Артиши миллӣ – мактаби ҷавонмардӣ

“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳимояи Ватан рисолати ҳар ҷавонмард буда, он сарчашмаи ҳамаи дигар муқаддасоти ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад. Ватандорӣ аз имондорист, аз ин лиҳоз бояд ҳамеша бо дили пок ба Ватан хизмат намоем ва манфиати миллиро аз манфиатҳои шахсӣ ҳамеша пеш гузорем. Зеро талаботи замон аз мо тақозо мекунад, ки рўз то рўз ба дарки оромии кишвар бирасем ва онро ҳамеша арҷ гузорем. Мо бояд Ватанамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар ин раванд кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, пойдевори тарбияи ҳарбӣ – ватандўстӣ Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватани соҳибистиқлоломон аҳамияти калоти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ дорад. Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2021) “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвадони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Вазъи имрўзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ доданро талаб менамоянд. Мардуми шарафманди қадимаи халқи тоҷик дар арафаи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-солагии таъсиси (1993) Артиши Миллиро қайд карда, барои муҳофизати марзи буми мамлакат эътибори махсус медиҳанд. Зеро Ватан яктост ва онро месазад чун гавҳараки чашм ҳифз намуд. Дар боби ҳифз намудани Ватан-модар, хизмати содиқона ба ватан ва дўст доштани Ватан маърифатпарварони ҷаҳон ҳикматҳои фаровон овадааст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо баён кардааст:“Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд»-
Таърих гувоҳ аст, ки аввалин қисмҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал тадбиқ намудани қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози миллат-Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои мустаҳкам намудани сохта давлат ва давлатдори, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, макони таорбияи ҳарбӣ-ватандорӣ, таъмини муҳофизаи ҳаёти бунёдкоронаю созандагии меҳнаткашони кишвар, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар Артии миллӣ саҳми беандоза мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки бо Қарори Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами № 3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Яъне, заминаҳои ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ аз Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад.
Дар ҳақиқат, бо пешниҳои Пешвои муаззами миллат, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврал Рўзи Артиши миллӣ дар мамлакат эълон карда шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи техникими геологӣ коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ-мухандисӣ ташкил карда шуд ва гурўҳи аввалини донишҷўёни шомил шуда ба коллеҷи мазкур бори нахуст, 23 феврали соли 1993 аввалин паради Артиши миллӣ доир шуд ва нахуст санганди ҳарбӣ ёд намуд. Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ калон буда, то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисмат: Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ҳоло бо Қушунҳои зуд-амал (аз соли 2003) (таркибаш- қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони куҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд), литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ (2002), полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминоти ва дигар идораҳо фаъолият мебарад. Соли 2025- 107-солагии Артиши Шўравӣ, 32-солагии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асоси таҳлил ва омўзиши Паёми навбати (№ 26) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 дар барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси ин соҳа ва таърихшинос ба чунон хулоса омадан мумкин, ки Паём барномаи амалии халқи тоҷик мебошад.
Дар солҳои иститқлолият халқамон бо дастоварду пешравиҳо ноил шуд ва ддар ин саҳми Артиши миллӣ беандоза калон аст. Дар ин шароити таъмини беҳатари мамлакат аз тарафи Артиши милли сайёҳӣ ҳам рушд меёбад. Ҳамчун кафили таҳкими истиқлол давлати Артиши миллии кишвар барои мустаҳкам кардани муносибатҳаи байналмилали эътибори махсус медихад. Дар солҳои истиқлолият дар таркиби Артиши милли қисмҳои пиёдагар, сарҳадӣ,артелерӣ, ҳавои -ҳарбӣ ва ғайриҳо ташкил карда шуда, бо яроқу воситаҳои ҳабии замонавӣ таъмин карда шудааст, ки дар он мутахассисҳои касбфаъолият мебаранд, аз ҷиҳати мазмун ва моҳият бо талобати стандардҳои байналмилалӣ ҷавобгар мебошад. Артиши миллии Тоҷикистон артиши сулҳпарвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки ба онҳо ҳамкориҳои судманд дорем, идома медихем. Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Конференсияи байналмилалӣ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028”, “Соли 2025 –соли байналмилалӣ ҳифзи пиряхҳо” дар Душанбе баргузор мегардад.
Дар гузаронидани ин маъракаҳои байналмилалӣ нақши Артиши миллӣ назаррас аст. Дар ҳақиқат, Паёми Пешвои муаззами миллат барномаи амалии халқи тоҷик буда, дар он қайд карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шуд, ки дар ин раванд мо ва хизматчиёни ҳарби ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоем.
Баъзан, боиси таассуф аст, ки имрўз қисме аз ҷавонон ба синну соли хизмати ҳарбӣ расида, сари вақт ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намешаванд ё худ аз хизмати ҳарбӣ саркаши мекунад. Масъалаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ, уҳдадориҳои ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандони кишвар буда, иҷро он барои ҳар як фарзанди фарзонаи миллат шарт мебошад. Дар асоси пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳии олии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои гуногуни низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи низоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъи томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Агар модар фарзандро ба дунё оварда, тарбия намуда, ба муҳит ва оила мутобиқ созад, пас Ватан рўҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба он зам мекунад. Хизмат кардан дар Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанда бонумуси мамлакатамон мебошанд. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм фаъолияти ҳамоҳанг шудаву босамари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ дар ин самт мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар давраи истиқлолият таъмини амнияти марзу буми давлат омили осоиштагӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик нақши Артиши миллӣ бузург аст. Дар солҳои истиқлолият масъалаи тақвияти ҳисси ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан-модар ва хизмат дар Артиши миллӣ яке аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, он метавонад дар замири шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, дарки молҳияти ҳарчи бештари ҳифзи тамомияти озодиро ба вуҷуд меорад. Масъалаҳои хизмат дар Артиши миллӣ, ватандўстӣ ва ватанпарварӣ муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми неруҳои ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ маҳсуб меёбад”. Мувофиқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Ҳар инсони солимфикр меандешад, дарк мекунад, ки маҳз ба шарофату рафоқат ва садоқату аскарону афсарони қисмҳои ҳарбӣ, сарҳадбонон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва дигар низомпўшон давлат ором аст, сулҳ ҳукмронӣ мекунад. Ҳамон кишваре, ҳамон зодгоҳе, ҳамон маҳалле, ҳамон манзиле то он даме ободу ороста мемонад, ки қисмҳои ҳарбии мо пурқувват бошад! Сулҳу салоҳ, то он даме ҳукм меронад, ки агар ҷавонписарони мо бо дасту дили пок ба қисмҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд. Барои ҳамин ҳам хизмат дар Артиши милли –мактаби ҷавонмард аст!
Эркаев Сафар, н.и.т., дотсенти МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»