​Вокуниш ба гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлин

Мо омӯзгорони МДТ "ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров" аз расонаҳо бохабар гаштем, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кард, ки 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор хоҳад кард.

Дар давоми солҳои истиқлолият, хусусан дар 5 соли охир шоҳиди он гардидем, ки дар Ватани маҳбубамон дастовардҳои беназир ҷомаи амал пӯшид.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои олам робитаҳои дӯстона барқарор намуда, муносибатҳои худро вусъату густариш дод. Барои он, ки мо халқи тоҷик доимо дар ҷустуҷӯи дӯстон ҳастем.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ буд, дар ин замина 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” бо намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллалӣ ба кор дароварда шуд.

Ҳамчунин дар ояндаи наздик Тоҷикистони азиз бо амалӣ гардидани ҳадафҳои дар пеш истода яке аз давлатҳои пешқадам дар асрсаи байналмиллалӣ мегардад.

Лекин ҳамаи ин пешравиҳо ва комёбиҳои Ватани маҳбубамонро, гурӯҳе аз фиророни ташкилоти террористии ҲНИ, ки аз аввал нияту маромҳои нопок доштанд, нодида мегиранд. Намояндагони ташкилоти номбурда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ санаи 10 декабри соли равон бо ҳаракатҳои бесаводона ва хиёнаткорона боз як бор исбот сохтанд, ки онҳо ба ҷуз тӯҳмат, дигар ҳеҷ коре надоранд. Фақат бо ҳамин роҳ ба хоҷагони худ натиҷаи фаъолияти як солаи худро “ҳисобот” доданд. Бояд гуфт, ки ҳар кас ки ба хиёнат даст зад, зарари он ҳатман ба мардуми бечора, ба насли навраси даврони истиқлол хаҳад дид.

Мо омӯзгорони донишгоҳ ин амалҳои ноҷавонмардонаи фаъолони ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуда намегузорем, ки онҳо дар Ватани азизамон зарае ҳам бошад, зарари худро расонанд.

М.Ғайбуллоева ва М.Бобоҷонова

омӯзгорони кафедраи таърихи

Ватан ва археология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ