​ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ МУҲАССИЛИН - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР


Тарбия падидаи иљтимої, фарњангї, психологї ва педагогї буда, барои танзими ҳаётиинсон ва пешрафти љомеа хизмат менамояд. Он њамчунфаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба раванди зиндагии воќеї ва бунёди ҳаётимаданї кӯмак мерасонад. Вобаста ба он дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Маќсади маориф ќонеъ гардонидани шахс барои рушди њамаљониба бањри амалї сохтани тамоми истеъдод, баланд бардоштани сифати њаёту кори худ ва дар ин замина афзун намудани мероси иќтисодї, фарњангї ва маънавї барои таъмини рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон мебошад».

Маҳз тарбияи миллї сифатњои баланди ахлоќї, ватандўстї, озодандешї, мавќеи шаҳрвандї, ташаббускорї, масъулиятшиносӣ ва монанди инњоро дар ҷавонон ташаккул медињад. Яке аз самтҳои таркиби тарбияи миллӣ, кидар Консепсияи миллии тарбия муайян карда шудааст, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Муҳтавоиинмафҳум дар шаҳрванд ба вуҷуд овардани эҳсоси хушахлоќї, эьтиром кардан ва рафтору кирдори њамида фаҳмида мешавад. Тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ аз ғояҳои бадахлоќї,инсонбадбинӣ орӣ аст. Он ба шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷомеа, миллат ва аҳли башар эҳсос кунанд.

Ба андешаи мо, тарбияи ахлоқии муҳассилин дар ду сатҳ ба амал бароварда мешавад.

а) дар сатҳи эҳтироми ҳамсабақон, калонсолон, хешу табор, ҳамватанон;

б) дарки масъулиятшиносї ва дорои иродаи ќавї будан.

Инсону ахлоќ бе якдигар вуљуд дошта наметавонанд. Одобу рафторро ахлоќ муайян карда, муносибати байнињамдигарии одамон, муносибат ба давлат, оила, воситањои истењсолї, мањсули мењнат ва ѓайрањороинъикос менамояд. Ахлоќ рафтору амали одамонро ба танзим медарорад. Пас саволе пайдо мешавад, ки ахлоќу одобро чї тафовутест? Ахлоќ ба донишу љањонбинї, бо олами ботинии инсон алоќаманд аст. Одоб бошад рафторест, ки дар њаракату муносибатњои њар кас ба чашм мерасад.

Олимон, педагогҳои намоёни кишвар оидба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ як қатор асарҳо ба табъ расонидаанд. Аз ҷумла, «Арзишҳои миллӣ», «Шарафномаи миллат», «Эҳёи педагогикаи Аҷам», «Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия» - и М.Лутфуллоев, «Фарҳанг-сарчашмаи гуманизм», «Некӣ некиро ба бар орад» - иИ.Х. Каримова, «Нақши арзишҳои маънавӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол», «Арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон»- иА.Нуров асарњои арзишманд дар ин љода мањсуб мешаванд. Тадқиқоти онҳо ба дараҷаи имрӯзаи афкори педагогӣ, аз ҷумла ба коркарди илмии масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ наќши беназир доранд.

Вазифаи асосии омӯзгоре, ки дар доираи талаботи тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ кор мекунад, ба насли наврас зиндагӣ карда тавонистанро таълим додан аст, зеро зиндагӣ худ санъати муҳим ва баробари он хеле мураккаб аст. Таълиму тарбия замоне маънц ё мароми зиндагии насли наврас хоҳад буд, ки аз мавқеи ӯ сурат бигирад ва омодагии ботиниаш ба рушд, кӯшишу талошаш ба камолот ва озодц бошад.

Маҳз тарбияи ахлоқӣ ба хислат ва рафтори шахсият сару кор дорад, хусусиятҳои одоби одамонро ифода менамояд. Ин фарқиятро мақоли халқии «Олим шудан осон, одам шудан мушкил» боз ҳам қувват медиҳад.Хонанда аълохон бошаду рафтору одоб ва хулқи шоиста надошта бошад, чӣ ҷои одаму одамгарӣ. «Мардуми беқадрро зинда машмор!» - фармудааст, Унсурулмаолии Кайковус.

Љамъият дар назди инсоният талаботи муайянро мегузорад ва аз рўи риояи њамин талабот ба одобу рафтори одамон бањо дода мешавад, амалу њаракат ва одату рафтори одамон маъќулу эътироф ва ё мањкум хоњад шуд. Баён Рањимов дар яке азасарњояш менависад: «Бењтар ва пурќувваттар намудани маркази тарбиявї, талабњои ѓайрисозишкорона гузоштан дар назди талабагон ва тарбияи иродаву њисси масъулиятнокї лозим аст».

Давраҳои таърихӣ шаҳодати онанд, ки ахлоќ ва меъёрҳои он як хел намеистанд, дар њар давраи тараќќиёти љамъият дигаргун мегардиданд. Маълум аст, ки баробари пешрафтииќтисодии љамъият тасаввуроти одамон бобати одоби хуб ва бад, кори хайр ва шар, адлу инсоф ва беадолатї таѓйир меёфт. Масалан, дар Юнони ќадим кўдакони носолиму нуќсони љисмонї доштаро нобуд мекарданд, зеро аз онњо ба воя расидани љанговарони пурзўрро имконнопазир медонистанд. Дар замони ѓуломдорї соҳибмулку ѓуломдор њуќуќ дошт, ки ѓуломро аз њаёт мањрум созад. Ин тарзи рафтор дар њамон давру замон мухолифи ахлоќ шуморида намешуд. Дертар ҳокимон кўшиш ба харљ медоданд, ки мазлумони зањматкаш доимо муросокор ва пуртоќат бошанд.

Маҳз мубориза бар зидди ахлоќи дороњо, љањолат ва нуқсонњои одоб ахлоќи пешќадамро ба вуљуд овардааст, ки аксарияти давлатњои демократии муосир ва муассисањои таълиму тарбиявии онњо усулњои њамин ахлоќи инсонпарваронаро амали хеш ќарор додаанд.

Тарбияи ахлоќии муҳассилин вазифаи муњими муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Моњияти он ба ташаккули тафаккуру њисси ахлоќї, мањорату малакањои рафтору гуфтори зебо хизмат мекунад, ки онњо дар ягонагї зуњур меёбанд. Умуман пешрафти ахлоќии шахсият дар ваќти фаъолият љињати ахлоќиро дорост. Ҳангоми фаъолият хонандагон ба њамдигар тибқи ќоидаву меъёрњои азхудкардаашон робитаи ахлоќї барпо намуда, ба ин васила дараљаи тарбияи ахлоќиашонро њувайдо месозанд. Аз њамин љост, ки одамон дар бораи њар кас, фаъолияти ў, ба кадом кор шуѓл варзиданашро дида бањо медињанду андеша мекунанд, ки фаъолият ва кораш аз рӯи меъёрҳои ахлоќӣ, ќоидањои њаёт, ќоидањои давлатанд ё хилофи онњо. Mo њама ваќт мехоњем, ки дар оилаамон, дар корамон рафтору кирдори аз њама бехтарин ва љиддитарин љой дошта бошад. Дигар хел шуданаш мумкин њам нест: ахлоқ натиљаест, ки мо дар њар кор барои ба даст овардани натиљањои хуб мекўшем. Kacepo тасаввур кардан душвор аст, ки «… ахлоқи мо њамин тавр аст ва онро беҳтар карданї њам нестем»- гуфта бошад.

Ахлоќтафовути некиву бадиро муайян намуда, роњи камолот ва хушахлоќ шудани одамонро мунаввар месозад. Дар урфият њар як толибилмро “як љањон мегўянд”, ҳамзамон ахлоќашро низ олами дигари мураккаб номанд, хато нахоњад шуд, чунки ботини инсон, дили ўро омўхтан, донистану тањлил кардан басо душвор аст. Ин љињатњо ба олами равонївобастагї дорад. Одами хушахлоќ хислатњои њамида - мењру вафо, шарму њаё, шафќат, адлу инсоф, њимматбаландию саховатмандї, эътиќодро муљассам месозад, шахси бадахлоќ бошад, баръакс таљассумгари ахлоќи бад аст.

Њар халќу миллат бо фарзандони шўњратманди худ, ки хислатњову сифатњои бењтарин доштанд, ифтихор мекунад. Аз ќадимулайём бузургони халќи тољик, адибону олимон ба масъалаи одобу рафтор ва тарбияи ахлоқии одамон бањои арзанда додаанд. Дар давоми њазорсолаҳо доир ба ин мавзўъ китобњо, одобномањо, панду насињатњо, њикояту ривоятњо офаридаанд, ки имрўз барои тарбияи ахлоќї аҳамияти арзишманд доранд.

Тарбияи ахлоќї дар асоси арзишњои миллї, маънавї ва умумибашарї ба амал бароварда мешавад. Мазмунан вай пурѓановат ва бой хоњад гашт, зеро арзишњои номбурда њамаи тарафњои тарбияи ахлоќиро дар бар мегирад.

Вазифањои тарбияи ахлоќї аз он иборат аст, ки муносибати неки инсонро ба љамъият ташаккул дињад, ба иллату камбудињои ахлоќї нафрат пайдо кунонад, интизоми бошууронаро тарбия намояд, барои инкишофи њаматарафаи шахсият мусоидат кунад.

Гузашта аз он, ахлоќ, ки асоси муносибати инсонро ба љамъият ташкил медињад. ба афзудани эњтироми хонанда нисбати љамъият, ба мустањкамшавии истиќлолияти кишвар, ба соњиби маданияти ахлоќї шудан, дарёфти мавќеи худ дар љамъият, зиёда гардонидани эътиќодашон ба одамони хуб оварда мерасонад. Муаллим дар дарсњо ва берун аз он ба муҳассилин маънои вањдат, дўстї, њамкорї, ба њамдигар ёрирасонї ва хислатњои ба халќу миллат даркориро мефањмонад. Ин дар маљмуъ пешрафти иќтисодї, сиёсии љамъиятро таъмин менамояд. Бо њамин роњ ба њар љавоне, ки дар Тољикистон таҳсилу зиндагї мекунад, талќин карда мешавад, ки оянда соњибони њаќиќии диёри мањбуб шуда ба воя расанд ва бањри гул-гул шукуфтани диёр ѓамхорї намоянд, то муваффаќиятњо бештар афзудан гирад. Барои ин хубу аъло хондан, љустуљўю мењнат кардан, аз душворињо нањаросида бартараф карда тавонистан ва ба норасоиву иллатњо муросо накардан талаб карда мешавад.

Камбудињои ахлоќии наврасон пеш аз њама дар муассисаи таълимӣ ва оила ба назар менамояд. Пешгирию бартараф сохтани онњо худ аз худ ба вуљуд намеояд, зидди камбудињо мубориза бояд бурд. Аз ин рӯ, муаллимону волидайн дар якљоягї корбарӣ намуда, дар фарзандон самимият, ташаббускорї, фаъолиятнокї, мењнатдўстї барин сифатњои хуби ахлоќиро парвариш менамоянд. Дар бартарафсозии нуќсонњои ахлоќии хонандагон наќши омӯзгорон бузург аст. Онњо ба шогирдон дар раванди таълиму тарбия дар бораи воќеа ва њодисањои дар кишвар ба вуќуъомада наќл мекунанд, ба дуруст фањмидани онњо сабабгор мешаванд. Ваќти машғулиятҳои таълимӣ оид ба навигариву корнамоии шахсиятҳои фидокори кишвар сухан карда, дар баробари он рафтори ношоями бархе аз ҷавонон, киба ќадри мењнати њалол намерасанду обрўю эътибори оилаву волидон, муаллимону ҳамсабақонро поймол мезананд, маҳкум менамоянд.

Яке аз вазифањои тарбияи ахлоќї пайдо кунонидани интизоми бошуурона дар хонандагон мебошад, ки чунин интизом дар фаъолияти њаррўза, рафтору кирдор, дар муомила бо дигарон, яъне дар љањонбинии шахс падидор мегардад. Њар касе, ки интизоми шуурона дорад, вазифаи ахлоќии худро дуруст мефањмад, ба амалу њаракати худ бањо медињад, амалиёти нодурустро мањкум мекунад. Интизомнокї яке аз хислатњои хоси одамон буда, сарчашмаи рафтору одоби хуб аст.

Мазмуни тарбияи ахлоќї солњои охир ба куллї таѓйир ёфта бошад њам, педагогика онро воситаи муњими ташаккулдињии шахсияти дорои ахлоқи њамида мешуморад. Мазмуни тарбияи ахлоќї ба он равона карда мешавад, ки муҳассилини имрӯза ватандўст, инсонпарвар шуда ба камол расад ва мавқеи худро дар љамъият пайдо намояд.

Пас аз соњибистиќлол шудани Љумњурии Тољикистон дар кори таълиму тарбия ба арзишњои миллат диќќату эътибор хеле афзуд. Омўзиши таърих, фарњанг, урфу одат ва анъанањои миллї дар маркази диќќат ќарор гирифт. Дар њамин асос ифтихор ва худшиносии миллї баланд рафт. Дар њаќиќат Тољикистони имрўза, ки бо ќадамњои боварибахш пеш меравад, ба одамони њаматарафа инкишофёфта эњтиёљ дорад. Чунин одамон ќодиранд, ки илму фан, маданият, соњањои саноат ва кишоварзиро ривољу равнаќи тоза бахшанд. Аз њамин рў, тарбияи инсони комил аз вазифањои тарбияи ахлоќист, чунки вай бо эътиќод, саъю кўшиш, ѓайрат, маданият ва донишњои худ ба рушди минбаъдаи Тољикистони азиз њисса мегузорад. Мусаллам аст, ки барои тарбия муњити солиму ором лозим аст, ки он пас аз љанги шањрвандї таҳти роњбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалї Рањмон ба вуљуд оварда шуд. Акнун имкониятҳои наву фарох пайдо шуд, то ки дар ҷавонон сифатњо ва хислатњои хуби ахлоќї тарбия карда шавад. Ба иљрои ин амал торафт бењтар гардидани сатњи зиндагии мардум, паст шудани дараљаи камбизоатии ањолї мусоидат намуд. Акнун шароити хуби истифодаи таљрибаи гузаштагон дар тарбияи ахлоќї ба вуљуд омад. Халќи тољик дар бобати тарбияи ахлоќї анъанањои ќадима дорад. Сарчашмањои хаттї, асарњои оламшумули намояндагони адабиётамон, панду насињатњо ва урфу одатњои миллї, ки авлоду аљдодамон дар асоси онњо тарбияи ахлоќї гирифтаанд, имрўз њам ќадру ќиммати худро гум накардаанд. Барои њаёти оилавии њозира тарбияи фарзандони онњо ањамияти калонро соњибанд.

Суханони зерини Унсурмаолии Кайковус аз «Ќобуснома» ањамияти мењнатро хеле хуб таъкид менамояд: «Ранљи имрўзин осудани фардоин бувад ва осудани имрўзин ранљи фардоин!» Инсонпарварї яке аз сифатњои ахлоќї аст, ки Низомии Ганљавї дар ин хусус гуфтааст:

Кўш, то халќро ба кор ої,

То ба хулќат љањон биёрої.

Васияту насињатњо, аќидаву андешањои мутафаккирони гузашта дар бораи ахлоќ чунон тавоної доранд, ки метавонем бо мадади онњо дар хонандагони хурдсол њам тухми инсонпарварї кошта сабзонем, онњо ба роњи њаёт барорем, то дар оянда ба халќ ва хешу табор, дўстон дасти ёрї дароз намоянд, њурмату эњтиромашонро ба љо оранд. Маќсади тарбияи ахлоќї чунин шахсони хушрафторро тайёр кардан аст. Дар ин љода истифода намудани панду њикматњои ахлоќии Рўдакї, Фирдавсї, Абўалї ибни Сино, Носири Хисрав, С. Насафї, С. Шерозї, А. Љомї, А. Дониш ва дигар бузургон мувофиќи маќсад мебошад. Халќи тољик ва мутафаккирони он ахлоќи пок одобу рафтори хушро ќадршиносї тарѓибу талќин мекарданд, чунки онњо фаъолиятњое мебошанд, ки ба инсон њусну латофат мебахшанд, вайро орифу доно, тавоно месозанд, аз њар љињат мукаммал мегардонад.

Дар муассисаҳои таълимӣ ва оила тавассути фањмондадињї, донишдињї дар хонандагон сифатњои ахлоќї пайдо кунонда мешавад. Онњо тадриљан ба волидайн ва муаллимон мењрубонї, ба њамсолону атрофиён ѓамхорї зоњирменамоянд, адолату инсоф, кори неку бадро дарк мекунанд. Маданияти рафтор ва дараљаи тарбиянокиашон сайќал ёфта, ба тарзи либоспўшї, муомилаву сухангўї, њаракатњои худ эътибор медињанд.

Дар муассисаи таълимӣ бањри тарбияи ахлоќї ќоидањо барои муҳассилин, ки ба хонандагони синну соли гуногун пешбинї шудааст, чун барномаи тарбияи ахлоќї сармашќи кор шуда хизмат менамояд. Ин барнома хеле васеъ буда, муносибатњои гуногуни ахлоќиро дар бар мегирад ва дар њамин муносибатњо сифату хислатњои шахсияти хонанда ба назар падид меояд.

Бо маќсади фањмида гирифтани вазъи таълиму тарбия, ахлоќ ва шавќу њаваси хонандагон нисбат ба дарс бо хонандагони синфҳои 9 “а”, 9“б” ва 9 “в”- и гимназияи №24 – и шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров пурсиши афкор гузаронида ба чунин хулоса омадем, ки мазмун ва шакли корҳои тарбиявї бо назардошти хусусиятњои синнусолї, таҷрибаи њаётї, кувваю имкониятњои хонандагон пеш бурда шавад. Њарчанд онњо хусусиятњои умумї доранд, боз аз якдигар аз љињати инкишоф, одобу рафтор бо тафовутњои зиёде фарќ мекунанд, яъне хонандагон хусусиятњои фардии фарќкунандаи худро моликанд. Муаллим бояд донад, ки завқу њаваси шогирдаш чї гуна аст, ба чї paѓбат дорад ва шаклу воситањоеро дарёб намояд, то вайро конеъ гардонда, сифатњои њамидаи ўpo ташаккул дињад.

Дадобоева Н.Н.

мудири шуъбаи идоракунии

сифати таҳсилот, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ