​ТЭТ ҲНИ САРЧАШАМАИ БУНЁДИ АҚИДАҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКСТОН

Дар солҳои охир дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз дасти гурўҳҳои тунрав ва ифродгаро нооримиву низоъҳо вусъат ёфта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми ниҳоят душвору пуртазод унвон гардид. Аз дасти ин ташкилотҳои террористӣ зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамла қарор дода шуда чандин кушта ва чандини дигарро маҷруҳ ва дур аз Ватану диёри худ гардонид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 27 соли Истиқлолияти давлати тавонист ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфта дар ҷомеаи ҷаҳони мавқеъи устувори худро муайян намояд. Аз давраҳои ташкилёбии мамлакат душманони миллати тоҷик бо сармуягузориҳои худ тавонистанд як гурўҳ гумроҳшудагон хоинони миллатро сарамъ созанд ва дини мубини Исломро ҳамчун ниқоби ин ташкилот истифода намоянд. Ин ташкилоти таъсис намудаи душманони миллат бо номи Ҳизби наҳзати Исломӣ унвон ёфта як муддати дароз тавонист дар дохили кишвар ҳамчун як ҳизби сиёсӣ фаъолияти пасипардагӣ бурда ба душманони миллат (хоҷагони хориҷӣ, ки ин ташкилотро сармоягузори менамуд) хизмат намоянд. Аз ҷониби мақомотҳои қудрати амалҳои хиёнаткоронаи ин афрод муайян ва инташкилот ҳамчун Ташкилоти экстремисти террористии Ҳизби наҳзати Ислом эълон карда шуда фаъолияти он дар мамлакат манъ карда шуд.Ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат тавонист дар фаъолияти худ аксари ҷавонони кишварро гумроҳ сохта ба сафи гурўҳҳои террористӣ, ки дар давлатҳои гуногуни олам фаъолият мебарандшомил намояд. Ин ҷавонҳои гумроҳ намудаи ТЭТ ҲНИ дар қатли гурўҳи одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сўзонидан ё тарконидани онҳо, вайрон валангор намудани макони таърихӣ ва ёдгориҳои азим, таҷовуз ба номуси болиғу ноболиғ ва ба монанди ин рафторҳои ғайриинсонӣ иштирок карда истодаанд. Аммо роҳбарони ин ташкилот дар шахсияти Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар кишварҳои Аврупо аз ин фаъолияти гумроҳшудагон ба сармуягузронашон (хоҷагони хориҷӣ) бо додани ҳисоботва ба даст овардани сармоя ба фаъолияти соҳибкориашон машғуланд. Ин хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ – ро миллати тоҷик ҳеҷгоҳ нахоҳад бахшид, зеро роҳбарони ташкилот чун Муҳиддин Кабирӣдар давлатҳои Аврупо мисли лошахуракҳо сайру гашт доранду модарони тоҷик аз доғи фарзанд азият мекашанд, кудакони гумроҳшудагон аз меҳри падару модар дур монда чаш ба роҳи волидонанд, ҳамсари ҷавон азоби зиндагиро барои тарбияи дурусти фарзандаш, ки пагоҳ мисли падараш нашавад ба дўши худ гирфтааст.

ТЭТ ҲНИ аз рўзҳои аввали фаъолияти худ танҳои барои халалдор кардани давлати миллати тоҷик амал кардааст далели ин гуфтаҳо ин ҷанги хонумонсўзи бародаркуш мебошад, ки бо дасти ҳамин ташкил карда шуда барои миллати тоҷик чи қадар вазниниҳоро ба миён овард. Имрўзҳои тамоми мардуми кишвар мехоҳанд роҳбарони ин ташкилот дар назди қонун ва миллати тоҷик ба ин хиёнаткориҳояшон ҷавоб дода бошанд ва дур нест он рўз, ки роҳбарони ин ташкилот ба нафрати халқу миллат гирифтор гардида хоҷагонашон аз онҳо рўй гардонад.

Хайёмиддин Исмоилов – мутахассиси шуъбаи тарбияи МДТ

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ