Ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷ асоси пешравии кишвар хоҳад буд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба сари кудрат омаданашон ҳамеша барои пешбурди сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои судманд бо кишварҳои чӣ ҳамсоя ва чӣ хориҷ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар дарак медиҳад.

Аз санаи 12 октябри соли равон сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса оғоз гардид. Дар фурудгоҳи шаҳри Париж намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона истиқбол гирифтанд.Дар шаҳри Париж Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро тоҷикони муқимии Париж ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса бо шукуҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд.

Бояд зикр намуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар қасри Енисей оғоз гардид. Барои истиқболи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонсаҳни қасри Енисей бо парчами ҳар ду давлат ороста шуда буд. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануил Макрон гарму самимӣ исиқбол гирифт. Сипас баррасии масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти сарони ду кишвар оғоз гардида, дар музокирот ҳайатҳои расмии ду кишвар низ ширкат варзиданд.

Ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсияи ҳамкории бештар дар соҳаи бахшҳои мухталифи энергетика, металургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок баррасӣ гардида, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд. Зимни мулоқот имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсионӣ, электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохторӣ туризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои мухталиф, мушкилот вобаста ба пандемияи коронавирус, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки дар ду кишвар имкониятҳои фарохе барои афзоиши молу маҳсулот ва фаъолияти сармоягузорӣ ҷой доранд. Инчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тадбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва саноат инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст. Ба иштироки фаъоли Фаронса дар амалисозии инфрасохторифурудгоҳ ва авианавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигарсамтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор баҳои баланд дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, илму маориф аз ҷумла, таъмини омузгорони забони фаронсави барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар Тоҷикистон, ҷудо кардани квотаҳои барои донишҷӯён ба илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ, молия, фанҳои дақиқ, муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ баррасӣ гардид.

Зимни мулокот инчунин масъалаи амнияти ва вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ намуда, таъкид намуданд, ки таъмини амнияти ин кишвари ҳамсоя омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад. Барои ҳалли мушкилот ҷомеаи ҷаҳон ва давлатҳо, созмонҳои бонуфуз аз ҷумла СММ бояд бетараф набошанд.

Дар охири мулоқоти сарони ду кишвараз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануил Макрондар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.

Ин гуна ҳамкориҳо идома ёфта истодаанд, ки ин аз сафари расмии сарвари кишвар ба кишвари Белгия шаҳодат медиҳад. Маҳз ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷа асоси пешравии давлат ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф хоҳад буд.

Исмоилова М.Б.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ