Тири тӯҳматгароён ҳеҷ вақт ба нишон намерасад

Изҳороти саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Абдувалиева Н.Ю.

Дар давлати хориҷии барои мамлакати мо бегона на танҳо аз ҷиҳати забон балки аз ҷиҳати урфу одат ва ҳатто дин тамоман дур, ба қавли худ “миллатдӯстони содиқ”-и тоҷик – “муҳофизату мудофиакунандагони Тоҷикистон” ҳоло “гирдиҳамоӣ” барпо намуда, гӯиё “қаҳрамонии бузург” нишон дода истодаанд.

Мо соҳибватанон он гирдиҳамоии онҳоро маҳкум мекунем ва ҳеҷ гоҳ онро қаҳрамонӣ намешуморем. Барои онҳо яъне “ватандӯстон” на танҳо мо омӯзгорон - пешравони ҷамъият балки тамоми мардуми меҳнаткаши Тоҷикистони соҳибихтиёр, оддӣ бошанд ҳам механданд.

Худи Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровҳо барин ашхос ва думраву лагандбардорон ба ном озодии тоҷиконро мехостанд кӯранд. Номи Ватан ва Тоҷикистон барои онҳо дастаке барои бозӣ кардан бо думи шер мебошад. Онҳои “мӯҳтарам” худ медонанд, ки ноҳаққанд ва барои Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд бегонаанд.

Онҳои “азиз” яъне ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ дар Европа вақташонро бо ҳамин восита хуш гузаронида истода дар дил якчанд нақшаҳои дигар кашида истодаанд, ки ин навбат боз чӣ иғвою бӯҳтонҳо дар ҳаққи Тоҷикистони соҳибистиқлол созанд. Онҳо бо ин рафторҳои тӯҳматангези худ одат кардаанд. Пӯсти онҳо аз инкоргирии суханҳояшон ғафс гаштааст. Мақсад – пули бедардимиён аз хоҷагони мӯҳтараму хориҷиашон аст.

Пайравикунандагон ва ташкилкунандагони ин гирдиҳамоии ба қавлу худи онҳо бузург рӯихати кушташудагонро дар зиндони №3/3 шаҳри Хуҷанд хуб медонанд. Зеро онҳои “азизу мӯҳтарам” тактика ва дарсҳои исёнгарони ҳабсхонаи шаҳри Хуҷандротартиб дода тасдиқ намуда,дар амал татбиқ кунониданду аз ақиби он поиданд, ки халқ кирдори ношоистаи онҳоро дастгирӣ мекунад.Ҳайҳот, тири камони онҳо кундӣ кард ба нишон нарасид. Тири тӯҳматгароён ҳеҷ вақт ба нишон намерасад. Нишон ҳам медонад, ки тири киро қабул кунаду киро ғолиб гардонад.

Гирдиҳамоигарон мағлубанд ва мағлубанд!

Ҳоло нисфирӯзист дили “бечораи” гирдиҳамоигаронро гургон тала карда истодааст, зеро ягон тоҷики асил онҳоро дастгирӣ накарда истодааст. Баъди гирдиҳамоӣ онҳои ватандӯсти асил хун - хун гиря хоҳанд кард, зеро худ мақсаду мароми аниқе барои ин гирдиҳамоиашон надоштанд.

Гирдиҳамоигарон ва ташкилкунандагони онҳо дар тӯли солҳоизиёд давлати барпокардаи моро рахна зада наметавонанд. Зеро ба мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ менамояд, ки ин шахси бузург танҳо ва танҳо миллату Меҳани худро дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бо дастовардҳои чашмрасу ояндасозаш барқарор намуда, ба ҷаҳониён баъди якчанд асрҳои тӯлонӣ шиносонидааст. Пешвои мо шоёни тавсифу офарин аст, киинро худи душманони миллату ватани мо медонанду, вале оинаи айнакашон барои дидан хирагӣ мекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ