Амнияти иттилоотӣ ва дурнамои он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ кардан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, дар иҷрои фаъолияти касбӣ диққати махсус дода мешавад. Консепсияҳои истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни идоракунии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қабул шудааст, ки рушди маълумотнокии ҷомеаро тавассути шабакаҳои интернетӣ метезонад. Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» қабул карда шуд, ки ҳадафи асосии барномаи мазкур рушди истифодаи технологияи компютерӣ дар ҷараёни таълим мебошад. Таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва мустаҳкам кардани заминаи моддию техникӣ, адабиёти таълимии электронӣ, компютерҳои замонавии ба шабакаи Интернет пайвастшуда дар омода кардани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва хусусан дар соҳаи маориф истифодаи васеи манбаъҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дастрасии хонандагонро ба технологияи муосир беҳтар карда, фарҳанги истифодаи он омӯзонда мешавад. Технологияҳои компютерӣ воситаи пуриқтидори алоқаи муносибатҳои инсонӣ бо воқеияти ҳаётӣ мебошад. Интернет робитаҳои мартабавии байни инсонҳоро тағйир медиҳад. Тавсиа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити имрӯз мебошад.
Вобаста ба фарҳанги истифодаи маводди иттилоотӣ ва барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҳадафҳои манфӣ корҳои амалӣ бурда мешавад. Дар ин самт нақши падару модар ва калонсолон дар назорати фаъолияти фарзандон ҳангоми кор бо компютер ва шабакаҳои иҷтимоӣ калон аст.
Амнияти иттилоотӣ яке аз касбҳои навтарин дар ҷомеа буда, зарурати онро ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба хатарҳои глобалӣ дарк кардааст. Ҷавононе, ки мехоҳанд дар ин самт кору фаъолият кунанд, бояд дониши хуби компютерӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, техникӣ дошта бошанд. Наврасону ҷавононе, ки ин соҳаи касбро интихоб мекунанд, пеш аз ҳама дар онҳо бояд тафаккури таҳлилӣ ва баҳодиҳӣ ба воқеияту таъсирот рушд ёфта бошад. Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ на ҳама вақт бо мақсадҳои мусбат истифода мешаванд. Истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фарҳанги худро дорад ва зарур аст, ки ҷавонону наврасон онро риоя карда, маводди иттилоотиро танҳо ба- рои пешбурди фаъолияти касбии худ истифода баранд.
Вақтҳои охир киберҳамлаҳо ба сомонаҳо ва инфрасохтори ширкатҳо ва ташкилотҳо ба муаммои ҷиддӣ мубаддал гардидааст ва ин кулли иштирокдорони равандаи идоракунӣ ва кормандонро нороҳат менамояд. Миқдор DDos-ҳамлаҳо( радкунӣ дар хизматрасонӣ) хеле афзудааст, ки дефейси оммавии веб – сомона(ивази саҳифа асосӣ ба дигар саҳифа) ба амал омаданд ва ҳодисаҳои тадбиқи таъминоти барномавии зараррасон хеле зиёд ба назар мерасанд.
Хактивистҳо(хакерҳои нигоҳи сиёсидошта) ба сифати ҳадафҳои худ корхонаҳоеро интихоб мекунанд, ки ба инфрасохтори муҳими иттилоотӣ мансубанд, инчунин воситаҳои ахбори оммаи пешқадам ва медиахолдингҳои азим объекти асосии ҳамла ба ҳисоб меравад.
Барои таъмини дастрасӣ ва кори мӯътадили интернет – хизматрасониҳои ҳаётан муҳим ва инфрасохтори иттилоотӣ, фавран баланд бардоштани дараҷаи тайёри ба ҳамлаҳоро таъмин намудан лозим аст. Барои ин иҷроиши маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ ва техникӣ лозим мебошад. Зерсохторҳои технологияҳои иттилотие, ки ба фаъолияти нисбатан ором дар кибермуҳит одат намудаанд, дастурҳоро оид ба пурзӯр намудани ҳимоя веб – захираҳои худ бо сабаби ҳамлаҳои хакерии ҳаргуна гурӯҳҳои инфиродӣ гирифтанд.
Вобаста ба шароити ба вуқӯъ омада, ба мутахассисон соҳаи амнияти итилоотӣ, барномасозон, коркардкунандагони веб – захираҳо, сомонаҳо лозим меояд, ки барои таъмини бехатарии иттилоотӣ ва барномавӣ чораҳои амалан ҷиддӣ андешанд.
Масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад ва ин кулли иштирокдорони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, аллахусус мутахассисони таъмини амнияти иттилоотӣ дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодаанд, аммо то ҳол муаммоҳои калон ва ҳалталаб дар ин самт боқӣ мемонад, ки ҳалли фаврӣ ва оқилонаро талаб менамоянд. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳамлагарон ва хакерон ин веб – захираҳо ва сомонаҳои хизматрасонии таъиноти гуногун мебошанд ва аз ҳамин лиҳоз, таҳқиқ ва корбарии самти яке аз масъалаҳои муҳими соҳа арзёбӣ мешавад.
Дар натиҷаи мушоҳида, омӯзиш, тадқиқотҳо маълум гардид, ки масъалаи таъмини бехатарӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ арзёбӣ мешавад. Ҳар як системаи иттилоотӣ, веб – захира, сомона бояд аз ҳар гуна таҳдидҳо ва ҳамаҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ бояд ҳифз карда шавад. Маҳз масъалаи таъмини бехатарӣ ва амнияти иттилоотӣ фаъолияти пурсамар ва ояндадор, омилҳои гуногуни пешравиро муайян мекунад. Дар ин замина, аён мегардад, ки мавзӯи интихобгардида аз ҷиҳати илмӣ, амалӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Масъалаи бехатарии иттилоотӣ ба ҳалли кулли муаммоҳои соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ асос ба ҳисоб меравад. Маҳз ширкатҳо пешқадам, соҳибони веб – захираҳо, сомонаҳои маъмул ба масъалаи амнияти иттилоотӣ қувва ва кӯшиҳои зиёди худро равона менамоянд. Ҳаминро қайд намудан муҳим аст, ки доираи масъали таъмини бехатарии иттилоотӣ бениҳоят васеъ мебошад ва то ҳол қисматҳои гуногун ва самтҳое мавҷуданд, ки ҳалли пурраи худро наёфтаанд. Мо дар рафти таҳқиқ ва таҳлили масъалаи гузошта шуда, кӯшиш намудем, ки ба масъалаҳои асосии амнияти иттилоотии веб – захираҳо диққати хешро равона намоем, чунончи яке аз воситаҳои асосии додугирифт, нигоҳдорӣ, коркард ва истифодабарӣ маҳз бо ёрии системаҳои иттилотии масофавӣ, сомонаҳо амалӣ карда шуда истодаанд.
Навгониҳо. Маълум аст, ки ҳар як таҳқиқотӣ илмӣ бо ҳадафҳои муайян таълиф карда мешавад. Олимон дар вақти омӯзиш, таҳлил, таҳқиқотҳои нуқтаҳои асосии амнияти иттилоотии веб - захираҳо ҳадафи омӯзишу тадқиқоти худ қарор дода, кӯшида истодаанд, ки воситаҳо, методҳои муосири ҳифзи веб – захираҳо ва баҳодиҳии самарнокии онҳоро пешниҳод намоянд. Яке аз нуқтаҳои асосии тадқиқотҳо ин таҳлили намудҳои гуногуни киберҳамалаҳо ба веб – захираҳо ва муайян намудани фоизнокии намудҳои бештари киберҳамлаҳо ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҳамлагарон аз кадом намуди киберҳамлаҳо бештар истифода менамоянд ва натиҷаи ин киберҳамлаҳо бо чӣ анҷом меёбад. Инчунин воситаҳою роҳҳои самараноки таъмини бехатарии иттилоотии веб – захираҳо ва системаҳои иттилоотӣ пешниҳод шудаанд, ки самаранокии худро дар амнияти иттилоотӣ исбот намуда, имрӯз фаровон истифода мешаванд.
Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии инноватсионӣ мавқеи муҳимро соҳиб мебошанд, таъмини бехатарии иттилоотӣ нақши муҳимро мебозад. Қисми зиёди иттилооте, ки ҷомеаи имрӯза истифода мебарад, дар шабакаҳои гуногун аллахусус, дар серверҳои ба шабакаи глобалии Интернет пайваст, нигоҳ дошта шуда, коркард мешаванд. Дар ин замина, яке аз тарзҳои самарноки додугирифти иттилоот маҳз ба воситаи шабакаи Интернет ба вуқӯъ омада, дар ин самт сомонаҳои таъиноти гуногун мавқеи калидӣ доранд.
Web – сомона ва веб -замимаи боэътимод ҳифзшуда, дорои системаи пурқуввати таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз шарти муҳими муваффақияти web – захира арзёбӣ мешавад. Web - захираи ҳифзшуда мӯътадил кор мекунанд, системаҳои ҷустуҷӯи рейтинги онҳоро баланд мебардоранд ва албатта ба сомонае, ки дорои дараҷаи баланди ҳифз мебошад, истифодабарандагон боварӣ менамоянд.
Низомиддинов С.Ш.-н.и.и., дотсенти кафедраи барномарезӣ