Мулоҳизаҳо роҷеъ ба равобити халқҳои тоҷику ӯзбек дар соҳаи адабиёт ва санъат

Исомитдинов Ҷ. Б.

Мусаллам аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро таърихи умумии бисёрасра ва муштаракоти фарҳангиву маънавӣ муттаҳид месозад. Урфу одат, анъанҳо, тарзи зист, арзишҳои миллиамон он қадар пайваст гаштаанд, ки моро аз ҳамдигар ҷудо намудан номумкин аст.

Робитаи адабии халқҳои тоҷику ӯзбекро дар тарҷумаи осори адабӣ ба ин забонҳо мушоҳида намудан мумкин аст. Ин робита аз асрҳои ХII-ХIII бо тарҷумаи ӯзбекии «Шоҳнома», «Самаки айёр», «Чор дарвеш», «Саргузашти Ҳотами Той» ва амсоли онҳо дар насри ривоятӣ оғоз гардидааст. Дар асари барҷастаи Юсуфи Баласоғунӣ« Қутадғу билиг» («Маърифати саодатофар»), ки оғози адабиёти хаттии халқҳои туркизабон ҳисоб мешавад, ба ин қаробат, ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ равшан ишораҳо шудааст [13].

Шакли дигари муҳим ва сермаҳсул, ки бе он робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбекро тасаввур кардан маҳол аст, зуллисонайнӣ, яъне бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод кардани осори адабӣ ҳисоб меёбад, ки дар адабиёти хаттӣ аз асрҳои ХIII-ХIV оғоз ёфтааст. Бино ба тасдиқи муҳаққиқони равобити адабии тоҷику ӯзбек И. Брагинский, С. Воҳидов, Ҷ. Бақозода, А. Сайфуллоев ва дигарон аввалин намунаи асаре, ки аз вуҷуди зулисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ гувоҳӣ медиҳад, маснавии «Муҳаббатнома»-и Хоразмӣ мебошад, ки асосан ба ӯзбекӣ ва баъзе фаслу қисматҳои он ба тоҷикӣ навишта шудааст. Бояд гуфт, ки дар марҳалаи аввали худ зуллисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ дар эҷодиёти шоирони ӯзбекзабон, ки дар мактаби шеъру шоирии форсӣ-тоҷикӣ тарбият ёфта, дар баробари ашъори ӯзбекӣ дар пайравии Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Амир Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон шеърҳои тоҷикӣ ҳам менавиштаанд, ба вуҷуд омад ва аз асри ХV ба баъд ба василаи осори Ҷомӣ, Алишери Навоӣ (Фонӣ), Атоӣ, Лутфӣ, Саккокӣ, Биноӣ ва дигар намояндагони адабиёти тоҷику ӯзбек ба авҷи аъло расид [2].

Вақте ки сухан дар бораи дӯстии халқҳоямон меравад, пеши назарамон муносибати бародаронаи ду симои бузург – мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳазрати Алишер Навоӣ ба ёд меояд. Муносибати ин ду шахсият барои мо, хосатан зиёиён ва адибони ҷавон намунаи ибрат мебошад.

Адабиётшиноси номӣ Е. Э. Бертелс дар мавриди дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ чунин менависад: «... Мулоқоти Навоӣ ва Ҷомӣ, дар воқеъ, дӯстиеро ба миён овард, ки то охири умри Ҷомӣ давом намуд. Решаи ин дӯстӣ, албатта, на фақат бар ҷиҳатҳои фардии хислатҳои ин ду марди бузург, балки дар заминаи умумияти ҷаҳонбинӣ, мувофиқати комили ақидаву назарҳои онҳо ба мақсад ва вазифаҳои адабиёт қарор гирифтааст» [4,c. 124].

Абдураҳмони Ҷомӣ барои Алишер Навоӣ пири тариқат, устоди адаб, ҳамсӯҳбату дӯсти наздик маҳсуб меёфт. Алишер Навоӣ ҳамчун эҳтиром Ҷомиро бо ибораи « Муршиду устоду пир манга» («Барои ман муршиду устоду пир аст») эътироф намудааст. Инчунин Навоӣ дар асарҳои худ Абдураҳмони Ҷомиро бо истилоҳҳои «пирам», « устодам», «махдумам», «қутби тариқат», «кашшофи асрори илоҳӣ» зикр намудааст.

Эҳтироми Алишер Навоӣ нисбат ба устодаш он қадар баланд будааст, ки фазилатҳои инсонии Абдурахмони Ҷомиро дар достонҳои «Хамса», инчунин дар «Насойим-ул-муҳаббат», « Маҷолис ун-нафоис» ва дигар асрҳояш таърифу тавсиф намудааст. Навоӣ баъди вафоти Ҷомӣ асари махсуси « Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-ро навиштааст [7, c. 333-334]. Дар ин асар ӯ ба Ҷомӣ ихлосмандии зиёд доштанашро бо исрор таъкид кардааст.

Дар навбати худ Абдураҳмони Ҷомӣ ба эҷодиёти Алишер Навоӣ баҳои баланд додааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ нисбат ба шогирдаш – Мир Алишер Навоӣ назари некбинонаю садоқату самимият дошта, хислатҳои неку писандидаи ӯро дар рисолаи “Нафаҳот-ул-унс”, якчанд достони “Ҳафт авранг” ва ашъори дилкаши худ таъкид карда, ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафию ирфонии вай баҳои баланд додааст. Мавлоно, инчунин, дар мукотибаҳои худ доир ба шахсияти Мир Алишер Навоӣ сухан ронда, диди зебоипарастонаю назари некбинонаи шоирро махсус зикр мекунад [1].

Дӯстии ибратомӯзи ин ду мутафаккир дар замони арбоби давлатӣ, вазири Темуриён будани Алишер Навоӣ мунтазам идома ёфт. Маҳз бо ҳидояти Ҷомӣ Мир Алишер Навоӣ ҳомии аҳли илму адаб, ҷавонони соҳибистеъдод гардид.

Ин ду нобиға дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳими сиёсии давлатӣ, талқини дурусти байтҳои муайян, эҷоди асарҳои калонҳаҷм, шарҳу эзоҳи истилоҳҳои динии тасаввуфӣ, ихтилофи мазҳабҳо ва дигар масъалаҳо ба фикру андеша, мададу раҳнамоии ҳамдигар такя мекарданд.

Дӯстии Ҷомиву Навоӣ тӯли қарнҳо рамзи дӯстии абадии ду халқи бародар боқӣ мемонад. Ҷомӣ дар мавриди дӯстии халқҳоямон чунин байтҳоро пеш овардааст:

Соиле гуфт бо касе ба аҷаб:

Бо фулонат чӣ нисбату наздик?

Гуфт: Ӯ турк буду ман тоҷик,

Лек дорем хешии наздик.

Ҳамин хислатҳои неки дӯстонаи адибони номбурдаро шоирони баъдӣ идома дода, ба он сифатҳои нав ҳамроҳ кардаанд. Махсусан, адибони ӯзбек, аз қабили Турдӣ, Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Убайдуллои Завқӣ дар пайравии адибони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон ғазалу қасида, достону маснавӣ ва асарҳои насриро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълиф кардаанд [1].

Чун Ҷомиву Навоӣ адибони ду халқи бародар дар замони навинамон – Абдулло Қодирӣ ва Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, Зулфия ва Мирсаид Миршакар, Эркин Вохидов ва Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар эҷодиёти худ дӯстии ҳақиқӣ ва самимии халқҳоямонро тараннум кардаанд. Муносибати дӯстонаи халқҳоямон илҳомбахши эҷодиёти онҳо гаштааст. Хосатан, яке аз адибони тараннумгари дӯстии ду халқ устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки низ ба тақозои замон ва истеъдоди бузург бисёр асарҳояшро ба ду забон –тоҷикиву ӯзбекӣ навиштааст, дар поягузории адабу фарҳанги Ӯзбекистони шӯравӣ саҳми арзанда гузоштааст, ба бисёр адибони ӯзбеки нимаи аввали қарни XX ҳаққи устодӣ дорад ва, ба қавли яке аз онҳо – Шароф Рашидов, дар баробари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, асосгузори адабиёти шӯравии ӯзбек эътироф шудааст. Аз ин рӯ, табиист, ки онҳое, ки баъдан дар Ӯзбекистон адибони машҳур шуданд, дар қатори аввалин устодони худ Садриддин Айниро зикр кардаанд [9].

Мирзо Турсунзода солҳои 30-ум дар Тошканд таҳсил намудааст. Дар он ҷо бо адиби ӯзбек Ғафур Ғулом шинос мегардад, ҳардуи онҳо дар ҷодаи назм ҳамкорӣ мекунанд. Мирзо Турсунзода достони «Ҳасан аробакаш», Ғафур Ғулом бошад, достони «Кӯкан»-ро эҷод мекунанд. Мазмуни ҳарду достон ба ҳам монанданд, тақдири қаҳрамонҳои достонҳо айни яканд. Қаҳрамонҳои асарҳо – Кӯканро тоҷику Ҳасанро ӯзбек хондан мумкин аст. Дар достонҳо муаллифон ҳодисаҳои даврро воқеъбинона инъикос намудаанд [5, c. 46-47].

Бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои ду ҷумҳурии бародар соли 1968 Декадаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он олимон ва адибони номвари тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Амон Ҳамдамов ва дигарон иштирок намуданд. Баъди маросими кушодашавии Декада аҳли фарҳанг ба якчанд гурӯҳ тақсим гашта, ба водии Фарғона, вилоятҳои Хоразм, Сирдарё, Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхондарё ва Ҷумҳурии мухтори Қарқалпоқистон сафарҳо анҷом доданд [8,c. 3-4].

Соли 1998 (санаҳои 29 июн-5 июл) дар Ӯзбекистон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар арафаи ин чорабинии фарҳангӣ ду китоб ҳамчун меваи ҳамкорӣ ба табъ расид. «Обшори меҳр» ва «Қуёш остонаси». Яке шеърҳои аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ ва дигаре аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷумашудаи шоирони ҳарду мамлакат ба шумор мераванд. Дар ин маврид нависандаи ӯзбек Одил Ёқубов таъкид мекунад, ки «Дӯстии ҷудонашавандаи ӯзбеку тоҷикро дар зуллисонайнии забон ва адабиётамон мебинем. Ин ҷараёни эҷодӣ он қадар густариш ёфтааст, ки дар натиҷаи он дар адабиётамон услуби махсуси бадеӣ ба вуҷуд омадааст. Ғазалиёте, ки дар услуби ширу шакар эҷод шудааст, дар адабиёти ҷаҳонӣ ҳодисаи ноёб шуморида мешавад. Ширу шакар шабеҳи аз ду тори асбоби мусиқӣ танинандоз гаштани садои форам аст. Маҳз дар ҳамин дӯстии ҷудонашавандаи тоҷику ӯзбек намоён мегардад» [6].

Ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ торафт густариш ёфта, омӯзиши эҷодиёти намояндагони адабиёти классикӣ ва мосир дар ду давлат ба роҳ монда шудааст. Дар Тошканд олими шарқшинос Шоислом Шомуҳаммедов дар бораи фаъолияти эҷодии классикони форсу тоҷик даҳҳо рисолаҳои илмӣ ба табъ раоснидааст. Ӯ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба забони ӯзбекӣ дар се ҷилд тарҷума намудааст (1975-1979).

Шоир Аскар Маҳкам «Кашф-ул-асрор»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ (тафсири адабӣ-ирфонии Қуръони карим), «Маснавии маънавӣ» (дафтари якум)-и Ҷалолуддини Балхӣ, ғазалҳои Шамси Табрезиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст [3].

Шоири ӯзбекзабони тоҷикистонӣ Омон Раҷаб, ки маҷмӯаҳои ашъораш бо забонҳои ӯзбекӣ бо номҳои «Учқунлар», «Ишонч», «Ситора-ситора мемонад», «Сироҷи дилҳо» ва ғайра дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба табъ расидааст, ашъори шоирони гузаштаву муосири тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Амир Хусрав, Сайидо, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намуда, адабиёти тоҷикро барои хонандагони ӯзбекзабон муаррифӣ кардааст.

Ҷамшед Пирим адиби ӯзбекзабони тоҷикистонӣ, ки муаллифи маҷмӯаҳои «Майса ҳиди», «Сайҳун мавжлари», «Кӯнгил кӯзгуси», «Хазонрез кунлар» ва ғайра мебошад, ашъори шоирони тоҷик Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур ва дигаронро ба ӯзбекӣ гардонидааст.

Аз ҷумлаи нависандагони зуллисонайн, ки осораш бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар шакли маҷмӯаҳои «Спитаменнинг қотили», «Анқонинг уруғи», «Кӯргилик», «Пирдухтар», «Қулф», «Муқаддас» дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба табъ расидаанд, Ӯрунбойи Усмон аст, ки дар баробари таълифи осори адабӣ бо тарҷумаи асарҳои нависандагони муосири тоҷику ӯзбек низ фаъолона шуғл варзидааст. Ба қалами ӯ асарҳои нависандагони тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ, Самад Ғанӣ, Маъруф Бобоҷон, Абдулҳамид Самад ва дигарон ба забони ӯзбекӣ тарҷума гардида, дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба чоп расидаанд [2].

Умуман, ҳаминро таъкид намудан ҷоиз аст, ки падидаи зуллисонайнӣ дар замони муосир ҳам яке аз шаклҳои муҳим ва муассири робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек, василаи дӯстӣ ва бародарии онҳо мебошад.

Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 20 адиби ӯзбек ҳамчун узви Иттиҳоди нависандагони ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд. Инҳо Сулаймон Эрматов, Омон Ҷуманов (барои тарҷумаи насри тоҷик ба ҷоизаи ба номи С. Айнӣ сарфароз шуд), Тӯрон Тӯйчиев, Омон Раҷаб ва дигарон мебошанд.

Вақтҳои охир чопи намунаҳои эҷодиёти нависандагони ӯзбеки муқими Тоҷикистон ва худи Ӯзбекистон дар нашрияҳои «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Шарқ» ба таври ҳамешагӣ сурат мегирад. Яке аз охирин корҳое, ки дар самти шиносоии адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, нашри маҷмӯаи 700-саҳифагии намунаҳои эҷодиёти адибони ӯзбек дар 100 соли охир дар китобе бо номи «Армуғони дӯстӣ» аст, ки 17- августи соли 2018 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим шуд.

Дар китобхонаҳои Ӯзбекистон асарҳои бадеии адибони форсу тоҷик – Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Кайковус, Ҳофиз, Бедил, Мирзо Турсунзода ва дигарон аз ҷониби китобхонон бо шавқи баланд қироат мегарданд.

Дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, ки соли 1998 баргузор гаштанд намояндагони ҷумҳуриамон дар чор самт – вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Қашқадарё ва Хоразм сафарҳои эҷодӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, дар толори намоиши Академияи бадеии Ӯзбекистон асарҳои рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд, дар саройи «Туркистон» намоиши китоб ва фотосуратҳо, дар хонаи синамо якчанд филмҳои тоҷикӣ намоиш дода шуданд, ки аз онҳо бинандагон таасуроти ғанӣ бардоштанд.

Бояд гуфт, ки нақши тоҷикон ва ӯзбекон дар рушди санъати миллии ҳамдигар бағоят бузург мебошад. Ҳарду халқ ба “Шашмақом” умри дубора бахшидаанд. Тавассути фарзандони фарҳангпарвари тоҷику ӯзбек мусиқии “Шашмақом” рушд карда, дар ҳарду кишвар мақом ва ҷойгоҳи хос пайдо намудааст. Дар санъати шашмақомхонӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Содирхон Ҳофиз, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, ки донандагони хуби мактаби бузурги мақомхонӣ ба ҳисоб мерафтанд, дар тарбияи даҳҳо сурудхонони ӯзбек нақш доранд ва мактаби мусиқӣ ва мақомхонии онҳо дар Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Хева, Фарғона, Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Исфара то ба ҳол побарҷо буда, аз равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои аҳли ҳунари ин ду халқ дарак медиҳанд [1].

Лозим ба ёдоварист, ки нақши Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар тарбияи кадрҳои соҳаи санъати тоҷик назаррас буда, аз ҷумла Ҷӯрахон Обидов, Аслиддин Низомӣ, Фароғат Азизӣ, Холаҳмади Маҷид, Абдувалӣ Абдурашидов, Қудратулло Ҳикматов ва чанде дигарон аз дастпарварони ин муассисаи таълимӣ мебошанд, ки дар соҳаи санъати касбии тоҷик ҷойгоҳи хосси худро доранд.

Аз соли 1997 инҷониб ҳамасола дар Самарқанд фестивали байналхалқии мусиқӣ таҳти унвони «Шарқ тароналари» баргузор мегардад, ки дар кори он намояндагони санъати мусиқии мамлакатҳои дунё иштирок мекунанд. Фестивали мазкур баҳри тарғиби мероси санъати суннатии халқҳои шарқ, ҳифзи анъанаҳо ва рушди он, дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани ҳисси меҳру муҳаббат нисбат ба санъати асил равона карда шудааст. Соли 1999 дар фестивали мазкур мақомсарои тоҷик Олим Бобоев ва дастаи ҳунарии шашнафара таҳти роҳбарии ҳофизи ҷавон Ҳасани Камол иштирок намуданд. Мақомсароён аз Тоҷикистон Олим Бобоев (1999), Озода Ашӯрова (2003) соҳиби ҷоизаи фестивали мазкур гаштаанд [11].

Дастаҳои ҳунарии Ӯзбекистон низ пайваста дар фестивалҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон ширкат меварзиданд. Чунончи, 19-24-уми сентябри соли 2005 дар фестивали байналхалқии «Садои дилҳо» ансамбли «Булбули гӯё» аз ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхандарё иштирок намуд. 17-20-уми июли соли 2006 дар фестивали дуюми байналҳалқии мусиқии «Фалак» аз вилояти Қашқадарё ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ҳилола» ширкат варзида, ҷоизадори фестивал гардид.

Ба ғайр аз ин роҳбари бадеии театри тамошобинони наврас, арбоби хизматнишондодаи санъати Ӯзбекистон О. Салимов моҳи ноябри соли 2006 бо таклифи вазири фарҳанги Тоҷикистон дар кори ба саҳна гузоштани спектакли театри русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский саҳм гирифт. 5-12-уми апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе фестивали байналхалқии театрҳо “Наврӯз - 2007” баргузор гашта, дар он ҳайати 20 нафараи театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Уйғури вилояти Сурхондарё “Ӯлдинг, азиз бӯлдинг”-ро намоиш доданд.

Дар маросими бахшида ба рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон дар Тошканд рӯзи 31-уми августи соли 2018 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба чанде аз ходимони давлатии Тоҷикистон ва аҳли илму фарҳанг ҷоизаҳои давлатии ин кишвар тақдим шуд. Аз ҷумла, дар миёни ҷоизадорони дигари тоҷикистонӣ овозхонони маъруф Давлатманди Хол ва Адҳам Холиқов бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон» сарфароз гаштанд.

Инчунин, барои саҳмашон дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ба овозхонҳо ӯзбекистонӣ Шералӣ Ҷураев ва Мавлуда Халилова унвонҳои фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» супурда шуд.

Моҳи декабри соли 2017 ба яке аз стансияҳои навбунёди метрополитени Тошканд, воқеъ дар ноҳияи Сергили номи шоири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

Имрӯз ба ифтихори ду мутафаккири бузурги тоҷику ӯзбек – Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар мавзеъҳои зебоманзари Душанбе ва Самарқанд ҳайкалҳо бунёд гаштаанд. Ҳамаи ин аз эҳтирому қадршиносии аҳли фарҳанги халқҳоямон далолат медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷи маънавӣ-маърифатии миллати тоҷик рӯзномаи «Овози тоҷик» бо теъдоди зиёд нашр мегардад. Дар Самарқанд рӯзномаи тоҷикии “Оина” дар ду ҳафта як маротиба ба дасти хонандагон мерасад. Дар Тоҷикистон низ нашрияҳои ӯзбекӣ – «Халқ овози», «Дӯстлик», «Суғд ҳақиқати», «Ӯқувчилар газетаси», «Устоз», маҷаллаҳои «Шарқнома», «Кичкинтой», « Сирдош» ва ғ. нашр мегарданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба густариши равобити телевизион ва радио низ корҳои муайян ба анҷом расонида мешаванд, 18-уми феврали соли 1993 дар шаҳри Тошканд вохӯрӣ доир ба созмон додани ҳамкории панҷгонаи ташкилотҳои телерадиои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ шуда гузашт. Дар радиоканали «Дӯстлик»-и Ӯзбекистон ҳафтае чор маротиба ахборот бо забони тоҷикӣ пахш мегардад. Инчунин барномаи ахборотӣ-мусиқии «Ҳамроз», барномаҳои адабии «Сеҳри сухан» ва «Рангинкамон» ба эфир бароварда мешаванд. Дар телевизионҳои вилоятии Самарқанд, Бухоро ва Фарғона низ барномахо бо забони тоҷикӣ пахш мегарданд.

Дар соҳаи киноматография низ ҳамкориҳои тоҷикону ӯзбекон намунаи барҷастаи робитаҳои амиқи эҷодии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар мебошад. Ин ҳамкориҳо аз охири солҳои 30-юми асри ХХ оғоз шуда, ба фаъолияти коргардонии Комил Ёрматов – фарзанди халқи тоҷик алоқаманд аст. Нахустин филмҳои кӯтоҳметражро дар бораи тоҷикон ва ӯзбекон вай ба навор гирифта, дар ҳамон солҳои ниҳоят мураккаб пешкаши тамошобинон карда буд. Пасон, Комил Ёрматов бевосита ба рушди синамо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон машғул шуда, ин соҳаро дар кишвари ҳамсоя то охири умраш равнақу ривоҷ дод ва шогирдони зиёдеро ба воя расонид [1].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон синамогарони шинохтаи кишвар Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Маргарита Қосимова, Бақо Содиқов, Валерий Аҳадов ва дигарон дар рушди синамои касбӣ саҳми беандоза дошта, дар бисёр филмҳои худ ҳунармандони тоҷику ӯзбекро даъват карда, нақшҳои асосиро ба намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ тақсим мекарданд. Ҳунарпешагони шинохта, аз қабили Ато Муҳаммадҷонов, Сайрам Исоева, Ҳошим Гадоев, Ӯлмас Алихоҷаев, Рустам Саъдуллоев, Шуҳрат Эргашев ва дигарон дар филмҳои ин коргардонҳо нақши асосиро бозида, шуҳрати синамои тоҷику ӯзбекро баланд бардоштаанд [1]. Баъзе аз ин филмҳо соҳиби ҷоизаҳои баланд ҳам шудаанд. Дар ин самт низ дӯстию рафоқати ду халқ равшан ба чашм расида, нишонаи арҷ гузоштан ба санъат ва ҳунари ҳамдигар мебошад.

Дар ду давлати ба ҳам дӯст фаъолияти марказҳои фарҳангии миллатҳо ба роҳ монда шудаанд. Чунончи, дар Тошканд 8-уми июни соли 1990 маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон «Ориёно» таъсис дода шуд. Ҳадафи марказ рушди фарҳанг, забон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ ва омӯзиши фарҳанги дигар халқҳо ба шумор меравад. Дар шаҳрҳои Ҷиззах, Самарқанд, Намангон, вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарё шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд марказҳои фарҳангии тоҷикон фаъолият мебаранд. Айни замон дар вилояти Бухоро маркази тоҷику форс «Офтоби Суғдиён» созмон дода шуда, ҳафтавори «Бухорои шариф» нашр мегардад (10, с. 42). Инчунин, бо ибтикори марказҳои фарҳангӣ рӯзномаи вилоятии «Овози Самарканд», ноҳиявии «Садои Сух» бо забони тоҷикӣ нашр мегарданд. Ба ғайр аз ин дар як қатор рӯзномаҳои ноҳиявӣ саҳифаҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд.

Ҳамин тавр, имрӯзҳо ҳар ду давлати ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон барои мустаҳкам намудан ва рушди муносибатҳои шарикӣ иродаи қатъии сиёсӣ нишон медиҳанд. Дар ин маврид сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (9-уми марти соли 2018) гуфта буданд: «Марҳалаи сифатан нави муносибатҳои мутақобилаи мо оғоз ёфта, барои рушди минбаъдаи ду кишвар заминаи устувор мегузорад. Ва аз ҳама муҳим, барои рафтуомади шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки пайванди робитаҳои ҳазорсолаи хешутаборӣ доранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Мо бояд дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг равобити мунтазам ва наздик дошта бошем. Зиёиён, шоирон ва нависандагони мо бояд ёдгориҳои бойи адабию илмиро тарҷума ва паҳн намоянд, фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омӯзанд, ҷиҳати бештар наздик сохтани халқҳоямон дар заминаи арзишҳои нек ва созанда чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ доир намоянд.

Мо ӯҳдадорем, ки дар асоси воқеияти таърихӣ дастовард ва арзишҳоеро, ки халқҳои мо тӯли асрҳо ҷамъоварӣ ва сохтаанд ҳифз намуда, онҳоро паҳн кунем» [12].

Ҳамин тавр, таҳаввулоти робитаҳои адабӣ ва ҳамкориҳо дар ҷодаи санъат тоҷикону ӯзбекон аз асрҳои миёна то замони муосир ҷараён дошта, аҳли адаб ва санъати ду кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд

Пайнавишт:

  • Абдуҷаббор Раҳмонзода: Равобитаи адабию фарҳангӣ — рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» // http:// www. vfarhang. tj/index. php/tj/khabar-o/601-abdu-abbor-ra-monzoda-ravobiti-adabiyu-far-ang-rukni-mu-imi-ta-kimi-d-stii-to-ikon-va-zbekon (Санаи муроҷиат: 30. 03. 2019)
  • Абдушукури Абдусаттор. Адибони зулисонайн – мурағғибони дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек //http://tnu. tj/index. php/tj/to-ikiston-uzbekiston-sa-ifai-nav-dar-ta-rikhi-munosibat-oi-muta-obilai-du-khal-i-barodar/542-adiboni-zulisonajn-mura-iboni-d-stii-khal-oi-to-iku-uzbek (Санаи муроҷиат: 30. 03. 2019)
  • Аскар Маҳкам –шеърлар//http://kh-davron. uz/ kutubxona /uzbek /asqar-mahkam-sherlar. html (Санаи муроҷиат:29. 03. 2019)
  • Бертельс Е. Э. Навои и Джами (Избранные труды).–М., 1965.–498 c.
  • Бобозода Ф. Т. Ретроспективный взгляд на историю таджикско-узбекских взаимоотношений в советском периоде// Известия Академии наук Республики Таджикистан отделение общественных наук.–№3.–, 2015.–С. 44-49.
  • Ёқубов Одил. Ажралмас дӯстлик // Ӯзбекистон адабиѐти ва санъати, 1998 йил 3 июл.
  • Мирзиёев Ш. Мумтоз шеъриятнинг порлоқ юлдузи // Шавкат Мирзиёев. Халқимизнинг розилиги бизнинг фаолиятимизга берилган энг олий баҳодир. 2 жилд.–Тошкент, 2018.–С. 333-339.
  • Ниёзмуҳаммадов Б. Аз таърихи дӯстии ду халқ.–Душанбе, 1970.
  • Низом Қосим. Саҳифаҳои дурахшони қаробату рафоқат//http:// navisandagan. tj/tj/index. php/khabar/617-sa-ifa-oi-durakhshoni- arobatu-rafo-at(Санаи муроҷиат: 30. 03. 2019)
  • Ӯзбекистон умумий уйимиз.–Тошкент: Ӯзбекистон, 2004.–226 б.
  • Шарқ тароналари//https://ru. wikipedia. org/wiki/%(Санаи муроҷиат: 30. 03. 2019)
  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 09. 03. 2018 //http://www. president. tj/node/17221 (Санаи муриҷиат:17. 04. 2019)
  • Юсуф Баласагунский. Благодатное знание / Пер. Иванова. — М.: Наука, 1983. —560 с.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ