Алҳазар аз аблаҳони наҳзатӣ!

Палидону маккорони наҳзатӣ ва воизи дурӯя Иқболбии ҳамҷинсгаро ғайр аз суханони бемағзу буҳтонҳои бофта дигар сармояи зеҳнӣ надоранд. Худ ин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиёнро аз муҳоҷирон парвое нест. Танҳо унвони муҳоҷиронро ғамхор буданашонро соҳибӣ карданианду халос. Гӯё иддае аз муҳоҷирон наҳзатиёнро дархости ҳалли мушкилоти худ карда бошанд?! Ҳақиқатаст, ки дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ низ баъзе нафарон мубталои бемории қаллобиву мутаҳҳамӣ, фиребу муғамбирӣ ва амсоли он гаштаанд. Ин тоифа барои наҳзатиёни разили бадкина, “гӯшти лаҳм” аст, ки аз онон лаббайгӯяку балегӯй барояшон созанд.

Андешаҳои боло исбот менамояд, ки “Минбари муҳоҷир”-у барандааш- Иқболаки ҳамдуна танҳо кафки рӯи оби ҷомеаро дида тавонистаасту хоҳони гумроҳсозии нафарони соддалавҳи заҳматкашро ҳадафи худ қарор додааст? Дар акси ҳол, мебоист ба шаҳрҳои сукунати муҳоҷирон омада вохуриҳо ташкил мекарданду то ба андозае аз ҳаёти воқеии муҳоҷирон ошно мешуданд. Лекин, наҳзатиён чуш муши хонагии Аврупо ҷуръати дур шудан аз макони худро надоранд. Чун шутурмурғи саҳроӣ сари худ дар рег гӯр кардаанду аз воқеияти ҳол бехабаранд. Бар замми он, худро, ки ғуломи халқабаргӯши хоҷагони аҷнабӣ мебошанд, муҳоҷир метарошанд. Ҳол он, ки муҳоҷир бо заҳмати худ маблағе дармеёбаду наҳзатиёнро маблағ бар ивази хиёнату ватанфурӯшӣ ба даст омадааст.

Итминони комил дорам,ки ҷомеаи мутамаддин, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай аз ботини сиёҳу бадкина, бадандешии лаинони наҳзатӣ огаҳӣ ёфтаанд ва ҳаргиз фирефтаи ин тӯдаи аблаҳони шайтонсифат нахоҳанд шуд. Боисрор аз муҳоҷирон хоҳиш менамоям, ки дар барномаи қаллобонаи “Минбари муҳоҷир” беҳуда вақти қиммати худ сарф накунанд. Ин минбари ифротгароро инкор кунанду нодида гиранд. Зеро, он мисли кафки рӯи мағзоба ҳеҷ қадру қимат надорад! Баръакс тамошои барнома вақт медуздаду фардро нороҳат месозад.

Ҷомеаи солимфикрону озодандешони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ғаразҳои аслии палидони ифротзадаи наҳзатӣ бохабаранд ва муқовимати шадид ба ононро пешаи худ дар худогоҳиву меҳанпарастӣ қарор доданд. Сиёсати инсондӯстонаву ғамхоронаи Ҳукумати мамлакатро якдилона дастгириву пайгирӣ намуда мақсаду мароми созандагиву бунёдкориро пиёда месозанд. Дар заминаи сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, садоқату меҳру вафои ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар омодаанд,ки Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва шукуфо гардонанд.

Алҳазар аз аблаҳони наҳзатӣ!

Тоҷикистон ба пеш!

Собиров М.С – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ