​Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография

Бо чунин ном дар донишгоҳ китоби тоза нашр шуд. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифи донишгоҳ, магистрантон, омӯзгорони ҷавон пешбинӣ шудааст.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, давлати соҳибҳуқуқ, демокративу дунявӣ эълон гардидани он, гузаштан ба иқтисоди бозоргониву пешгирифтани сиёсати самараноки демографӣ зарурияти бо донишҳои географӣ ва демографӣ мусаллаҳ намудани мутахассисони оянда ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, таълими географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография дар факултетҳои ғайригеографии донишгоҳ баҳри омӯзонидани назарияи илми географияи иқтисодӣ - иҷтимоӣ, принсипҳои ҷойгиркунонии самараноки истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолкунанда, баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои табиии кишвар, вазъи демографӣ ва таъсири он ба пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сохтори соҳавии хоҷагии халқ, саноат ва хоҷагии қишлоқ имконияти васеъ хоҳад дод.

Муаллифи китоби мазкур Мавлуда Ҷӯраева ва Муаззама Илҳомзода буда, мутолиаи он ҷиҳати пайдо намудани дониши географӣ ва демографӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ