Ҳалли якчанд масъалаҳо аз ҷониби сарони ду кишвар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафари кории хешро рӯзи 12-уми октябр ба Фаронса анҷом дод. Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии қасри Есилей бо ороста намудани парчами ҳарду давлат ва саф кашидани горди фахрӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса Иммануел Макрон хеле олӣ сурат гирифт.

Гуфтушунидҳои ду ҷониб асосан оид ба масъалаҳои вобаста ба пандемияи коронавирус ки дар раванду рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, оид ба масъалаи ҳаллу фасли вазъи кунунии Афғонистон ва Толибон оид ба масъалаҳои энергетика, металургия, саноати сабук ва химия, оид ба масъалаи ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои абарқудрат оид ба масъалаҳои фарҳангии ҳар ду ҷониб ва чанде дигар баррасӣ гардид.

Дар суҳбат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Фаронса Иммануел Макрон оиди вазъи Афғонистон гуфтушунид намуданд. «Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон,давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд».

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ самти афзалиятнокӣ ҷонибҳо дониста шуд.

Зимни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии намоишҳои нигораҳои таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ки дар осорхонаи миллии санъати шарқ – дар шаҳри Париж иштирок намуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ