Ваъда додӣ, вафо кун!...
Вазъияти каме муташанниҷ, ки шоми 13 январ дар шаҳри Хоруғба амал омад, аксуламали гурӯҳи ҷинояткорони шаҳрро нишон медиҳад. Гурӯҳи лидерҳо ҳанўз 22-юми октябри соли 2018 аз тарафи мақомоти дахлдор огоҳ шуда буданд. Онҳо ӯҳдадор буданд, киягон амали ғайриқонунӣ содир намекунанд ва гуруҳҳои ғайриқонунӣ созмон намедиҳанд. Даст аз маводи мухаддирва силоҳ бозмедоранд. Онҳо ваъда дода буданд, ки сирф ба ягон кори мулкӣ, мисли тиҷорат машғул хоҳанд шуд.
Аммо, бино ба маълумоти Саидмансур Шоиқов, ҷавонони хоруғӣ пеши роҳи мошинҳои кормандони ВКД-рогирифтаанд. Ба ҳаракати ин мошинҳо ва иҷрои амалиёти хизматии онҳо монеъ шуданд. Албатта, ин амали ғайриқонунӣ бо роҳбарӣ ва нишондоди яке аз «лидерҳо» иҷро шудааст. Ҳатто, ин ҷавонон аз баҳсу саволу ҷавоби шифоҳӣ ягон хулоса набароварда, авбошӣ ва бетартибиро идома дода истодаанд. Дар натиҷа ҷароҳати хурдакак калон шуда, оқибат боиси тирпарронӣ аз яроқи травматикӣ шудааст. Агар аз аввал ин «лидерҳо» ба қавлашон истода, аз амалҳои номатлуб даст мекашиданд, ин гуна ҳодиса ваваҳму воҳимаба амал намеомад. Бинобар ин мақоли халқ мегўяд: - «Пеш аз омадани об роҳашро банд». Чаро ин ҷавонон ба чунин кирдори номатлуб даст заданд? Чунки инҳо «лидерҳо»-и худ, «роҳнамоҳо» - и худро доранд, ки мақсадашон муташанниҷ сохтани вазъият аст. Онҳо дар сар хаёли хом ва андешаи носолим доранд. Фикр намекунанд, ки кирдори онҳотанҳо дар гирду атрофи шаҳри Хоруғ маҳдуд намемонад. Ин кирдорҳои ғайриқонунӣ номи тамоми тоҷикро доғдор мекунад.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанўз моҳи октябр, дуруст таъкид карданд, дуруст супориш доданд, кидар ВМКБ тартибот ҷорӣ карда шавад, сулҳу оромӣ пойдор бошад. Ин садои қалби на танҳо Президент, балки садои қалби тамоми тоҷикистониёнбуд ва ҳаст. Дар урфият мегўянд, кидарди бадро давоми бад. Пас ин амалҳои ғайриқонунии як гуруҳ ҷавонони бадахлоқ сазовори ҷазои муносиб ва арзандааз тарафи Ҳукумат ва мақомоти корҳои дохилӣ аст. Онҳо бояд мувофиқи амалкарди худ ҷазо гиранд. Онҳо бояд фаҳманд, киимрўз Президент танҳо нестанд. Дар атрофи он кас мардуми Тоҷикистон муттаҳид аст ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро халқ дастгирӣ ва пуштибонӣ менамояд.
Гуруҳи эҷодии
рўзномаи «Нури маърифат»