи Озарбади Меҳроспандон” унвон дорад, ки асаре маҷмӯи дар одоб ва ахлоқу тарбияи инсонӣ ба шумор меравад. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ он аст, ки дар ҳошияи ин китоби нодири куҳан чанд тафсирҳое ба унвони рисолаҳои мустақил ба қалам омадаанд, ки мазмун ва мундариҷаи аслии онро тавассути шарҳи мафоҳими аслии он шарҳу тавзеҳ додаанд. Аз ҷумлаи чунин расоил навиштае бо номи “Бисту ду вожа aз Озарбоди Маҳраспандон” боқӣ мондааст, ки муҳимтарин аркони ахлоқӣ аз нигоҳи ин китобро дар ҳамин бисту ду мафҳум тавзеҳ додааст. Ба назар мерасад, ки зимнан ин бисту ду вожа бисту ду рукни барҷастаи ахлоқи башарӣ маҳсуб меёбанд. Дар миёни онҳо ду рукни барҷаста ва муҳим, ки дар умум решаҳои таърихии муқовимати мардуми тоҷикро бо ифротгаройӣ ва зуроварӣ шарҳ медиҳанд, оштихоҳӣ, силоҳ ниҳодан ва мардумдӯстӣ ба шумор мераванд. Мафоҳими мазкури аркони бузурги ахлоқи башарӣ ба гунаи зайл дар ин рисола тавзеҳ ёфтаанд:

“Нуҳум – оштихоҳӣ ҷараёни назми ҷаҳон аст, ки нигоҳдоранда, парваранда ва сомондиҳандаи ҳама офариниш ва офаридагон аст. ...Ҷовидонагӣ барқарор кардан аз роҳи оштӣ метавон кард.

Дувоздаҳум – силоҳ ниҳодан он бувад, ки дар баробари ҳама офаридагони Ҳурмузд силоҳ фурe ниҳад ва бо ҳеч кас душманӣ накунад, ки ҳар чизи бад, аз бадии Аҳриману девон бошад. Чи андешабаргузинӣ ва кирдорбаргузинӣ дар ниҳодани силоҳ бошад.

Бистум – мардумдӯстӣ он бувад, ки некӣ барои ҳама некон чунон бояд, ки барои худ. Он чиро, ки барои хештан нек напазирад, ба дигар кас накунад. Некхоҳӣ он бувад, ки айбу ҳунари касонро бинигарад. Аз паси пиростани айби худ бикӯшад. Хубии неконро ошкоро бигӯяд. Айби эшонро на бо дуруштӣ, балки дӯстона бизудояд ва ба эшон нагӯяд».

Дар ҷавҳари ин нуктаҳои муҳими ахлоқӣ пеш аз ҳама олитарин андешаҳои инсонгаройӣ қарор дорад, ки зимнан муқовиматеро алайҳи зуроварӣ ва ифротгаройӣ тафсир мекунанд. Аз ҷумлаи аввали ин фирқа ҳувайдост, ки ҷовидонагии инсоният тавассути оштихоҳӣ, кӯшиш барои сулҳ сурат мегирад ва оштихоҳӣ ҳамоно аслу моҳият ва ҷараёни назми ҷаҳонро таъмин мекунад. Ҳамин сухани ҳикматбор ва андарзи ниёи мо воқеияти ҷаҳони имрӯзро тавзеҳ медиҳад, ки сабаби аслии беназми дар ҷаҳони муосир ва афзоиши марзҳои ифротгаройӣ ҳамоно дур шудани инсоният аз фарҳанги сулҳ ва оштихоҳӣ аст, ки тавассути ҷангу хушунату ҳисси бадбинӣ нисбати ҳамдигар сар задааст. Аз ин лиҳоз, дар идомаи тафсири ин рукни муҳим фалсафаи силоҳ ниҳодан ҳамчун роҳу шеваи расидан ба сулҳу низоми ҷаҳон тафсир мешавад. Шарҳи воқеии ин мафҳум, ки дар баробари тамоми офаридагон бояд силоҳ ниҳода шавад, маҷмӯан инсониятро аз ҷамъи қатлу куштор ба дурӣ мекашонад ва ҳатто дар ҷавҳари ин таълимот куштори ҳаявону паррандагон чун амали хилофи ахлоқи олии инсонӣ накӯҳиш мешавад. Андешаи нек ва нуфузи фарҳанги олии инсонӣ дар ҷомеа танҳо аз роҳи ниҳодани силоҳ ва сулҳу оштӣ муяссар мегардад, ки душманиро аз миёни инсонҳо ба дур меандозад. Мардумдӯстӣ танҳо тавассути оштӣ ва силоҳ ниҳодан ва меҳр варзидан муяссар мешавад ва ин ҷо навъе эҳсос мешавад, ки дар ин асари ахлоқӣ марҳила ба марҳила равиши расидан ба ормонҳои олии инсонӣ тафсир ёфтаанд, ки дар умум як шеваи махсуси муқовимат бо ифротгаройӣ ва зӯровариву душманиро бозтоб мебахшанд.

Дар ин нуктаи муҳим арзиш ва аҳамияти сулҳу дӯстиву ҳамдилӣ дар аҳди қадим дар миёни инсоният тафсир ёфтааст, ки барҳақ имрӯз низ қобили аҳамият буда, барои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиби пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгаройӣ ва зуроварӣ кӯмак метавонанд намояд, чун ин ғояҳои санҷидашуда ва озмуда имрӯз низ аҳамияти хешро ҳаргиз гум накардаанд ва тарғибу талқини онҳо барои ҷомеа мо низ муфид ва қобили таваҷҷуҳ боқӣ мемонанд.

Фалсафаи оштипазирӣ ва сулҳ кардан ба унвони роҳкориҳои муҳими расидан ба иттиҳоди инсонӣ ва дур мондан аз душманиву накбат ҳамоно дар меҳвари аксари рисолаҳои куҳани таълимии ниёкони мо қарор гирифтанд.Аз ин рӯ, дар яке аз дигар андарзномаи дигари паҳлавӣ низ оштӣ кардан бартар аз ҷанг шуморида шуда, инсоният ба дурӣ аз кинаву адоват, боздоштани хашм даъват гардида, ҳатт фурӯ бурдани хашм аз савганд хӯрдан авло дониста шуда, талқин мешавад, ки ба ҷойи савганд он беҳ аст, ки хашм хӯрда шавад:

«Оштӣ кардан беҳтар аст ва на ҷанг кардан.

Умед гирифтан беҳтар аст ва биҳиштани кин.


Нуралӣ Нуров,

доктори илмҳои филологӣ, профессори

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ