Ҳайфи он фарде, ки хиёнат ба Ватан мекунад!

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём рўз ба рўз аз мазмуну моҳияти гурўҳ, созмон, анҷуман ва ҳизбҳои бадандешу тахрибкор огоҳ гардида, дар муқобили чунин афроди бадтинат, ки сафҳои созмонҳои ифротиву иртиҷоиро пурра менамоянд, муборизаи пайвастаи беамон мебаранд. Имрўз ҷомеаи заҳматпешаи Тоҷикистон аз равандҳои сиёсие, ки дар дохил ва хориҷи кишвар рух медиҳанд, тариқи васоити ахбори омма ба таври бояду шояд огоҳ ҳастанд.

Агар ба атроф нигарем, шахсону гурўҳҳои алоҳида ба чашм мерасанд, ки мехоҳанд, бо дасисаву моҷаро бо ҳар роҳу восита вазъияти ороми ҷомеаро халалдор созанд. Яке аз ин гурўҳҳо Паймони миллии Тоҷикистон воқеъ дар хориҷи кишвар аст, ки онро Муҳиддин Кабирӣ (собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) роҳбарӣ менамояд. Ҳанўз дар таърихи 29-уми сентябри соли 2015 пас аз хиёнатҳои наҳзатиҳо мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро гурўҳи эктремистиву террористӣ эълон карданд. Аз ҳамон вақт инҷониб, Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш пайваста бо паҳн намудани ҳар гуна афкори носозгору носолим дар ҷомеа низоу тафриқаандозиро тақвият месозанд.

Тавре таҳлилҳо собит месозанд, Паймони миллии Тоҷикистон паймони якчанд паймоншикану ватанфурўш буда, комилан фаъолияти пасипардагии худро бо роҳнамоӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш идома дода, мехоҳад дар Тоҷикистони биҳиштосо бо нерўи аҳримании худ баҳри амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хоҷагонаш саҳм гузорад.

Чанде пеш аз расонаҳои иттилоотӣ хабареро дар бораи Шавкат ном фарде дарёфтам, ки бо амалҳои номатлуб ва ғайриинсонияш рӯи худро сиёҳ намуда, ба “хоҷагони худ” хизмати ҳирсона намуда, сари падару модар ва аҳли пайвандонро хам намудааст. Дар он ҷо Шавкати дузд, хиёнаткор, қаллобу фиребгар, оқпадар ва ифротгаро унвон шудааст. Ин амалҳо барои ҳар як фарзанди падару модар ва ҳар фарди миллат нанги бузург аст.

Маълум аст, ки Паймони миллии Тоҷикистон ва пайравонаш бо чунин амалу кирдори ҳангомаҷўёнаи худ чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бешубҳа, онҳо танҳо ба хотири мнфиатҳои гурўҳиву ҳизбии хеш талош доранд ва дар ин ҷода аз манофеи милливу давлатӣ куллан сарфи назар карда буданд, ҳоло низ карда истодаанд ва дар оянда ҳам хоҳанд кард. Чаро ки беҳуда нагуфтаанд:

Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,

Ки нокас кас намегардад аз ин болопариданҳо.

Миллату халқи тоҷик дар роҳи ҳифзи якпорчагии Ватан, марзу бум, ваҳдату якдилӣ, амнияту суботи сиёсӣ, забон, таърих, дин, фарҳангу мероси ниёгон ва дигар арзишҳои милливу давлатӣ собитқадаму устувор буда, дигар ба андешаҳои ѓаразноки афроду гурўҳҳои ифротӣ эътимод надоранд. Имрўз мардум нисбат ба солҳои пешин диду назари фарқкунанда доранд. Шумо кистеду чӣ мехоҳед, на танҳо шахсони марбута медонанд, балки афроди зиёде аз ҷомеаи Тоҷикистон инро хеле хуб дарк кардаанд. Шумо ва афроде мисли шумо шабеҳи ана ҳамон хори сари деворро мемонед, ки ягон қадру қиммат надоред. Ватан азиз аст. Ватандор он шахсест, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ягон маврид ба хоки поки Ватанаш хиёнат намекунад. Ба ҷуз фиреб, найранг ва хиёнат шумо ба Ватани худ чӣ амалеро ба сомон расонидед, ки худро ватандор ё дилсӯз ба Ватан вонамуд месозед???!!!

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ