Зиндагиро иттиҳод зебанда аст!

Мо дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир муборизаи бошиддати абарқудратҳо зиндагӣ дорем. Дар чунин раванд, пеша кардани ҳамкориҳои судманди байни давлатҳо, иштирок дар ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ, ташкили мусобиқаҳои гуногуни илмӣ, варзишӣ, ҳарбӣ афзалтар аст. Дар ҳамин марҳила зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, таҳаммулпазирӣ, якдигарфаҳмӣ тарбия намоем. Боиси таассуф аст, ки боз дар ибтидои соли нави мелодӣ муноқишаҳои нав дар марзҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон сар зад. Он ҳам бошад, бидуни талафотҳои иқтисодиву маънавӣ анҷом наёфт. Аз задухурдҳое, ки дар байни сокинони ду кишвари ҳамсоя сурат мегирад, ҳар ду ҷониб манфиат гирифта наметавонанд, баръакс он ба муташанниҷ гаштани вазъият, мушкил гардидани ҳамзистии хаммарзӣ оварда мерасонад.

Дар сиёсат, дар таҳкми муносибатҳо арзишҳои ахлоқӣ нақши муҳим дорад. Дар замони муосир тамоюли сиёсигардонии ахлоқ ба назар мерасад. Сиёсигардонии канории ахлоқ хосияти ниҳоят манфӣ дорад. Он мардумро дар заминаи идеологияи муайян муттаҳид менамояд ва мардумро ба муқобили ҳамдигар бармехезонад. Аз ин рӯ, сӯиистифода намудан аз масъалаҳои ҳалталаби марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон номус бар шарафи инсонӣ ва хулқи ҳамида аст. Иғвоангезии шахсиятҳои алоҳида барои халалдор сохтани амнияти минтақавӣ нигаронида шудаасту бас. Аз ин рӯ, аз ҷониби Қирғизистон, хусусан, иғвогарон хоҳиш карда мешавад, ки рӯ бар ҷониби сулҳ оваранд. Кинаҳоро сӯхта, оҳанги сулҳро ҷустуҷӯ созанд. Ҳалли масъалаҳои марзиро ба зиммаи масъулон гузоранд ва ба тезутунд сохтани он дахолат накунанд.

Комилова Зилола омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ