​Зиндаву ҷовид монд...

Маҳмудов Муҳаммадҷон. Ин ном барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров азизу гиромӣ аст. Номбурда давоми фаъолият ҳамчун устоди асил ва фарҳехта, олими пуркор, роҳнамои беминнат ва ҳамкори самимӣ соҳибнуфуз буд.

Боиси андӯҳи гарони устодону шогирдони донишгоҳ аст, ки ҳамакнун риштаи умри боз як инсони нек канда шуд.

Номзади илми химия, дотсенти кафедраи электроникаи факултети физикаю техника, олими соҳибназар.

Саҳми Маҳмудов Муҳаммадҷон дар тарбияи шогирдони лаёқатманду муваффақ мондагор аст.

Маҳмудов Муҳаммадҷон аз соли 1976 дар Пажӯҳишгоҳи химияи Академияии улуми Тоҷикистон ба номи В.И.Никитин ба сифати муҳандис-технолог, сармуҳандис-технолог кор ва фаъолият бурда, бо масъалаҳои марбут ба омӯхтани хосиятҳои боҳамтаъсири металлҳои сабук (алюминий ва магний) бо стронсий машғул шудааст.

Давоми фаъолият дар ин коргоҳ Маҳмудов Муҳаммадҷон дар як қатор марказҳои илмию тадқиқотӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳои саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкорӣ намудааст, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Лвов ба номи И.Франко, Донишкадаи техникаи электронии Москва, Пажӯҳишгоҳи умумиитифоқии хӯлаҳои сабук, металлургияи АИ ИҶШС ба номи А.А. Байков, металлургии маркази илмии Урал, заводҳои тракторбарории Челябинск, алюминии Новокузнетск сафарҳои илмию эҷодӣ анҷом додааст.

Натиҷаи тадқиқоти илмии худро Муҳаммадҷон Маҳмудов 19 декабри соли 1982 дар Шӯрои илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои химия дар шаҳри Фрунзе (ҳозира Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон) таҳти роҳбарии академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ваҳобов А.В. ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илми химия мегардад.

Маҳмудов Муҳаммадчон соҳиби дараҷаи илмии дотсент (1988), унвони ифтихории Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), ихтироъкори ИҶШС (1986) гардида, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996) мебошанд.

Номбурда муаллифи беш аз 70 мақолаи илмию оммавӣ, методӣ, се ихтироот ва нахустин «Қомуси мухтасари олимон ва ихтироъкорон», «Масолеҳшиносии электрорадиоченкунӣ» буда, таҳти назарашон «3 модул» бо забони давлатӣ таҳия ва чоп карда шудааст.

Дареғ, ки қалби боз як инсони ҳалиму устоди донишманд аз тапидан бозмонд.

Ёди устод Маҳмудов Муҳаммадчон шод бод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ