Ҳақ ба ҳақдор мерасад....
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тӯли ин чанд моҳи сипари шудаи соли ҷорӣ дар иртибот бо масъалаи марзӣ муноқишаҳои тезу тунд ба вуқӯъ пайваст, ки паёмадҳои номатлуб дошт.Яке аз онҳо рӯзи гузашта санаи 17 сентябри соли 2022 вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Вале новобаста аз мувофиқаи бадастомада, худи ҳамон рӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дошт, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистони мо бо тамоми намуди силоҳҳо амр медиҳад ва қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистони мо оташ кушоданд. Ин амали мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.
Мардуми шарифи тоҷик ҷанги беадолатонаву таҷовузкорона ва ғоратгаронаро қабул ва таҳаммул надорад, аммо ҷангеро, ки барои ҳифзи Меҳан ва марзу буму миллату давлат, зану фарзанду пайвандони худ анҷом дода мешавад, ҷанги муқаддас медонад ва дар ин росто кушта шуданро камоли шарофатмандӣ мешуморад. Аз ин хотир барои беш аз буда мураккаб нашудани вазъ, хуб мешуд, ки тафтишоти ҳамаҷонибаи муноқишаи мазкур сурат гирифта, қотилон муайян ва дастгир карда шаванд. Талаб мекунем, ки кишвари ҳамсоя бояд нафарони дар қатли ҷавонмардони тоҷик дастдоштаро ба ҷавобгарӣ кашаду қотилон дар назди қонун ҷавоби сазовор диҳанд. Бигзор ба дасисабозон дарёбанд, ки ҳама гуна аъмоли бад ҳатман подоши сазовор хоҳад дошт. Илова ба мушкилоти қаблӣ феълан омилҳои дигари печидатар шудани ин мушкилот дар инқилобҳои беохири ранга дар Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Зуд-зуд ба амал омадани табаддулотҳои давлатӣ ва ивазшавии роҳбарияти ин кишвар, вазъи ноустувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва бинобар сустии дастгоҳҳои давлатӣ солҳо инҷониб осебпазир боқӣ мондани мафкураи ҷомеаи Қирғизистон аз таъсири муғризонаи қувваҳои ҷиноятпешаи дохиливу доираҳои манфиатхоҳи беруна Ҳукумати Қирғизистонро аз гурӯҳҳои авбошу тундгарои миллатпарасти маҳаллӣ вобаста кардааст ва ин заифии ошкорои нафарони расмии масъули гуфтушуниди кишвари ҳамсоя дар назди тӯдаи авбошони ташнаи хун ин мушкилотро яке бар чанд афзудааст.
Аз Ҳукумати Қирғизистон хоҳишмекунем, ки ҷилави моҷароҷӯёну авбошон ва одамкушҳои худро бигирад. Агар он натавонад ин дархостро амалӣ намояд ва қишрҳои ҷиноятпешаи қирғиз ҳамчунон нисбат ба шаҳрвандони мо зӯроварӣ кунанд, пас давлати мо вокуниши ҳамвазн бо аъмоли хашини онҳоро дар нақша мегирад ва мутмаин бошад, ки миллат дар бараш ҳаст, он гуна, ки Фирдавсии бузург мефармояд:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душманд диҳем.
Малика Томирис - омӯзгор, таҳлилгар, ДДХ