Таҷрибаи Сомониён ва аҳамияти он дар таҳкими давлатдорӣ, ҳуввияти миллии тоҷикон дар замони муосир

Давлати Сомониён яке аз давлатҳои мутамарказ ва тавоноиасримиёнагии тоҷикон маҳсуб ёфта, дорои таъриху тамаддуни ғанӣ ва азамату шаҳомати пуршукўҳ буд.Аз ин лиҳоз, омўзиши вижагиҳои тамаддун, давлатсозӣ,давлатдорӣ ва низоми он, идораи маъмурӣ дар маҷмўъ анъанаи таъмини сулҳу амн ва суботи ҷомеа аз аҳамият ва арзиши илмӣ, тарбиявӣ холӣ нест. Зеро таърихи давлатдории Сомониён ибратомўз буда, умури идораи он минбаъд аз ҷониби давлатҳои дигари ба саҳнаи таърих омада истифода гардид.

Низом ва умури давлатдории Сомониён аз ҷониби муаррихон, ҷуғрофишиносон, сиёсатмадорон, олимону муҳаққиқон ва ховаршиносони ватанию хориҷӣ мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, академикон Б.Ғафуров, Н.Неъматов, А.Мухторов ва шарқшиносони машҳур В.В.Бартолд, А.А.Семенов, М.Ноҷӣ, Р.Н.Фрай ва дигарон дар ин бора таълифоти пурарзиш офаридаанд.

Доир ба сарсулолаи Сомониён – Сомонхудот (номи аслиаш Аркак), писари ў Аса два ворисони ў Наср, Аҳмад, Яҳё ва Илёс сарчашма ва тадқиқтҳои зиёд маълмуот медиҳанд. Баҳри таъмини сулҳу амнияти хонадони Сомониён ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ бародари аз ҳама бузург – Наср ҳамчун сархонадони сулола нақши муҳим бозид. Пеш аз ҳама барои вусъати низоми ҳокимияти худ аз халифаи араб маншур мегирад, ки он шинохт ва эътирофи ҳокимияти босуботи хонадони Сомониён дар назди Хилофати араб буд. Инчунин барои таъмини тартибот ва мустаҳкамии ҳокимияти марказӣ сикка ба номи Наср зарб мешуд, ба хазинаи марказӣ дар Самарқанд андозу хироҷҳо аз дигар вилоятҳо ворид мегардид, барои муносибатҳои дипломатӣ ва хориҷӣ аз номи сулолаНаср баромад мекард. Ин далели он аст, ки ҳанўз аз рўзҳои аввали ҳукуматдорӣ бародарони хонадони Сомонӣ бо собитқадамӣ, ватанпарастӣ, худогоҳӣ, таҳаммулпазирӣ, якдигарфаҳмӣ, ҳамоҳангии кору пайкори худро баҳри таъмини сулҳу субот ва салоҳу пурқувваткунии қувваи марказӣ чораҳои зарурӣ меандешиданд.

Бояд тазаккур дод, ки барои таъмини субот, амнияти ҳокимият ва ҷомеа аз замони Сомонхудот сар карда тамоми наберагонаш дини исломро қабул намудаанд ва барои густариши он саҳми калон доранд.

Исмоили Сомонӣсоли 849 дар Фарғонаба дунё омада, дар синни 16-солагӣ ба арсаи сиёсӣ қадам гузошт. Баъди сари падари худ Аҳмад ас-Сомонӣ ба тарбияи бародари бузурги худ Наср мемонад. Ба андеша академик А.Мухторов то ба ҳукумати Бухоро расидани Исмоили Сомонӣ ба мулки Уструшана ҳукмронӣ мекард(7, 4-5). Вақте, ки давлати Тоҳириён аз по афтод, вилоятиБухороберун аз музофоти хонадони Сомониён қарор дошт. Тоҳир ат-Тойӣ дар Бухоро ба бедодгарӣ машғул буд ва аҳолии Бухоро аз пайи талаву тороҷ ва бедодгариҳо азият мекашид.Аҳли уламо ва удабои Бухоро аз Насри Сомонӣ хоҳиш менамоянд, ки ба ҳукмати он ҷо нафареро фиристад, то ки низом, амну субот ва амнияти он ҷо таъмин гардад. Ҳамин буд, ки Исмоили Сомонӣ соли 874 ба ҳукумати Бухоро расид.

Исмоилми Сомонӣ ба таҳаммулпазирӣ, инсонгароӣ ва тадбиру кордониву чораандешӣ ҳокимияти худро барқарор ва мустаҳкам намуд ва барои ободу хуррамгардонӣ, таъмини амну субот, оромиву осудагӣ, рушди муносиботи вилояти Бухоро кўшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Барои барқарор кардани девори муҳофизатии шаҳри Бухоро, ки амнияти онро таъмин менамуд, мебоист аз ҷониби аҳолӣ маблағҳои иловагӣ масраф мешуд. Ин буд, ки баъди ба ҳокимият расидани Исмоил барои барқарор кардани он ашрофон муроҷиат мекунанд. Дар ҷавоб Исмоили Сомонӣ чунин мегўяд: «То ман зинда бошам, бораи (девори) Бухоро ман бошам!». Дар ин бора сарчашмаҳоибисёр маълумот медиҳанд (4). Муаллифи «Таърихи Бухоро» доир ба ин масъала сухан ронда, қайд мекунад, ки «… Ва он чи пазируфт (яъне суханони овардашудаи Исмоили Сомониро дар назар дорад), тамом кард ва пайваста бо тани хеш ҳарб мекард ва нагузошт, ки ба вилояти Бухоро душманон зафар ёбанд»(2, 74). Яъне таъмини сулҳу салоҳ ва ваҳдату адолатпешагӣ, амнияту рушди ҷомеаи мамлакат ва давлатсозии Исмоили Сомониро мо аз ҳаминҷо мушоҳида мекунем.

Соли 893, ки давраи дуюми ҳукумати сиёсии Исмоили Сомонӣ маҳсуб меёбад, замони комёбӣ ва давлатсозии ў ба ҳисоб мерафт. Дар соли 893 ў ба водии Талас лашкар кашида,ба лашкаркашиҳои пай дар пайи туркони бодиянишин ба Мовароуннаҳр хотима дод. Инчунин дар соли номбаршуда кони бойи Шелҷӣ ва дар Мовароуннаҳр ба хонадони афшинҳои маҳалллии Уструшана хотима бахшида, ба ҳудуди давлати худ онҳоро ҳамроҳ намуд. Мавриди қайд аст, ки чунин амалҳо ба суботи сиёсӣ, мустаҳкамию якпорчагӣ ва мустаҳкамии марзикишварро Исмоил ба амал оварда шуда бошад, аз тарафи дигар таъмини хазинаи давлат низ дар назар дошта шуда буд.

Доир ба зафарёбии Исмоили Сомонӣ аз болои Амр ибни Лайси Саффорӣ сарчашмаҳои зиёде хабар медиҳанд. Исмолили Сомонӣ барои таъмини амну субот, якпорчагиии ватан, ҳифзи марзу бум халқро бар зидди Саффориён бархезонд ва ғалабаро таъмин намуд. Муаллифи гумноми сарчашмаи таърихӣ хабар медиҳад, ки «пас дар ин миён вақтҳо буд ба Хуросон то амир Абўиброҳим Исмоил ибни Аҳмад ас-Сомонӣ Амр ибн ул-Лайсро бигирифту пеши Мўътазид фиристод, дар соли дувисту ҳаштоду ҳафт (баробар ба соли 903 солшумории мо). Ва маншури Хуросону Табаристону Ҷурҷон Мўътазид ба Исмоил фиристод бо хилъат. Ва ибтидои давлати Сомониён аз ин вақт буд»(8, 329). Аз як тараф маншури фиристодаи халифаи араб ба Исмоил таъмини амнияту суботи мамлакат ва пуштибонии давлати ў аз ҷониби хилофат гардида бошад, аз тарафи дигар дар дохили давлат обрўю нуфуз ва эътибору эҳтироми умури сиёсии давлатсозии ўро нишон медиҳад.

Ба қавли профессор С.Абддулоев амирони Сомонӣ бо бозтобӣ аз умури давлатдорӣ ва девонсолорӣ дар баробари дифоъи тамомияти арзии мамлакат аз қудрати сиёсиву низомӣ кўшиш карданд, ки тавассути истеҳкоми дастгоҳи давлатӣ ва ниҳодҳои густурдаи идориву давлатӣ, заминаҳои воқеии интиқолисарзамини Хуросону Мовароуннаҳрро таъмин созанд. Дар замоне, ки шиддати сиёсӣ-иҷтимоии замона, даргириҳои байниҳамдигарӣ, хонадони Сомонӣ бо кордониву азму иродаи қавӣ барои амалӣ, таҳрезии давлати марказонидашудаталош мекарданд ва амир Исмоили Сомонӣ ба арсаи сиёсӣ бозомада, омолу хостаҳо ҷаҳду амалҳои аҷдодони худро идома бахшид ва ба авҷи аълои худ расонид(1, 42). Бинобар ин воқеан 1118 сол мешавад, ки ин низоми давлатсозӣ, давлатдорӣ ва таҳаммулгароии Сомониён бахусус Исмоили Сомонӣ то ҳол мавқеи худро дорост.

Ховаршиноси машҳури рус В.М.Массон дар ин бора қайд мекунад, ки сараввал бо ташаббуси Исмоили Сомонӣ ин низоми идорӣ дар Осиёи Миёна таҳрезӣ шуд (6, 50). Дар тадқиқоти дигар таъкид мешавад, ки кори оғоз намудаи амир Исмоил дар замони писараш Аҳмад бини Исмоил (907-914) ба анҷом нарасид. Танҳо дар замони ҳукмронии набераи амир Исмоили Сомонӣ Наср бини Аҳмад (914-943) ва бо ташаббуси вазирони оқил Абуабдуллоҳ Муҳаммад бини Ҷайҳонӣ (914- 918) ва Абулфазл Муҳаммад бини Убайдуллоҳи Балъамӣ (918-938) орзуи Исмоил ҷомаи амал пўшид. Ин умури маъмурӣ-сиёсии давлати Сомониён дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки дар асоси зарурият ва ва мустаҳкам намудини пояҳои давлатдорӣ, устувор ва пурқувват намудани мавқеи кишвар дар дохили хилофат ва барои побарҷо гардонидани истиқлолият аз ҳайати хилофат хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад. Дар замони Сомониён девонҳои ташкил карда шуда ба соҳаи мухталифи умури давлатдорӣ нигаронида, ҳар яки аз он барои ба низом даровардани ин ё он амал, аз ҷумла таъмини суботу оромӣ, осоиштагии ҷомеа, мушоҳидаи амалҳои институтҳои иҷтимоӣ таҳрезӣ шудааст. Дар замони ҳукмронии Нари II (914-943) дар регистони пойтахти он Бухоро даҳ бинои алоҳидаи маъмурӣ бунёд шуданд, ки дар ин бора «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ва дигар манбаъҳо хабар медиҳанд.

Идомаи корнамоӣ ва қудратёбию давлатдорӣ, умури сиёсӣ ва таъмини амну субот дар замони набераи Исмоил Наср ибни Аҳмад рост меояд. Соҳиби «Табақоти Носирӣ» ҳангоми ҳикояти аҷибе доир ба тахт нишастани Наср ибни Аҳмад, ки аз фазилатҳои нексириштии Абўабдуллоҳи Ҷайҳонӣ сухан меронад. Ў чунин менигорад: «Писари ў Насри Аҳмадро ба ҷои ў биншонданд ва амир Наср дар он рўз ҳаштсола буд. Ровӣ чунин меоварад, ки он лаҳза амир Насрро аз ҳарам берун оварданд, то бар тахти аморат биншонданд, чун ба сол хурд буд, хавф бар вай ғолиб шуда буд, мегиристу мегуфт: Маро куҷо мебаред? Мехоҳед ҳамчунон бикушед, ки падари маро куштед! Аз ман боз шавед! Чун ўро ба тахт нишонданд, Абўабдуллоҳи Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Ҷайҳониро ниёбати ў доданд ва ў марди оқилу накўрой буд, ифтитоҳи корҳо бинобар ақлу сиёсат ниҳод ва умури мулкро бар фоидаи инсофу эҳсон оғоз кард».

Бояд тазаккур дод, ки Абўабдуллоҳи Ҷайҳонӣ вазири машҳури замони Наср ибни Аҳмад буда, далели бебаҳсва қавӣ маҳсуб меёбад. Чун аз шахсияти шинхтаи ў сухан ронда шавад маълум мегардад, ки ў дар усули давлатдорӣ ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва додгустариву адолатпарварӣ, дар назари ҳамзамонони худ ва минбаъд низ аз ҷумлаи ашхоси фозилу донишманди он замони шукўҳманд шинохта шуда, осори худро дар сатҳи баланди илмӣ эҷод намудааст. Ин буд, ки мартабавуманзалати Абўабдуллоҳи Ҷайҳонӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷаҳони илму маонӣ дар пайвастагӣ қарор додаанд. Сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофӣ хабар медиҳанд, ки ў аз илми нуҷум ва ҷуғрофия воқиф буда, олимону фозилонро ҷамъ оварда, аз шаҳрҳо вилоятҳо, роҳҳо, дарёҳо, баҳрҳо, минтақаву қитъаҳо огоҳ мешуд ва асаре бо номи «Китоб-ал-масолик ва-л-мамолик» таълиф намуд. Ин буд, ки ҳам дасти давлатсозию давлатдорӣ дошт ва ҳам аз аҳли илм замона шинохта шуда, ки боиси таҳаммулпазириву ваҳдатхоҳӣ ва нигаҳдории амнияту суботи кишвар дар назари ў доимо мушоҳида мешуд.

Муҳимтар аз ҳама ҷанбаи азалии давлатсозӣ ва девонсолории давлати Сомониёнро ташаккул дода, амнияту суботи мамлакатро таъмин намуда, хараҷу мараҷ ва саркашиҳои сиёсиву қувваҳои марказгурезро дар ҳам шикаст, ки ин боиси мустаҳкам гардидани аркони давлатдории Сомониёнро таъмин намуд. Дигар ин ки ба хонадони Сомониён эҳтироми самимона ва поквиҷдононаи ин қабил хонадони Ҷайҳониён, Балъамиён ва Утбиён буд, ки давлати тоҷикнасаби Сомониён фусъати худро то андозае дар минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр дар муддати як аср арзи вуҷуд намуд.

Доир ба низоми идоракунии маҳалии давлати Сомониён муаллифи «Таърихи Байҳақӣ»андеша баён намуда, қайд мекунад, ки ҳокимон ва волиёни вилоятҳо дар музофотҳои алоҳидаи вилоятҳо ноибон ва дастнишондодҳои худро нигоҳ медоштанд ва онҳо ноиб, ҳоҷиб, омил ва ё волӣ маҳсуб меёфтанд. Инчунин дар назди онҳо катхудое вуҷуд дошта, онҳо аз ҳимоят ва пуштибонии марзбонон бархурдор буданд. Яъне барои таъмини амнияти низоми вилоят ва ҳам ҳокимон дастгоҳи махсуси идоракунӣ таъсис дода шуда, баҳри нигаҳдории субот ва оромӣ ҳатто дастаҳои махсуси ҳарбиён истифода бурда мешу.

Дар ташкили идораи маҳаллӣ раис вазифаи умури идораи шаҳру навоҳӣ иҷро намудани амру фармоишҳои амир, вазир ва ҳокимони вилоятудевонҳои марказиро бар ўҳда дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини он таъмини амнияту суботи шаҳру навоҳӣ низ маҳсуб меёфт. Дар баробари ин вазифаи мўҳтасиб низ дар назди раис амал намуда, ба истеҳсол, миқдор ва сифати молу маҳсулот, нархгузорӣ ва фурўшу хариди он, тартиби ахлоқ, аҳкоми шариат дар ҷамъият ва барои ҳукмиҷазо ҷинояткоронроба қозиёт пешбарӣ менамуд, ки ин мансаб низ дар ҷамъият барои таъмини сулҳу салоҳ ва амният саҳмгузор буд.

Аз девонҳои давлати Сомониён, ки бевосита бо ҷомеа сару кор дошт, девони шурта ва ё соҳибушрот меномиданд, ки вазифаи оромӣ ва амният, тартибу суботи ҷомеаро таъмин намуда, вазифаи имрӯзаи милитсияро иҷро менамуд. Дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ ва аҳкоми шариат ҷавобгарииҷиноятӣ ва муқаррар карда шуда буданд, ки ба ҷиноятҳо пешбинӣ шудааст, то ки суботу амнияти давлати Сомониён ва ҷомеаро гушдор месохт.

Дигар дастгоҳи идоракунӣ-девони замони Сомониёнро номбар кардан зарур аст, ки бевосита ба амнияту суобот ва оромии давлатдорӣ ва умури идорӣ фаъолият дошт, девони барид ё ин ки дар сарчашмаҳо соҳибулбарид низ омадааст. Намояндагии девони барид дар шаҳру русто ва навоҳии мамлакат фаъолият доштанд. Хусусияти хоси умури идории он аз чуни наст, ки шахсиятҳое, ки ба манотиқӣ кишвар ҳамчун маъмур ва намояндагӣ хизмат мекарданд, танҳо ба сарвари девони марказӣ ва девони вазир итоат менамуданду халос.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо нафарони масъул дар бозорҳо, маҳаллаҳо, маҷлисҳо, хонаҳои бузургон, сардорон ҷосусон ва ҳатто пиразанонро дошт, ки ҳарчӣ медиданд ва мешуниданд, гузориш медоданд. Умуман иртибот ва хабаррасонии давлатӣ ва вазифаи ҷамъоварӣ ва гузоришоти иттилоот вобаста ба амнияти давлатро бар ўҳда дошт(9,395-396).

Фаъолият, вазифа ва амалҳои ҳамаи девонҳои дастгоҳии идоракунии давлати Сомониён бо мақсадҳои муайян равона шудааст ва таҳлилу баррасии ҳамаи онҳо аз имкон берун аст ва мақсади гузориши моро дар бар намегирад.

Замоне, ки Наср ибни Аҳмад ба ҷурми ҳаракати қарматия даст доштанаш гуморбар дониста шуд ва ў ба фоидаи писараш аз ҳокимият даст кашида ба истеъфо рафт, ки аз ҳамин давра сар карда нишонаҳои парокандашавии давлат оғоз ёфт. Сабабҳои заволёбии ҳокимият ва похўрии давлати Сомониёнро бо чунин нуқтаҳо баён менамоем:

- пурзур гардидани қувваҳои марказгурез ва авҷи истиқлолиятхоҳии шаҳру вилоятҳо;

- тамоми сипоҳиён аз аскари қаторӣ то сипаҳсолори давлат аз ҳисоби туркон таъмин мегардад, ки аз ноустуворӣ ва ҷавонии намояндагони хонадони Сомониён хиёнатро пеша мекунанд;

- ҷангҳои беохир дар Рай хазинаи давлатро холӣ кард;

- сол то сол зиёд гардидани хироҷу андозҳо боиси норозигии оммаи халқ гардида, аз ҳокимияти марказӣ норизогӣ баён намуданд.

Дин дар муттаҳидсозии ҷомеа ва умури идоракунии давлати Сомониён кўмак менамуд. Ба ин андеша М.Ноҷӣ диққат дода тазаккур медиҳад, ки дар сарзамини паҳноваре, ки Сомониён ҳукумат доштанд, барои мустаҳкамии ҳокимият амалан ба фармони онҳо нигаронӣ дошта, тавассути дастнишондоди онҳо идора мешуд, дин омили асосии наздиксозии мардум маҳсуб меёфт. Зеро каме забону алоқаҳои қавмӣ муттаҳидиро ба миён орад, дигар омил ин динба ҳисоб мерафт ва пойбандӣ ба аҳкоми шариат авзои сиёсиро ором ва амниятро таъмин менамуд. Инчунин ба дин муносибат доштан ба умури низоми Хилофати Бағдод наздикиро таъмин намуда, дар умури хориҷӣ ва дохилӣ мақоми махсусро касб менамуд.

Умуман гуфтан ҷоизи қайд аст, ки дар замони давлатдории Сомониён гарчанде дини ислом дини ҳукмрон буд, вале дин ва идораи давлат дар дасти нафаре марказонида нашуда буд. Бинобар ин на балки руҳониёни олирутба, балки амирони Сомонӣ аз ҷониби хилофати араб «амири мозӣ», «амири шаҳид» ва дигар унвонҳои диниро муносиб донистаанд. Ин омили дигар дошт, зеро дар паҳлўи ислом динҳои тоисломӣ – буддоӣ, зардуштӣ ва ғайра мутаносибан тарафдорони худро доштанд. Бо далели дигар он аст, ки зербинои ташаккул ва инкишофи низоми давлати Сомониёнсирф мусулмонb набудани низоми [уrуrии давлати Сомониёнро асоснок менамояд.

Амирони Сомонӣ пайрави дини ислом буданд, вале дар айни замон одамони дунявӣ низ маҳсуб меёфтанд. Ин боиси он мегардид, ки илмҳои гуногуни табиатшиносиву ҷомеашиносӣ инкишоф ёбад. Доираи Бухоро ва атрофи онро масҳаби ҳанафӣ фаро гирифта, пас дар дигар минтақаҳо нуфузи xонибдорони аксари мактабҳои ҳуқуқии мусулмонии сунимазҳаб (монанди мактаби ҳуқуқии ҳанбалия, моликия, шофеия) ва шиамазҳаби ислом ба маротиб беш буд.

Бояд қайд кард, ки таъмини амнияту субот, оромӣ ва осудагии замон ва давлат боиси пешрафти соҳаҳои мухталиф, инкишофу рушди муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ гардида, маҳз халқияти тоҷик дар ҳамин давра ташаккул меёбад.

Махкамов С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ