Рӯзгори ибратбахши Юсуфзода Носирҷон Салимӣ
Юсуфзода Носирҷон Салимӣ (03.12.1960, ш. Ленинобод), адабиётшинос ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ, доктори илмҳои филологӣ(2002), профессор (2003), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (2005), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъватҳои дувум, савум ва чаҳорум), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999), Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (2011). Дорандаи медали “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011). ва нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Остона”.
Дастпарвари ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1982). Ходими илмии сарредаксияи илмии ЭСТ (1982-84), аспиранти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДТ (1985-88), ходими адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” (1988-90), ходими илмии ПЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1990-92), дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик (1992-96), мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик (1996-98), ноибректори қисми илмӣ (1999-2000), ноибректори бахши таълим (2000-2001), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров (2001-2010), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (2002-2005), узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (соли 2010), ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (марти 2010 то августи 2011), Раиси китобхонаи миллии ҶТ(2011-2014) ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ(2014-2019), директори Инситути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ(аз моҳи феврали соли 2019).
Дар маҷмӯаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ бештар аз 200 мақолаи мавсуф роҷеъ ба масъалаҳои муҳими таърихи адабиёти тоҷик, хоса тадқиқи вижагиҳои услубӣ ва махсусияти анвоъи мутадовили насри классикии форсу тоҷик, инчунин нақду баррасии насри муосир ва амсоли он ба табъ расидаанд. Дар нашри ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла “Ҳазору як шаб” (ҷилдҳои 1-2), “Сомониён дар оинаи таърих”, “Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён” (дар ду ҷилд), “Сафарнома”-и Носири Хусрав, “Тарҷумаи тафсири Табарӣ” нақши муҳим гузоштааст. Зери раҳнамоии Носирҷон Юсуфзода тӯли солҳои 2008-2009 дар ду муҷаллад ”Донишномаи Сомониён” таҳия ва ба дасти чоп расид, ки зиёда аз 2 ҳазор мақолоти марбут ба таъриху фарҳанг, адабиёт, ҷуғрофиё ва мазҳабу ирфонро дар ин аҳди шукӯҳманди таърихӣ фаро мегирад. Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои “Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст” ва “Ҳикояҳои А.П.Чехов”-ро тарҷума намудааст. Ҳамчун сарвари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Носирҷон Юсуфзода дар таҳкими пояҳои моддиву техникии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои илмиву омӯзгории соҳибунвон, бунёди маҷмааи варзишии “Хуррамшаҳр”, такмили сохтмони бинои таълимӣ, бо манзил таъмин намудани устодон, тармиму таҷдиди хобгоҳҳои донишҷӯён саҳми бориз гузоштааст. Дар канори ин, дар бунёди бинои нави китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нахустин сарвари он нақши назаррас дорад. Бо раҳнамоии Носирҷон Юсуфзода то кунун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чандин осори адабиву таърихномаҳо ба дасти чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ, “Сабкшиносӣ”-и Муҳаммадтақии Баҳор, китобшиносии “Наврӯз” ва амсоли ин мебошанд. Иштироккунандаи чандин конфронсу ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар кишварҳои Руссия, Эрон, Ҳиндустон, Фаронса ва ғайра.
Осор: Маърифати бадеии таърих. -Хуҷанд, 1997; Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IХ -ХIII). -Хуҷанд: Нури маърифат, 2002; Мероси Оли Сомон. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2003; Насри форсу тоҷик дар аҳди Рӯдакӣ. –Хуҷанд: Ношир, 2008; Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён. Дар ду ҷилд. Хуҷанд.- Нури маърифат, 2009; Тоҷики оламшумул (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). –Душанбе:Ирфон, 2011 (бо ҳамммуаллиф) ва ғайра...