Заминаҳои пайдоиш ва сарчашмаҳои мавҷуди терроризм

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2018 гуфта мешавад, ки «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд».

Дарҳақиқат, ифратгароӣ маънои тундравӣ, маҷораҷӯӣ, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задании низою муноқишаҳо гардиданд ва имрӯз ба хатари чиддӣ табдил шуд.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеч гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одам­кушӣ, тундгароӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Ҳатто Абуҳанифа ба илми усули дин ва ё калом машғул буда ва бо бисёре аз уламои замонаш баҳсҳо кардааст. Нақл мекунанд, ки барои радди интиқодҳо ва шубҳаҳое, ки нисбат ба шариати ислом ҷоӣ дошт, 27 маротиба вориди Басра шуда, бо шахсиятҳое чун Ҷаҳм ибни Сафвон, бо мӯътазила ва хавориҷ ва рофизиёни тундрав баҳсу муноқиша кардааст.

Давраи нав, ки мувофиқи тақсимбандии марҳала­ҳои таърих аз ибтидои қарни XVIII то имрӯзро дар бар мегирад, барои олами ислом даврони бағоят пуршид­дат, нокомиву комёбиҳо ва замони бархурдҳои сиёсиву ақидатӣ бо тамаддунҳои дигар, махсусан тамаддуни ғарбӣ ба шумор меравад. Баръакси давраҳои пешин ҷомеаҳои шарқӣ, аз ҷумла кишварҳои исломӣ аз Африқои Шимоливу Осиёи Наздик cap карда, то мамолики ҷанубу шарқии Осиёи Дур пешрафти собиқи худро аз даст дода, рӯ ба таназзул ниҳоданд.

Дар олами Ғарб, баръакс тавассуги наҳзати Ислоҳ (Реформатсия)-и дини насронӣ ва дунболи он ба марҳалаи Эҳё (Ренессанс) ва маорифпарварӣ ворид шуда, аз пайи онҳо инқилобҳои сартосарии буржуазӣ ба амал омаданд, ки ин омилҳо ба ташаккулёбии сохти нави сармоядорӣ оварда расониданд. Дар натиҷа ин кишварҳо ба тараққиёти бесобиқаи илму санъат, дастовардҳои технологӣ, ихтирооти фанниву ҳарбй, ҷаҳонкушоиҳои ҷуғрофӣ ва ғайраҳо ноил шуданд. Аксари муҳаққиқон қайд менамоянд, ки дар ин пешравиҳо аврупоиҳо дастовардҳои илмиву фаннии пешинаи мусулмононро, ки акнун ба боди фаромӯшӣ супорида шуда буданд, фаъолона истифода бурдаанд. Баъди ин ҷомеаҳои мусулмонӣ дар муқобили қудратҳои низомиву сиёсии Аврупо ва дастовардҳои илмию технологии онҳо оҷизу нотавон монда буданд. Аврупо дар пайи ин пешрафтҳо ва имконоти фанниву низомӣ ба ғасб ва мустамликасозии дигар минтақаҳо аз он ҷумла кишварҳои исломӣ шурӯъ намуд ва пайи ҳам аксари кулли онҳоро мутеӣ худ сохт. Ин бархурди нобаробар ва ба асорати мустамликавӣ афтодани мусулмонон равшанфикрон ва табақаҳои пешқадами ҷомеаро ба ҷустуҷӯи сабабу иллатҳои ин қафомондагӣ ва ба асорату мустамлика афтодани онҳо раҳнамун сохт. Иддае аз онҳо бар ин хулоса омаданд, ки сабаби қафомондагӣ ва вобастагии онҳо аз Ғарб дар хусусияти тағйирнопазирии дини ислом аст. Гурӯҳи дигар сабаби ақибмондагиро дар дур рафтан ва бегона шудани мусулмонон аз исломи замони пайғамбар, исломи асил ва ба ҷои он омадани тақлиду хурофот ва бидъату ҷаҳолатҳо донистанд. Дар рафти ин ҷустуҷӯҳо ҷунбиш ё ҳаракати ислоҳи ислом, аниқтараш ҳаракати ислоҳи шуури сиёсии динни мусулмонон рӯи кор омад. Қайд намудан лозим аст, ки ҳама ҷунбишу ҳаракатҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳои исломӣ, ки дар замони нав рух додаанд руҳия ва характери динӣ, сиёсӣ гирифтаанд.

Яке аз наҳзатҳои аввалини ислоҳи мазҳабию динӣ, сиёсӣ дар қаламрави кишварҳои исломӣ наҳзаги ваҳҳобия буд. Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ дар асри XVIII ба вуҷуд омад. Асосгузори ин наҳзат Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1792), яке аз пешвоёни мазҳаби ҳанбалӣ буд. Асли таълимоти ваҳҳобияро поксозии ислом аз тариқи ручӯъ ба исломи ибтидоии даврони паёмбари ислом Муҳаммад ташкил мекард. Аз ин рӯ мубориза бо боқимондаҳои бутпарастиву бисёрхудоӣ, ки баъдан ба ислом дар шакли парастиши ҷойҳои муқаддас, шайху эшону авлиёҳо ва ғайра роҳ ёфта буданд яке аз икдомот ва таблиғоти аввалии ваҳҳобиён буд. Ваҳҳобиён талаб мекарданд, ки танҳо ба Қуръон эътимод бояд кард, нисбат ба суннаг фақат ба он ҳадисҳое эътимод қоил буданд, ки дар давраи чор халифи аввал -хулафои рошидин-маълум ва эътироф шуда буданд. Баргашт ба тавҳиди беолоиш, ба қавли онҳо, асоси худошиносии ваҳҳобиёнро ташкил мекунад. Аз ин нуқтаи назар онҳо хеле ҷиддию қотеъона ба тасаввуф мухолифат ва мубориза карданд. Нафрати эшон нисбат ба ақоиди суфия ба ҳадде расида буд, ки баъзе дуоҳо ва муноҷоти онҳоро, ки дар рӯи мақбараҳои авлиё хонда мешуд, бидъат шумориданд ва манъ карданд.

Аз байни ин ҳаракату равияҳо тайи солҳои охир ҷараёни салафия бештар фаъолтар гардидааст. Салафия ба таври умум ҳаракати динии хело қадим мебошад, ки дар ҳар давру замон бо шаклу шеваҳои гуногун зоҳир шудааст. Онҳо худро пайравони «салафи солеҳ» аз калимаи арабии «салафа» «гузаштагони накӯкор» муаррифӣ намуда, аслан ба исломи замони муҳаммадӣ ва давраи саҳобагон баргаштанро иддао доранд. Ҳадафашон тозагӣ ва покии исломи аввал мебошад. Вале он равияӣ салафияе, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон густариш ёфта истодааст аз исломи замони ибтидоӣ ва «салафи солеҳ»-и он қарнҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро ҳаракати мазкур дар зери таъсири доираҳои муайяни сиёсию динии чанде аз кишварҳои араб, махсусан Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва дигарон зуҳур карда, бештар ҳадафҳои сиёсиро пайгирӣ менамояд. Шеваи асосии фаъолияти салафиҳо асосан ҳамон шеваи ваҳҳобияи солҳои 90-уми қарни гузашта ва чеҳрааш ҳам дар асл ҳамон чеҳраи ваҳҳобия мебошад. Чун ваҳҳобия дар пайи ҳаводиси маъмули он солҳо обрӯву мақоми худро аз даст дода буд, имрӯз бо дигар ном рӯи саҳна омадааст. Бисёрии иҷроот ва фароизи динии онҳо як хел мебошад. Онҳо унсурҳои ҷузъӣ ва номуҳими иҷрооти динӣ аз қабили баланд гуфтани «омин» ҳангоми намоз, васеъ гузоштани пойҳо дар намоз, дар болои сина гирифтани дастҳо ва ғайраҳоро сармашқи худ қарор дода, ба шакли анъанавии диндории ҳанафии мардуми маҳалӣ шубҳаомез ва тафтишӣ нигоҳ мекунанд. Дар ин баробар, масоили дигари зиёде аз қабили зиёрат кардани мазорҳо, хондани пораҳои Қуръон дар сари қабрҳо, хайру садақа кардан ба арвоҳи гузаштагон ва ғайраҳоро пурра рад менамоянд. Аммо масоили номбаршуда ҷиҳатҳои зоҳирии фаъолияти онҳо буда, дар асл он инкори ҳама хусусиёти мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат ва махсусан шохаи шиъа мебошад. Таҳлили ҷиддӣ ва ҳаматарафаи шеваи фаъолияти ин ҳаракат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо аслан аз тариқи фазой динӣ ба фазоӣ сиёсиву иҷтимоӣ роҳ ёфтан мебошад.

Дар Тоҷикистон фаъолияти салафиҳо аз соли 2000-ум шурӯъ ёфта, солҳои 2005-2008 пайравони онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияву вилоятҳои атроф афзудан гирифт. Дар ин солҳо онҳо масҷидҳои алоҳида ташкил намуда, ба шаклу шеваҳои алоҳида ба адои намоз ва дигар фароизи динй идома медоданд. Пешвоён ва роҳандозони ин ҳаракат аз худи мусулмонони маҳалӣ буданд. Онҳо шахсоне буданд, ки дар хориҷи кишвар таълимоти динй гирифтаанд ё ҳангоми муҳоҷирати меҳнатй бо таълимотҳои динии хориҷи кишвар ошно шуда буданд. Ба пайравии ин ҳаракат бештар ҷавонон ва наврасони камтаҷриба ҷалб карда мешуданд. Дар ин давом кайҳо муноқиша ва бархурдҳои ақидативу гурӯҳии байни онҳо ва намояндагони исломи анъанавӣ рух медод.

Аз ин рӯ Вазорати адлияи ҷумҳурӣ соли 2009 салафияро равияӣ ифротӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард.

Нақши иҷтимоию сиёсии ислом дар сад соли охир дар кишварҳои Осиёву Африқо якранг набудааст. Имрӯз дар олами ислом се тамоюли асосӣ дар самти муносибатҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад: тамоюли анъанавӣ-тақлидӣ, тамоюли модернистй ва ислоҳотхоҳӣ. Аз ин тамоюлҳо бо дарки ин вазъият гурӯҳе аз таҳсилкардаҳо, ҷавонон ва равшанфикрони тараққихоҳи ин кишварҳо дар паи ҷустуҷӯи сабабу иллати ин ақибмондагӣ ва ҷаҳолат афтоданд. Дар натиҷа гурӯҳе ба хулосае омаданд, ки иллат дар хусусияти шахшудагӣ ва тағйирнопазирии дини ислом аст, гурӯҳи дигаре сабаби ақибмондагиро дар дур ва бeгoнапарастии мусулмонон аз исломи асил - аз усулҳои дини Муҳаммад, ба тақлиду хурофот, бидъатҳо, ва ба ҷаҳолат олуда гардидани он диданд.

Имрӯз зарур аст, ки кулли қувваҳои солими сайёра барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошад. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстеримизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср аст. Сарукор гирифтан аз «сиёсати дугона» нисбат ба терроризму экстеримизм самараи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекнад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам нооромтар месозад. Дар ин маврид сухани Сарвари давлатамон хеле бомаврид аст: «Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда намета­вонад».

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон «шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид. Дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуданд. Дар ин робита, суоле ба миён меояд, ки боқимондаи онҳо ҳоло дар куҷо қарор доранд? Ва бо кадом кишвару созмонҳо робита доранд? Боиси нигаронист, ки як қисми онҳо аллакай ба кишварҳои худ баргаштаанд ё ин ки дар роҳи бозгашт ба ватанашон қарор доранд ва метавонанд ба кишварҳои худ хатар эҷод кунанд. Мо аллакай шоҳиди он будем, ки ҳатто гурӯҳҳои хурди террористӣ тавонистанд дар як қатор кишварҳои аврупоӣ даст ба амалҳои террористӣ зада, сабабгори ҳалокати одамон ва нооромии вазъ шаванд. Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмилалӣ табдил додаанд. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст».

Ба ақидаи Ҳ.Тоатов «ифротгароӣ ва террорӣ – мазҳабӣ, кӣ ағлаб дар кишварҳои Ховари Миёнаю Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ мешуд, имрӯз ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврӯпо кӯч бастааст”. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар суханрониҳои худ изҳор дошт: ДИИШ-ро 40 давлати ҷаҳон маблағгузорӣ кардаанд. Аз ҷумла Америкаву Франсия дар сафи пеш буданд. Маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи мамлакатҳои Ғарб, созмонҳои байналмилалӣ ва фондҳо имрӯз барои касе пӯшида нест. Барои ҳамин ҳам хунукназариву бетафовутии ҳукуматҳои давлатҳои Ғарб ва нарм будани қонунҳои онҳо нисбат ба террористону ифротгароён барои фаоъолияти озодонаи онҳо шароити фароҳам бу вуҷуд овардааст. Инҳо натиҷаи сиёсати дугонаи баъзе давлатҳои Ғарб мебошад. Ба гуфти Баҳтиёр Ҳамадамов «То он даме, ки аз «ДИ» нафт мехаранду ба он аслиҳа мефурӯшанд, то он даме, ки террористон аз тамоми ҷаҳон озодона сарҳадии Туркияро убур намуда, ба Ироқу Сурия мераванд, ё баръакс бо тӯдаи гурезаҳо ба кишварҳои Аврӯпо бармегарданд, хатари дар хиёбонҳои Париж озодона гаштугузор намудани фиристодагони гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва ба инфиҷору хунрезӣ даст задани онҳо боқӣ мемонад».

Дар Афғонистон нерӯҳои ифротии минтақа, Афғонис­тонро ҷойи амали террористӣ қарор доданд, аз фурӯши маводи муқаддир барои худ аслиҳа мехаранд. Маълумотҳо мавҷуданд, ки террористон аз ҳисоби фурӯши маводи муқаддири Афғонистон соле бо миқдори 200 миллион доллари Амрикоӣ даромад ба даст меоранд. Ва ҳатто пешгӯӣ ҳаст, ки соли 2018 ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» толибонро аз бозори фурӯши маводи муқаддир танг карда мебароранд. Барои ҳамин ҳам гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар Паёми сарвари давлат оварда мешавад, ки «муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт» (6). Барои ҳамин ҷиддан мубориза алайҳи он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ андешидани чораҳои бетаъхир ва роҳандозии тадбирҳои муштаракро бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо талаб менамояд.

Таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳим­тарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мав­ҷуда, дар ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Хулоса, гирифтани хусусияти сиёсӣ ва глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки муборизаро бар зидди ин вабои аср пурзӯр намоем. Аввалан ба сарчашмаҳои онҳо зиён расонида, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намудан зарур аст. Дар акси ҳол талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳони дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ бесамар мебошад. Мамлакатҳои олам дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқо­ну­нии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии якдигар бояд бошад. Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Усанов Равшан, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ