Зан - модар фариштаест бебаҳо, дар Тоҷикистон мақоми ў болои дидаҳо…
Пеш аз он ки дар бораи шароити кунунии занони тоҷик ҳарф занем, аввал ба таърихи куҳан назар афканем. Дар ин хусус, ривоятҳо зиёданд, вале мо асосан ба аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи корубор ва шароити занон сухан мегӯем. Дар аҳди қадим нақши зан дар ҷомеа хеле баланд буд ва он замонро «давраи модаршоҳӣ» меномиданд.Яънедар ин давра ба корҳои хоҷагидорӣ меҳнати заннақши асосиро мебозид. Дар ин давра бошад, фаъолияти зан бо корубори рўзгор ва тарбияи фарзанд маҳдуд гардид.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Дар бобати баробарҳуқуқии зану мард, бархам додани хушунати оилавӣ ва гайраҳо қонунҳо қабул ва таъмини иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шудаанд.
Зан ин муъчизаи зебо, нурафшони оила, шодию сурури кӯдакон, кадбонуи хонадон, сарчашмаи меҳру сафост. Дар фарҳанги ниёгон рисолати муқаддаси зан-модар бо унвонҳои мураббӣ, тарбиятгари ҷомеа ва оила шинохта шудааст.
Боиси хушнудист, ки рӯз аз рӯз мардуми кишвар аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, онро арҷ мегузоранд. Аз ҷумла бонувони азизи кишвар, имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар адои вазифа менамоянд. Дар назди халқу Ватан содиқона хизмат карда, обрўву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.Дар фаъолияти дирўз ва имрўзи кишвар хидмати занону модарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба чашм мерасад. Байни занони кишвар вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳия, ректорону сарварони донишкадаву донишгоҳҳо, роҳбарони корхонаву коргоҳҳои гуногун аз ҳисоби занон буда, ин амали шоста аз ғамхории давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати бонувон дарак медиҳад.
Якгурӯҳи хоинони Ватан бо ташкилиҳар гуна ташкилоту созмонҳо,аз қабили ташкилоти “Паймони миллӣ” наметавонанд, фикру ақидаи мардуми моро паст кунанд, зеро кулли шаҳрвандони Тоҷикистон сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд. Онҳо хуб медонанд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои меҳнату истироҳат ва таҳсили занону духтарон муҳайёбуда, имконияти зиндагӣ кардан дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шудааст.
Мо, ҷавонон ба чунин шахсони “кўрнамак”, ки дар аввал нонроаз дасти модари тоҷик истеъмол карда, имрўз аз он ношукрӣ мекунандуба занон ва модарони тоҷик буҳтонҳо мезананд, имкон намедиҳем.
Гурӯҳи эҷодии
рўзномаи “Нури маърифат”