Ҳамкориҳои судманд асоси пешравии сиёсати хориҷӣ

Дар тули 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи ӯ дарак медиҳад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст 16 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бояд зикр намуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.

18 сентябр маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат баргузор гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисиро самимона истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар мулоқоти мазкур инчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки мардумони ин ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги моро арзишҳои муштараки маънавию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муштаракот метавонад, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд гарданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гардид, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмони саддҳо, нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои дигару судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд. Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд.

Дар рафти мулоқот сарони ду кишвари ба ҳам дуст инчунин доир ба густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ, табодули афкор карданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шуд. Инчунинҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, ки айни муддаост. Зеро чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст он ба амнияту суботи минтақа таҳдид менамояд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардиданд.

Ин гуна ҳамкориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Зеро таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷа асоси пешравии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф хоҳад буд.

Исмоилова М.Б.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ