Тоҷикистон нисбати ҲНИ
Дар Ватани азизамон Тоҷикистон барои тамоми шаҳрвандон новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбияту забон, ҳамаи имконияту шароити баробари иқтисодиву иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, озодии сухан ва виҷдон комилан муҳайё аст. Дар назди қонун касе набошад, ҳама баробар ҳастанд. Ба нафаре, ки ба он риоя накард, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда пурсиш мешавад.
...”Сабаб аз навиштани ин сатрҳо дар он аст, ки кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии он, аз ҷумла САҲА бо баҳонаҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳоиинсон аз Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ намуда истодаанд”
Рӯзҳои 16 -19 сентябр дар Варшава-пойтахти Лаҳистон ҳамоиши навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА) баргузор мешавад,ки ин бор низ дар кори он намояндагони аҳзоб ва созмонҳои оппозитсионии тоҷик ҳузур ва суханронӣ хоҳанд кард.
Чаро САҲА аз намояндагони ҲНИ пуштибонӣ мекунад, аз ин онҳо чӣ манфиат доранд? Барои онҳо фарқ надорад, ки дар Тоҷикистон кирдори эшон зарар меорад, ҷомеаро нотинҷ мекунад, ҷангу ҷадал мехезад ва аз ҳама асосиаш Тоҷикистонро бадному нотинҷ мекунанд.
Воқеаҳои солҳои 90-ум ҳоло аз хотири мардум нарафтаанд, куштор, сўхтор, ѓорату зўроварӣ халқро ба дод оварда буд, миллионҳо нафар гуреза шуданд ва хонаю дари худро партофта рафтанд. Ҳамаи инро онҳое эҳсос мекунанд, ки он азобу уқубатро чашидаанд. Аз нав чунин рўзҳои сахтро ба сари мардуми тоҷик кӣ овардан мехоҳад? Аз ин кӣ манфиатдор аст? Онҳое, ки ба курсӣ чашм ало мекунанд, вазифаталошанд. Чунин нафарон гумон мекунанд, ки боигарӣ, пулу чизро ҳамроҳашон ба он дунё мебаранд…
Мисол, дар яке аз ин навиштаҷоти мустаор муаллиф қайд мекунад, ки
кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба монанди САҲА роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро пуштибонӣ ва дастгирӣ мекунанд”. Ҳамаи ин ба онҳо чӣ лозим аст?
Фақат ба он ду се нафаре, ки Кабирӣ онҳоро харидааст...
” Айни ҳол САҲА ягона ташкилотест,ки дар Аврупо ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ имконияти иштирок дар ҷаласаҳо ва суханронӣ медиҳад.Маълум аст, ки чунин амали нодуруст ва нангинро ду-се шахси манфиатдори бо ТТЭ ҲНИ робитадошта, анҷом медиҳанд. Дар ин маврид мо тамоми роҳбарону кормандони САҲА-ро айбдор карданӣ нестем” -суханашро ҷамъбаст намадааст муаллифи навиштаҷоти мустаор.
Тахмин меравад, ки САҲА дар ҷамъомади Лаҳистон боз намояндагони ҲНИ-ро пуштибонӣ мекунад. Лекин аз ин чӣ суд, онҳо боз ба нияти худ намерасанд. Кайҳо вақти он расидааст, ки мардум пучро аз сара фарқ мекунад. Аксарият ба ин бозиҳои пасипардагӣ сарфаҳм меравад.
... ”Маротибаи аввал нест, ки САҲА намояндагони фаъоли ҲНИ-ро барои иштирок дар ҷаласаҳои худ даъват менамояд”...
Инчунин ҳодисаҳое, ки дар тамоми дунё ба вуқӯъ омадааст ва душманоне, киозодӣ, демократия ва ҳаёти осоиштаи Ватани моро дида наметавонанд, таҳдид менамоянд, мо аҳли ҷомеа онҳоро маҳкум мекунем. Бинобар ин ҳар як шаҳрванди Тожикистон бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадру қиммати ҳаёти осоиштарасад, ҳаракат намояд то дастовардҳои истиқлолиятро ҳимоя намояд.