​Ҳамкории оилаву мактаб дар роҳимуқовимат бо ифротгароӣ

«Мо бояд як чизро аниқ дарк намоем; дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Оила сарчашмаи ҳаёт ва тарбия аст. Бо падару модарон робита ва ҳамкорӣ доштан вазифаи бомасъулияти педагогӣ мебошад. Дар тарғиб намудани донишҳои педагогӣ ва маърифати педагогӣ барои падару модарон омӯзгорон раҳнамоӣ менамоянд, зеро фарзанди баркамоли миллат, танҳо зимни ҳамкории мактаб, оила ва дастгирии аҳли ҷамъият ба воя мерасад.

Аҳли маориф хуб мефаҳманд, ки соҳаи фаъолияташон дорои аҳамияти сулҳ ва ба таври бартаринок рушдкунанда мебошад. Тибқи “Қонун дар бораи маориф”, ки моҳи апрели соли 2004 Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон қабул намудааст, мақсади соҳаи маориф қонеъ гардонидани талаботи шахс барои рушди ҳамаҷониба, баҳри амалӣ сохтани тамоми истеъдод, баланд бардоштани беҳбудии ҳаёту кори худ ва дар ин замина афзун намудани дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар роҳи тараққии иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ қайд намуда будаанд , ки имрӯз тақдири давлати мустақил, тараққиёти он ба тарбияи ҷавонони ҳаматарафа ба камолрасидаву фаъол вобаста аст, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа,хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Асоси тарбияи миллиро методологияи фалсафӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ташкил медиҳад. Дар ҳамин асос тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро бо баҳисобгириии хусусиятҳои миллӣ ва маҳаллӣ, анъанаҳо ва суннатҳои арзишманди халқ муайян намудааст.

ВазифаҳоипадарумодарондарҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” “Дар бораи маориф” равшану возеҳбаёнкардашудааст. Дароилаволидайнбоядфарзандонро шаҳрвандониасилуҳақиқӣкардабакамолрасонанд, то, ки дар онҳо интизомнокӣвасолимивубардамӣ ва беҳтарин сифатҳои инсонӣ ташаккул ёфта бошад.

Тарбияиоилавӣкӯдакро аз оламиатроф ҷудо намекунад, боҳамсолонвайдармактаб таҳсилватарбиямегирад. Муаллимонваоиладармуддатитаҳсилякҷояамалмекунанд, вале мактабу муаллим ба оила дар тарбияи фарзандон роҳбарӣменамояд.

Оила ба тарбияи худ пойдевори шахсиятро бунёд мекунад. Кӯдакдароила қоидаҳои нахустини ахлоқуодоброёдмегирад, малакаҳоифаъолиятиякҷоярободигарон ҳосилменамояд, нақшаҳои ҳаётиояндаашромекашад. Тарзирафторугуфториволидайн, аҳамиятикалонитарбиявӣ доранд. Чунончӣ дарКонсепсияи милли тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст: Рушди минбаъдаи ҷамъият ба шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисму солим ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд,ки тамоми фаъолияти хонанда аз оила ва маҳорати омӯзгор вобаста буда, мактаб кўшиш ба харљ медињад, ки мактаббача на њамчун пањнкунандаи маљмўи муайяни донишњо, балки, пеш аз њама, њамчун як иштирокчии фаъоли сохтмони љомеаи на­ви дорои маќсадҳои ѓоявї, ахлоќи шоиста, фарњанги баланди мењнатї ва рафтори хуби намунавї ба камол расада, бар халқу ватани хеш хизмати арзанда намояд .

Чӣ тавре, ки маълум аст, дар ташаккули шахсияти хонанда на танҳо оила, балки муассисаҳои таълимӣ низ нақши бузургро доро аст. Дар бораи чӣ тавр ба роҳ мондани тарбияи насли ҷавон файласуфон, психологҳо, педагогҳо мувофиқи талаби замонҳои мухталиф фикру ақидаҳо, панду андарзҳои хеле ҷолибро баён карданд, ки асоси онро тарбияи оилавӣ ташкил медиҳад ва то имрӯз аҳамияти тарбиявии худро гум накарда, яке аз роҳу воситаҳои тарбияи замони муосир ба ҳисоб меравад.

Тарбияи оилавӣ имрӯз мазмуни нав пайдо карда, шакл ва методҳои он низ то андозае тағйир ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷамъиятчигӣ изҳор менамоянд, ки пояи тарбия то андозае суст шуда, ахлоқу одоби наврасону ҷавонон коста гардидааст.

Омилҳои суст шудани пояи тарбияи насли наврас гуногун мебошад. Ба ақидаи мо яке аз сабабҳои паст рафтани ахлоқи насли наврас то андозае фаромӯш сохтани анъанаҳои неку пешқадами мардумӣ ба ҳисоб меравад.

Мактаби имрўза вазифадор аст, бо волидайн ҳамкории хубро ба роҳ монад, вазъияти оиливии ҳар як хонандагонро омӯхта, тарбияи ахлоќии хонандагонро ба таври бояду шояд ташкил намояд, ба он муяссар гардад, то ки насли наврас сифатњои ахлоќии њамидаро доро бошад.

Таълиму тарбия раванди басо мураккаб ва заҳматталаб мебошад. Чунон ки Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ниҳодҳои гуногун масъуланд, вале аз ин миён се ниҳоди асосӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Таълиму тарбия дар пайвастагии се ниҳоди иҷтимоӣ - оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Оила саргаҳи тарбияи ахлоқӣ ва маънавист” . Волидон бояд нисбат ба тақдири фарзанди хеш, имрӯзу фардои ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд. Ин ғамхорӣ оғози давраи таҳсили кӯдак дар мактаб ва фароҳам овардани шароит мебошанд.

Ибтидои тарбияи ахлоқиву маънавӣ ин аз оила буда бе ташаккули дурусти тарбияи оилавӣ кӯдак ҳеҷ гоҳ хислатҳои хуби одамиро пайдо карда наметавонад. Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки сӯҳбати фардии омӯзгор бо волидайн маслиҳатхои муфиди омӯзгор ба тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон таъсири худро мерасонад. Барои мустаҳкам намудани тарбияи ахлоқӣ- маънавӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ, ватанпарастии хонандагон алоқаи доимии оилаю мактаб зарур мебошад.

Аз рӯи ақидаи ҷомеашиносон, шахс ҳамон вақт ташаккул меёбад, ки вай одобу маърифати баланд дошта бошад, худшиносу худогоҳ бошад, худашро идора карда тавонад., дорои худбаҳодиҳӣ бошад, сабру таҳаммулро пешаи кори худ кунад. Дар тарбияи ин гуна шахс оила, мактаб, ҷомеа саҳми босазое дорад.

Имрӯз ба ҳар яки мо зарур аст, ки ба ҷавонон дар хусуси ахлоқи ҳамида маълумоти бештар дода шавад, то ки аз фазилатҳои ахлоқи башарӣ хубтар баҳраманд гарданд ва муносибаташон ба аҳли ҷомеа, ба меҳнат ва худашон шоистаи таҳсин бошанд.

Ахлоқ асоси муносибати инсонро дар ҷамъият ташкил медиҳад. Ба ҳар фарде, кидар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва таҳсил дорад, талқин карда мешавад, ки онҳо соҳибони ватан бошанд, онҳо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон соҳибистиқлол бошанд. Дар ин ҷода устодону волидайн дар ҳамбастагӣ фаъолият ва кор бурда, фаъолиятнокӣ ва меҳнатдӯстӣ барин сифатҳоихуби ахлоқиро бояд ба насли наврас парвариш намоянд. Алалхусу, дар мубориза бо нуқсонҳои аҳлоқӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Дар мактаб тибқи нақшаи кории тарбиявӣ, соатҳои тарбиявӣ ҷорӣ карда шуда, онҳо ба шогирдон дар ҷараёни таълиму тарбия дар хусуси воқеа ва ҳодисаҳои дар кишвар ба вуқӯъ омада нақлҳо мекунанд, сӯҳбатҳои ахлоқӣ, ташкили видеофилми” Хиёнат” ба дуруст фаҳмидани моҳияти онҳо сабабгор мешаванд. Вақти машғулиятҳо оид ба навигариҳоодамони фидокори кишвар ҳарф зада, дар айни замон қайд менгамояд, ки гоҳо ҷавононе низ вомехӯранд, кибо рафтори ношоям обрӯю эътибори волидайн ва устодонро коҳиш медиҳанд.

Имрӯз ба назар мерасад , ки иддае аз ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худроидора карда наметавонанд, маданияти истифодабарии дастовардҳоитехнологияи муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернетро дуруст риоя карда наметавонанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ифротгарӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик бадбахтӣ меорад. Аз ҷумла ба мазҳабуравияҳои бегона шомил шудани онҳо, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафарионҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар дар ҷамъият ҳисобида мешавад, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо натиҷаи сари вақт тарбияи дуруст нагирифтан аз беаҳмиятии падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷомеа, паст будани маънавиёти онҳо шаҳодат медиҳад.

Барои бартараф намудани ин нуқсонҳои ахлоқӣ ҳар як фарди бо нангу номус бояд мубориза барад, сари вақт онҳоро ислоҳ намуда ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоятгар бошем. Ҳар як фарди Тоҷикистон бояд муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар”-ро хуб дарк бинмояд. Иҷрои он рисолат ва вазифаи бевоситаи падару модарон устоду омӯзгорон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Турсунова Шаҳло, муаллими калони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ