Ваҳдати миллӣ - воқеаи муҳими таърихӣ
Дар ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум, баъди пош хӯрдани ИттиҳодиШӯравӣ, давлатҳои аз лиҳози сохтори сиёсӣ куллан мустақил ба вуҷуд омаданд, ки дар назди онҳовазифаҳои ниҳоят муҳиму тақдирсоз, ҳамаҷониба мустаҳкам ва қавӣ гардониданиистиқлолияти ба дастомадамеистод.
Баъдиаз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шахсоне ба майдони сиёсӣворид гардида, ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани ҳокимиятбо мададидушманони берунӣ ва дохилӣ, дар кишвари мо сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва гуреза гаштани даҳҳо ҳазормардуми осоиштаи ҷумҳурӣ гардиданд. Аз рӯзҳои аввалини ба сари қудрат омаданаш Пешвои миллатАсосгузори сулҳу ваҳдатЭмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро аз сулҳу салоҳ, бунёдкориву созандагӣ, таҳаммулпазирӣ, ватандӯстиву инсон парварӣ оғоз намуда, ба дили халқи тоҷик нури умедро рӯшан кард. Ин нури пурҷило сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ, шукуфони кишвар, эҳёи тамаддуни гузашта, умеди мардум ба фардои дурахшони Ватан, рушди бемайлони иқтисодӣ, пешравии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ вағайра буданд. Пешвои миллатАсосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти ҷумҳурӣ ТоҷикистонРаҳмон 27-уми июни соли 2007 ба ифтихори 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин ибрози ақида намуд: “ Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги дохили мо мансабталошӣ буд ва аз ҷониби дигар мубориза барои дигаргун сохтани низоми давлати дунявӣ ба сохти давлатдории динӣ ҳарчи ошкортар мегашт” Имтиҳони таърих бори дигар ба сари миллати барӯманди тоҷик омад. Ба тифли гаҳвора- кишвари тозаистиқлол хатари маҳвшавӣ таҳдид мекард. Ба хотири дарёфти сулҳу созишмоҳи августи соли 1993ЭмомалиРаҳмондар ҷараёни сафари нахустин ва бисёр пурхатар ба Давлати исломии Афғонистонсафар кард. Бояд қайд намуд, ки дар раванди муноқишаҳои дохилии тоҷикистониёнбарои ба сулҳу созиш овардани ду ҷониби даргири тоҷиконшаш маротиба ба Вилояти МухториКуҳистони Бадахшон аз ҷумлаяк маротиба соли 1993 ва ду маротибагӣсолҳои 1994,1995ва боз як маротибагӣ 1996, 1997 сафар намудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба ба ноҳияҳои дар ҳолати ҷангӣ қарор дошта, Тавилдара,Нурободу Рашт, аз ҷумла соли 1994 ду маротиба ба ноҳияи Тавилдара сафарҳои пурхатар ва хеле пурмаҳсулу судманданҷом дод. Барои расидан ба сулҳу созиш миёни тоҷикон сафарҳои сершумори Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои арабӣ ва дигар давлатҳои исломӣ ба музокироту суҳбатҳои сершумораш борҳо бо роҳбарони сиёсӣ ва пешвоёни дини ин давлатҳо нақши калидӣ бозидааст.
Зимни ин сафарҳо собит карда шуд, ки аксари мардуми Тоҷикистон мусулмонанд ва ҷангу ҷидол бо мухолифини динӣ исломё худ ҷиҳоди эълоншудатанҳо бофтаиқудратталошҳои сиёсӣ аст.Аз ин пас нақшаи ниятҳои сулҳовари Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмонниз аз ҷониби ин давлатҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Аз ҷониби Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар нимаи аввали соли 1993 масъалаҳои бо мухолифин сари мизи музокирот нишастан, қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони доими зист, барқарор сохтани ҳазорҳоманзили дар ҷанг хароб гашта, боз доштани пастравии иқтисод, ҷалби сармояи хориҷиба Тоҷикистон ва мардумро гирди ҳам овардан бар сатҳи Парлумону Ҳукумат ба қотеъиятупофишори гузошта шуд ки, он қадамҳои устувор барои барқарор кардани сулҳиимиёни тоҷикон буд.
Якумин музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав аз 5 –уми апрелто 19-уми апрелисоли 1994баргузор гардид. Маҷмӯан дар давраҳоимулоқотитарафҳо 23 маротиба баргузор гардидаанд, ки бо хатҳои заррин дар саҳифаи таърихсабт шудааст вааз онзинаи ҳайатҳоисатҳи баланд ва сатҳи олӣ сари мизи музокирот нишастанд. Ҳафт маротиба дар мулоқотҳои сатҳи олӣ бевосита Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Аз ҷумла аз 17-уми майто 19-уми май соли 1995 дар Кобул, 19-уми июн соли 1995 дар Теҳрон11-уми декабр соли 1996 дар Хосдеҳи Афғонистон, аз ҷумла 19-уми декабрто23-уми декабри соли 1996 дарМасква, 21-уми февралто 22-уми феврали соли 1997 дар Машҳад аз 16-уми май то 18-уми майисоли 1997 дар Бишкек, аз 23-уми июнто 27-июнисоли 1997 дар Маскавмузокиротҳоисулҳи тоҷикон ба амал омаданд. Бояд қайд намуд, ки дар саҳифаи таърихи ҷанги шаҳрвандӣсафарҳои пурхатариЭмомалӣ Раҳмон бо мухолифини тоҷик аз 17.05.то 19.05 соли 1995 дар шаҳри Кобул баргузор гардид, ки он сафари дуюми пурхатариЭмомали Раҳмон ба ҳисоб меравад. Соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.Хиради волои мардуми бофарҳанги тоҷик боло гирифт .
Тадбирҳоиба эътидол овардани низоъҳои тоҷикон :
- қатъ намудани ҳама гуна амалҳои зӯроварӣ;
- ҷорӣ намудани муколама, тайёрӣ барои барпо намуданигуфтушунидҳо;
- оғози гуфтушуниди тарафайн;
- барпо намудани музокирот;
- иҷрои созишномаҳои имзогашта аст.
Роҳбари ҷавон, вале бохираду дурназари тоҷик дар як муддати мушкил, вале барои миллат тақдирсоз тамоми нерӯи тавони худро барои пас гардонидани муҳоҷирон иҷборӣ, даъвати мухолифин барои сулҳу ваҳдати миллӣва таъмини ҳаёти осоишта равона намуд. Ва хушбахтона, ба мақасадҳои наҷиби хеш расид. Дар хонаи тоҷикон тинҷию амонӣ ҳукмрон гардид ва бунёдкориву созандагии ҷомеа оғоз гардид.
Гуфтан мумкин аст, ки асрори ҷавонмардии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон,пеш аз ҳама, дар андешаи бахшандагии ӯ зуҳур ёфт ва дар кишвар сулҳу ваҳдати воқеӣ тантана намуд. Дар ҳамаи музокираву гуфтушунидҳо ақли солими миллат ғалаба кард ва вазъи кишвари маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба эътидол омад. Таҷрибаи бою рангини сулҳи тоҷикон дар институтҳои сиёсии ҷаҳон, ниҳодҳои байналмиллалӣ ва аз ҷонибишахсони маъруфиҷаҳон чун падидаи беҳтарини мусолиҳаи миллӣ дар олам эътироф гардид. Мусаллам аст,ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо пешниҳоди созмонҳои сулҳхоҳибайналмилалӣ дар кишварҳои дорои хушунат мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар овони бесарусомониву якдигарнофаҳмиҳое, ки тақдир ба сари миллати мо бор кард, иқтисодиёту маънавияти миллату сарзамин зарари ҷиддӣ дид. Аммо баъди Иҷлосияи тақдирсози таърихии XVIШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус, баъди қабули Конститутсияи нав ва интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик, овони тамоман нав замони худшиносӣ, боҳамоӣ, масъулияти баланд,амалӣ сохтани нақшаҳои ҳаётан муҳим, давраи хеле масъулиятноки мустақилият фаро расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон савганди ёдкардаи худро дар назди халқи шарифи Тоҷикистон сарбаландона иҷро намуд.
О. Маҳмудовн.и.т., дотсент ва Ш. Ҳошимова н.и.т., муаллими калон