Ахлоқ ва тарбияи ҷавонон: Омили муҳими муқовимат ба терроризм ва экстремизм.

Зулм торику дилсияҳ кунадат,
Адл рахшандатар зи маҳ кунадат.
Яке аз мушкилоти асосие, ки имрўз роҳбарияти тамоми кишварҳо ва алалхусус Ҳукумати Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, масъалаи терроризм ва экстремизм дар байни ноболиғону ҷавонон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки падидаҳое чун экстремизм ва терроризм аз ҷиҳати бунёдӣ нав набуда, вале пайдоиши ин вожаҳо нисбатан нав аст. Экстремизм аз калимаи фаронсавии “extremisme”ва лотинӣ “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифратгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амали тундравона, аз андоза гузаштан аст, яъне ҳадди охирини фаъолияти шахсони алоҳида, гурўҳҳо, ташкилотҳо ва ба ин монанд мебошад, ки нуқтаи назари охирин, ҳадди охирин дар фаъолияти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз ин масъала ба нуқтаи охирини худ расидааст, яъне ягон давлате, миллате, ки аз терроризм ва экстремизм ҷабр надида бошад, мавҷуд нест.
Экстремизм ин ҳамон як ғояи номатлуб, ки ба мафкураи ҷомеа, рўҳия, ахлоқ, идеология, инчунин мутташанниҷ гардонидани муносибати байни гурўҳҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонад.
Фаъолияти экстремистӣ дар мавзўъҳои мухталиф ба таври гуногун зуҳур менамояд: талобатҳое, ки аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, конститутсионӣ, динӣ, ахлоқӣ, инсондўстӣ, меҳнатпарастӣ, умуман аз арзишҳои умумибашарӣ берун буда, то ба дараҷаи шуриш, тарконидан, куштори ваҳшиёна, дастгир намудан ифода меёбад.
Терроризм-ҳодисаи мураккаби иҷтимоӣ–сиёсӣ ва нуқтаи ҳади охири ин ё он талобот, ки он мутобиқ ба меъёрҳои инсонӣ нест. Он ҳодисаи криминалӣ буда, шакли рушди зидиятҳое, ки дар байни як давлат ё худ байни давлатҳо дар ҷараёни рушди он ба вуқўъ меояд.
Аз нуқтаи назари рисолати инсонӣ ҳар як инсони соҳибақл, соҳибтамиз ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ бояд расад ва онро ба фарзандони хеш, инчунин насли инсон вогузошта тавонад.
Чуноне, ки иттилоъ дорем солҳои охир њамаи давлатњои ҷањон ва кулли Аврупоро таркишҳои шадид ва амалҳои террористӣ такон додааст. Ин амалҳои ваҳшиёнаи зидди инсонӣ, ки ба мардум танҳо ғаму ғусса ва офат меоранд, бо номи ислом баромад мекунанд. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Вобаста ба ҳамин ќайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳва фаҳш даъват намекунад. Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи ќонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамояд.
Мусалмон он шахсе, ки бо дасту забонаш касеро озор надиҳад. Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд? Дар ягон қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки инсонро аз зиндагӣ маҳрум созанд. Ин қадар инсонҳоро аз пайвандонашон ҷудо сохта истодаанд. Марги садҳо нафар кушташудагон бар гардани кист? Ашки модарони фарзандгумкардагонро кӣ бар мегардонад? Дар дини ислом эҳтироми волидайн ва онҳоро ҳурмату эҳтиром кардан дар ҷойи аввал меистад.Аммо афсӯс як тоифа мардуми беимону бехирад бар зидди дини ислом ва рисолати инсонӣ амал карда истодаанд. Магар он шахсоне, ки ба чунин амалҳои зишт даст доранд, модар, фарзанд, бародар, хоҳар надоранд?
Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан бисёрии ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии мардум, ба хусус ҷавонон таъсир расонида, онҳоро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсатиимрӯзаи давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динӣ аст. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд мардумро гумроҳ намояндва ба доми худ фирефта созанд.
Имрӯзҳо бархе аз ҷавонону наврасон аз сабаби надонистан ва надоштани маълумоти пурра оид ба оқибатҳои шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо побанди зуҳуроти гуногуни номатлуб мегарданд. Ҳатто бархе аз занону ҷавонон нангу номуси миллӣ ва ифтихори ватандориро фаромӯш карда, ба амалҳое даст мезананд, ки ба ҳеҷ як мазмуну моҳияти дини ислом ва оину анъанаҳои миллии мо рақобате надорад.
Яке аз мушкилоти асосие, ки имрўз роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст, боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ мо, омӯзгорон, волидон, насли калонсолро зарур аст, ки ба ҷавонону наврасон моҳияти терроризм ва экстремизмро фаҳмонида, онҳоро барои мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб омода намоем.
Дар Паёми навбатии хеш Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои амниятимудофиавиикишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Дар партави суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди солимфикру ватандусти ҷомеаро зарур аст, ки дар ин масъала бетаравӣ зоҳир накарда, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Мо бояд ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, иззату ҳурмати калонсолон ва раҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Битавонем, ки насли ҷавонро ҳарчи бештар саргардони кор кунем. Дар талоши он бошем, ки ҳамин насл донишманду босавод ва аз илм бохабар ба воя расад.
Маҳз ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзадонамон дар фазои орому сулҳофарин умр ба сар мебаранд, аз тамоми имтиёзоти рӯйиҷаҳонӣ бархӯрдоранд, дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Инкишофи иќтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарњангии мамлакат бо маром рафта истодааст.
Бояд гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон сиёсатест, ки мардум онро эътироф кардааст ва аз рӯи он амал мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро ғайримилливу ғайриқонунӣ номидан мумкин нест.
Ҳамагон хуб медонанд, ки мардуми тоҷик аз азал бо одобу ахлоқи ҳамидаи худ, бо оину маросимҳо ва таърихи бои худ байни дигар қавму миллатҳо ҷои сазовори худро пайдо кардааст.
Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар фазое умр ба сар мебаранд, ки дар он фарзандон орому волидон хотирҷамъанд.
Чуноне, ки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, мо барои ҷавонон чунин шароитҳоро мусоид орем, ки онҳо илм омўзанд, касбу ҳунарҳои миллию замонавиро аз худ намоянд ва барои пешбурди ояндаи миллат кўшиш намоянд. Зеро тавассути илмомўзӣ мо метавонем бар зидди терроризму экстремизм мубориза бурда, фазои орому сулҳофаринро фароҳам орем. Барои расидан ба чунин ҳадафҳо аз мо талаб карда мешавад, ки масъулиятшинос бошем, барои Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонидан кўшиш намоем ва фарзандонамонро низ дар ҳамин руҳия тарбия намоем.
Азимова Саноат - дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ