АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚИИ САНАДҲОИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲУ СУБОТИ МАМЛАКАТ
Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои таърихӣ, сарнавиштсоз ва тақдирсозе мавҷуданд, ки барои муайян, рушд ва ташаккулёбии давлатдории онҳо нақши муаззам доранд. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол низвоқеаҳо ва санаҳои муҳим мавҷуданд, барои бунёди давлатдории миллии мо ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ҷойгоҳи хоса доранд.
Ба ин рӯйдодҳои муҳим Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ воқеан барои тақдири минбаъдаи мардуми тоҷик ва мустаҳкам намудани низоми давлатдории навин саҳми арзанда гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Яке аз ин воқеаҳо, ки 28 сол қабл дар таърихи навини тоҷикон ба вуқуъ омад, ин баргузории ИҷлосияиXVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки воқеан тақдирсоз буда, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому арзиши он барои давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон баланд мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки вазъи сиёсии мамлакат дар ибтидои солҳои 90-ум хеле муташанниҷ гардида, ин ҳолат махсусан дар моҳҳои майи соли 1992 то ба дараҷае хатарнок гардид, ки хавфи парокандагии миллати тоҷик ва барҳамхӯрии давлати навбунёди тоҷиконро ба вуҷуд овард. Душманони дохиливу хориҷӣ бо ҳар гуна роҳу воситаҳо мардумро ба гумроҳӣ бурда, бо ҳар гуна баҳонаҳо, ташкил намудани гардиҳамоӣ вазъи пойтахти мамлакат шаҳри Душанберо ногувор сохта, истеъфои президент ва ҳукумати амалкунандаро талаб намуданд. Дар сафи пеши ин майдон намояндагони воломақоми мухолифин ва хоҷагони хориҷии онҳо қарор доштанд,ки маҳз бар асари фаъолияти ғайриқонунии онҳо мардуми гумроҳшуда ба доми фиреб афтода, хонахароб гардид. Дар он лаҳзаҳои душвор шахсоне, ки оқибати ин фоҷеаро дарк менамуданд, ба ҳимояи ҳукумати қонунӣ бархостанд. Бояд таъкид намуд, ки дар натиҷа ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ғолибу мағлуби худро надошт, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба вуҷуд овард. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз ӯҳдаи ҳалли ин масоил набаромад. Баръакс ташкили ин ҳукумат авзои сиёсии бе ин ҳам мураккаби мамлакатро вазнинтар сохт. Тарафдорони ҳукумати қонунӣ роҳи ягонаи ҳалли ин мушкилотро дар баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ медиданд.
Дар ин давра баргузор намудани Иҷлосия дар ҷануби мамлакат ғайриимкон буд. Аз ин лиҳоз, бо қарори вакилони Иҷлосия ҷои баргузории он шаҳри Хуҷанд интихоб карда шуд ва дар ин иҷлосия аз 230 нафар вакилон 197 нафари онҳо иштирок намуданд. Дар иҷлосияи мазкури Шурои Олӣ, ки аз 16-уминоябр то 2-юми декабр фаъолият намуд, 23 масъала баррасӣ гардида, 74 санади муҳими ҳуқуқӣ қабулкарда шуданд, барои барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд. Санадҳои ҳуқуқии мазкур дар шакли қонун, қарор, фармон ва изҳорот қабул гардиданд, ки аз он 55 қарор, 13 қонун, 5 фармон ва 1 изҳорот мебошанд. Дар байни ин санадҳои ҳуқуқӣ Қарори Шурои Олӣ «Дар бораи интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 19-уминоябри соли 1992 мақоми махсусро ишғол менамояд, ки дар ин марҳилаи ҳассос, вакилони мардумӣ тавонистанд шахсияти беғараз, кордону соҳибтаҷрибаеро ба ҳайси роҳбари давлат интихоб намоянд, ки минбаъд барои ба сулҳу субот овардани тоҷикон нақши муассир бозид. Муҳтавои қарори мазкур чунин баён гардида буд: «Мувофиқи моддаи 109-умиКонстиутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад».
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии аввалини худ ба ҳайси сарвари давлат, аз сулҳу салоҳ ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд сухан ронда, зикр карда буданд, ки: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам ояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Қонунҳои дар иҷлосия қабулгардида, зарурияти воқеӣ доштанд ва барои танзими муносибатҳои давлатдории навини тоҷикон бахшида шуда буданд. Дар Иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26-уминоябри соли 1992», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишонидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», «Дар бораи табдирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд», ки барои ба эътидол овардани вазъи онвақта ва хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ нигаронида шуда буданд.
Бояд таъкид сохт, ки байни санадҳои қабулнамудаи Иҷлосия Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он санаи 19 –уми ноябри соли 1992ба давлатҳои аъзои ИДМ Муроҷиатнома фиристода шуд. Дар ин асос моҳи январи соли 1993 дар ҷаласаи якҷояи роҳбарони 12 давлати аъзои ин ташкилоти минтақавӣ дар шаҳри Минскмасъалаи низои тоҷикон ба миён гузошта шуда, ҳамчунин вазъи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамаи давлатҳои аъзо ҷонибдории худро барои кӯмак ба Тоҷикистон иброз доштанд. Дар байни ин давлатҳо фақат Ҷумҳурии Туркманистон каме бетарафӣ зоҳир намуда буд. Дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ваФедератсияи Русия розӣ шуданд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои худро барои ба эътидол овардани вазъ ва мустаҳкам намудани сарҳадот фиристанд.
Ҳанӯз аз нахустин қадамҳои устувори Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан нигаронида шуда буд ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» дар Иҷлосияин иқдомро тақвият бахшид. Дар натиҷа дар солҳои 1993-2000 ҳамагӣ ба ҷойҳои зисти худ дар саросари мамлакат 950599 нафар боз гардонида шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои ИДМ 201601 нафар, Афғонистон 51345 нафар, аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 697653 нафарро ташкил медоданд.
Ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қабулгардида, барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа заминаи боэътимод гузошт.Дар натиҷа Конститутсияи навини мамлакат 6-уминоябри соли 1994 қабул гардида, истиқлолияти давлатӣ ва шакли наву замонавии давлатдории тоҷиконро ба расмияти ҳуқуқӣ даровард. Қабули Конститутсияи нав шакли идоракунии президентӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти олии кишвар, таҷзияи ҳокимият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намуд. Дар асоси моддаи 12-уми Конститутсия - асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ин муқаррароти конститутсионӣ барои рушди соҳибкорӣ ва муносибатҳои озоди иқтисодӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Амали санадҳои дар Иҷлосия қабулгардида ва хизматҳои шоистаи Сарвари давлат барои ноил гардидан ба сулҳу субот ва қабул гардидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам омад. Ҳанӯз 12 –уми декабри соли 1992 Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон баён дошта буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.
Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Имрӯз мо шоҳиди бо пуррагӣ амалӣ шудани ин суханҳои пешгӯинамудаи Пешвои муаззами миллат ҳастем. Ва бояд ба қадру манзалати сулҳу субот ва оромии мамлакат бирасем.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва санадҳои дар он қабулгардида, воқеан барои расидат ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ замина гузошт ва бо гузашти солҳо мақому манзалати зиёд пайдо мекунад.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон, ҳамчун намунаи беҳтарини ҳалли муноқишаҳо ҳисобида шуда, барои бунёди давлати, воқеан, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва устувор гаштани пояҳои давлатдории миллии тоҷикон нақши босазо гузошт, рисолат ва аҳамияти Ваҳдати миллиро мо ҳеҷ гоҳ бояд фаромӯш намесозем.
Ҳамин тариқ, дар шароити ҷаҳони муосир, нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё мо бояд ба қадру манзалати ваҳдат, субот ва оромии кишвар бештар бирасем, ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва нагузорем, ки ягон нохалафе ба ин агзиши гаронбаҳо ба чашми бад нигоҳ афканад.
Иброҳим Ҷабборзода,
дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»