Ҳамкории судманд

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо асосан самтҳои тандурустӣ, маориф ва рушди деҳотро дар бар мегирад. Сафари кори Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо бори дигар гувоҳи он аст, ки имрӯз давлатҳои мутараққии дунё сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳон паси миз гуфтушунид барпо менамоянд. Айни замон ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони ифротии Гурӯҳи 24 ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Аврупо ба дасиса камар баста, маълумотҳои иғвоангезу беасос паҳн карда истодаанд. Ин ҳама дасисабозиву иғвоангезии наҳзатиён ва Гурӯҳи 24 ба мардуми тоҷик заррае ҳам таъсир намекунад ва баръакст ваҳдату якдилиро миёми оммаи мардуми шарифи тоҷик қавӣ мегардонад. Наҳзатиён ва Гурӯҳи 24 чӣ қадаре, ки ҳиллаю найранг кунанд ҳам, сулҳу ваҳдати тоҷиконро шикаста наметавонанд. Бо ифтихор ва боварии комил гуфта метавонем, ки сулҳи тоҷик пойдор аст ва пойдор мемонад. Ташкилоти террористии наҳзатиён аз тарс роҳашонро гум карда истодаанд, ки ин сафари Роҳбари давлат барои онҳо дар оянда мушкилӣ эҷод менамояд. Метарсанд, ки пас аз гуфтушунидҳо тамоми дасисаҳояшон рӯи об мебарояд ва онҳоро аз Аврупо меронанд. Иғвову дасисаҳои беасоси ин беномусони ватанфурӯшу хоин барои мардуми тоҷик аҳҳамияте надорад. Худро ба ҳар роҳе зананд ҳам, фоидае надорад. Чунки имрӯз ҳар як фарди худогоҳу худшинос хуб огаҳ аст, ки душманони миллат кистанд ва чи мақсади ғаразу нопок доранд. Эй роҳгумзадаҳо! Эй лаънаткардаҳои оқипадар! Бо гирдиҳаоиҳои панҷ – шашнафараи худ муқобили иродаи қариб 10 миллион тоҷикистонӣ мебароед? Шумо он кӯрдилоне ҳастед, ки ягон тараққию пешравии Тоҷикистонро дида наметавонед, ё шояд мебинед, ҳис мекунед, вале аз бухлу кина эътироф намекунед. Кирдору рафтору гуфтори шумо талвосаи ҷонкании даррандаи захмдорро мемонад, ки ки имрӯз ё пагоҳ мемирад. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳкими сулҳу субот, беҳдошти дараҷаи зиндагии мардум, ободонию созандагӣ ва серию пурӣ ба дараҷае назаррасанд. Пешвои миллат мисли дарёи серобе мебошанд, ки ҳама замину замон аз он баҳра мебаранд. Шумо сагоне мебошед, ки ба қавли шоир: “Дарё палид намешавад аз даҳони саг”. Мо ифтихор аз он дорем, ки чунин Сарвари оқилу доно дорем ва бо ӯ мефахрем. Сулҳу амониро ин марди хирад дар Ватан пойдор нигоҳ доштааст ва барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азиз заҳмату ҷонфидоиҳо карда истодааст. Аз ин хотир, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Сарвари давлат дар ин сафари худ ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба муваффақият ноил гардида, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон саҳми босазое хоҳад гузошт.

ЗИҲӢ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ! ПОЯНДА БОД ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ! НЕСТ БОД ДУШМАНОНИ ИН МИЛЛАТИ СУЛҲОФАР!

М.Комилова - устоди кафедраи фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ