​Тозанашр: “Психиологияи муошират”

Таҳти унвони “Психиологияи муошират” китоби тозанашри муаллифон – Ҳусайн Зайтметов ва Луфов Мансур интишор гардид.

Китоби мазкур таълимӣ буда, дар он қонуниятҳои инкишоф ва рушди психологияи муошират мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин дастури таълимӣ - методӣ бо назардошти равоншиносии назарӣ ва амалии ҷаҳонӣ ташаккул ва ҷараёни марҳилаҳои гуногуни фаъолияти инсон дар раванди муошират, сохти психологияи муошират ва қонуниятҳои муошират дар фаъолияти педагогии омӯзгорон муайян гардидааст.

Бино ба иттилои Ҳусайн Зайтметов дар китоб инчунин ҷадвалҳо, тестҳои психологӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, саволҳои кори мустақилона ва супоришҳои КМД ҷой дода шудаанд, ки барои амиқтар аз худ намудани мафҳумҳои асосии назариявӣ аз тарафи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Гуфта мешавад, ки дастур барои донишҷўёни донишгоҳҳои омўзгорӣ, равоншиносон, педагогҳо ва барои онҳое, ки ба омўзиши масъалаҳои психологияи муошират шавқманд ҳастанд, тавсия мешавад.

Дар назар аст, ки китоби мазкур бо назардошти талаботи бештар такроран бо теъдоди бештар чоп шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ